Аҳкоми бонувон(қисмати сеюм-Истиҳоза)

40

Истиҳоза

Дар баъзе ҳолатҳо зан хун мебинад, аммо ин хун на ҳайз аст ва на нифос, балки истиҳоза аст ва дар ин ҳолат намозу рӯзаро тарк намекунад.

С: Дар кадом ҳолатҳо хуне, ки зан мебинад истиҳоза аст?

Ҷ: Дар ҳолатҳои зер хуни берун омада истиҳоза аст:

1. Ҳар вақт хун берун ояд ва пеш аз гузашти се шабонарӯз қатъ шавад, истиҳоза аст;

2. Зане, ки бори аввал хун бубинад ва ин хун бештар аз 10 шабонарӯз идома ёбад, 10 шабонарӯзи аввал ҳайз ва рӯзҳои баъдӣ истиҳоза аст;

3. Зане, ки одат дорад дар камтар аз даҳ рӯз (масалан, 5 рӯз ё 7 рӯз ё 8 рӯз) хун бубинад, агар хун дар рӯзҳои баъд аз одат ҷараён кунад истиҳоза аст;

4. Зане, ки бори аввал таваллуд мекунад ва хунаш бештар аз 40 шабонарӯз идома ёбад, 40 шабонарӯзи аввал нифос ва баъд аз он истиҳоза аст;

5. Зане, ки чанд бор таваллуд карда ва одати нифосаш маълум бошад (масалан, 15 рӯз ё 25 ё 35), агар хун баъд аз одаташ биёяд истиҳоза аст;

6. Хуне, ки зани ҳомила дар рӯзҳои ҳамлаш мебинад истиҳоза аст;

7. Хуне, ки зани ҳомила дар ҳоли таваллуд пеш аз берун омадани тифл мебинад, истиҳоза аст;

8. Зане, ки сиқт кунад ва чизе аз аъзои он ошкор ва маълум набошад, хуне, ки берун ояд истиҳоза аст;

С: Ҳукми зане, ки дар ҳоли истиҳоза аст чист?

Ҷ: Ҳукми зане, ки дар ҳоли истиҳоза аст, монанди зани пок аст ва метавонад намозу рӯза ба ҷо оварад, ба масҷид дарояд ва тавофи Каъба кунад, Қуръон тиловат кунад, ба Қуръон даст занад ва бо ҳамсараш алоқаи ҷинсӣ намояд.

Агар хуни истиҳоза дар ҳоли ҷараён бошад, дар вақти ҳар намоз вузӯ мегирад ва бо гузаштани вақти намоз вузӯяш аз байн меравад ва бори дигар барои намози баъдӣ аз нав вузӯ мегирад.

Агар зане дар ҳоли истиҳоза намоз ё рӯзаро тарк карда бошад, ба ҷо овардани қазои онҳо воҷиб аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.