Иззатмандӣ

32

Иззатмандӣ

Иззатмандӣ чист?

Навҷавон ва иззатмандӣ

Иззатмандӣ ба маънои бузургворӣ, арҷмандӣ, бузургӣ ва доштани иззати нафс аст ва ҷавонону навҷавоне, ки худро бо ин сифатҳои инсонӣ биороянд, ба рушди иҷтимоии хубе хоҳанд расид.

Доштани иззатманӣ ба ҳадде муҳим ва зарурист, ки ин унсури калидӣ ва эътимодзо бояд аз даврони кӯдакӣ барои фарзандон ниҳодина шавад. Кӯдаке, ки биомӯзад, рамзи муваффақияташ дар ҳифзи иззати нафс ва тақвияти каромати инсонӣ аст, ҳеч гоҳ ба худ иҷоза намедиҳад, ки корҳое бар хилофи шахсияти худ анҷом диҳад, аз ин рӯ ҳам барои худ ва ҳам барои хонаводаи хеш эҳтиромро ба армуғон меоварад.

Ислом низ ҳамеша барои иззатмандии мусалмонон, ба умуре супориш кардааст, ки боиси афзоиши иззати мусалмонон ва дур шудани онҳо аз ҳақорату зиллат мегардад.
Бархе ҷавонон иззатро дар умуре монанди мақому сарват меҷӯянд, ғофил аз он ки иззатҳое, ки аз роҳи моддӣ ба даст меоянд, нопойдор ва ғайриқобили эътимод буда, инсонро танҳо аз иззати зудгузар ва ночиз бархурдор мекунад.

Пас иззати воқеиро бояд дар ҷои дигар ёфт; сарчашмаи тамоми иззатҳо Худованди Карим аст.

“Касе, ки бихоҳад иззат ва тавоноӣ биёбад, тамоми иззат ва тавоноӣ барои Худост”. (Сураи муборакаи Фотир, ояти 10).

Дар идома ба чанд нуктаи муҳим, феҳраствор ишора хоҳем кард, ки калиди иззатмандӣ дар онҳост:

1 – Итоат аз Худованд

2 – Басирату огоҳӣ

3 – Шуҷоату ғайрат

4 – Исору азхудгузаштагӣ

5 – Иффату покдоманӣ

6 – Бениёзӣ аз дигарон ва чашмпӯшӣ аз дунё

7 – Дурӣ аз бадрафторӣ ва фитнаҷӯӣ…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.