Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 7

41

Дарсҳое аз Наҳҷулбалоға – 7

Арзиши қаноат ва худкифоӣ

Қаноат сарватест поённопазир. (Ҳикмати 57).

(Ин сухан аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) низ нақл шудааст).

 Арзиши бахшиш

Аз бахшиши андак шарм надор, ки маҳрум кардан, аз он камтар аст. (Ҳикмати-67).

Робитаи дунё ва инсон

Дунё баданро фарсуда ва орзуҳоро тоза мекунад. Маргро наздик ва хостаҳоро дуру дароз месозад. Касе, ки ба он даст ёфт, хаста мешавад ва он ки ба дунё нарасад, ранҷ мебарад. (Ҳикмати 72).

Таваҷҷўҳ ба нобудии дунё

Ҳар чиз, ки шумурданӣ аст поён мепазирад ва ҳар чиро, ки интизор мекашидӣ, хоҳад расид. (Ҳикмати 75).

Дунёшиносӣ ва тарки дунё

Зарор ибни Зумраи Забоӣ аз ёрони Имом ба Шом рафта ба назди Муовия ворид шуд. Муовия аз ў хост аз ҳолоти Имом бигўяд; гуфт: Алӣ алайҳис-саломро дар ҳоле дидам, ки шабона дар меҳроб истода маҳосинро ба даст гирифта ба монанди шахси моргазида ба худ мепечид ва ғамгин мегиристу мегуфт:

Эй дунё! Эй дунёи ҳаром! Аз ман дур шав, оё барои ман худнамоӣ мекунӣ? Ё шефтаи ман шудаӣ, то рўзе дар дили ман ҷой гирӣ? Ҳаргиз! Ғайри маро бифиреб, ки маро нисбат ба ту ҳеҷ ниёзе нест, туро се талоқ кардаам, то бозгаште набошад. Даврони зиндагонии ту кўтоҳ, арзиши ту андак ва орзуи ту паст аст. Оҳ, аз тўшаи андак ва дарозии роҳ ва дурии манзил ва азамати рўзӣ қиёмат! (Ҳикмати 77).

Мизони арзиши инсонҳо 

Арзиши ҳар кас ба миқдори доноӣ ва тахассуси ўст. (Ҳикмати 81).

(Ин аз калимотест, ки қимат барои он тасаввур намешавад ва ҳеҷ ҳикмате ҳамвазни он набуда ва ҳеҷ сухане волоии онро надорад).

Роҳи ислоҳи дунё ва охират

Касе, ки миёни худ ва Худо ислоҳ кунад, Худованд миёни ў ва мардумро ислоҳ хоҳад кард ва касе, ки умури охиратро ислоҳ кунад, Худо умури дунёи ўро ислоҳ хоҳад кард ва касе, ки аз даруни ҷон воизе дорад, аз тарафи Худованд бар ў ҳофизе хоҳад буд. (Ҳикмати 89).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.