Дуо дар ҳаққи падару модар

127

Дуо дар ҳаққи падару модар

Эҳсон ва некӣ барои падару модар

Дуо нуқтаи авҷи розгуӣ ва ниёзхоҳии одамӣ бо Худост ва ошкоркунандаи эҳсосоти дарунӣ ва дархостҳои ботинӣ дар қолиби калимот аст.

Махсусан дуои фарзанд барои падару модар, ки нишондиҳандаи муҳаббати қалбӣ, зинда будани ёди онҳо дар дили фарзандон, қадршиносӣ ва вафодории фарзандон нисбат ба падару модар дар замони ҳаёт ва пас аз он мебошад.

Худованд фармудааст: ”Бигӯ Парвардигоро! Ҳамон гуна, ки онҳо маро дар кӯдакӣ тарбият карданд, машмули раҳматашон қарор деҳ”.

Аз ҳазрати Алӣ(к) нақл шудааст, ки фармуданд: “Бузургтарин ва муҳимтарин таклифи илоҳӣ – дастури илоҳӣ – некӣ ба падару модар аст”.

Дар ҳадиси мубораки дигаре аз Имом Содиқ(р) чунин нақл шудааст: “Бартарин корҳо иборатанд аз:

1 – намоз дар вақташ;

2 – некӣ ба падару модар;

3 – ҷиҳод дар роҳи Худованд”.

Аз беҳтарин мавриди эҳсон ба падару модар ҳамон дуо кардан дар ҳаққи падару модар аст.

Дуо барои умуми мӯъминон ва бахусус, падару модар, ба ҳар забон ва ҳар шакле, ки бошад, писандида ва хубу некӯст. Фарзандон метавонанд ба таносуби маълумоти худ ҳар навъ дуои хайреро дар ҳаққи волидайни худ дошта бошанд.

Дар вуҷуби некӣ ба волидайн ва дуои хайр барои онон, фарқе байни зинда будан ва баъд аз маргашон нест, яъне фарзанд вазифа дорад ҳамеша аз даргоҳи Парвардигор барои онон дуо ва истиғфор намояд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.