Эҳтироми дутарафаи байни ҳамсарон

60

Эҳтироми дутарафа байни ҳамсарон

Эҳтиром замоне муассир аст, ки аз ду тараф бошад. Махсусан, эҳтироми зану шавҳар нисбат ба ҳамдигар низ беҳтар аст, ки дутарафа бошад ва ҳарду ба ҳам эҳтиром гузоранд.

Дар таълимоти осмонии ислом ҳам, тавсияҳои арзишманди ахлоқии зиёде матраҳ шудааст, ки марбут ба баҳси эҳтиром мебошад.

Эҳтиром ва такрими якдигар аз омӯзаҳои ахлоқии дуҷониба дар равобити ҳамсарон аст. Яъне ҳамон тавре ки зан вазифа дорад ба шавҳари худ эҳтиром гузорад ва шаъну манзалати ӯро дар мақоми ҳамсар, мудири хонавода ва падари фарзандон риоят бикунад, мард низ мутақобилан бояд занро такрим кунад ва манзалати ҳамсарӣ ва модарии ӯро риоят кунад. Ҳар фарде ба шахсият ва манзалати хеш алоқаманд аст ва аз халшадор шудани он ранҷ мебарад. Дар партави такрим ва эҳтироми мутақобил, ҳудуд ва ҷойгоҳи афрод ҳифз мешавад ва латмае ба шахсияти онон ворид намегардад. Риояти ин асл (эҳтироми мутақобил) дар бораи ҳамсарон, ки ба таври табиӣ солиёни зиёде бо ҳамдигар унсу улфат ва муошират доранд, аҳамияти музоаф пайдо мекунад ва риояти он боиси истеҳком ва суботи бештари хонавода мегардад. Зану шавҳар ҳаргиз набояд ба далели иртибот ва унси зиёд бо якдигар, аз ин амр ғафлат дошта бошанд, балки ба далели ҳамин иртиботи зиёд муваззаф ҳастанд дар ҳол, шаън ва мавқеияти якдигарро дарк карда ва риоят кунанд.

Дар омӯзаҳои ҳаётбахши ислом, тавсияҳои арзишманде ба занон дар бораи такрими ҳамсар баён шудааст. Ривояте дар ин бора ворид шудааст: “Аз раҳмат ва мағфирати Парвардигор дур аст зане, ки шавҳари худро озору азият кунад ва саодатманд занест, ки шавҳари хешро икрому эҳтиром карда, азияташ накунад ва аз ӯ дар ҳамаи ҳолот итоат ва фармонбардорӣ намояд”.

Паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад(с) дар бораи икроми зан мефармоянд: “Касе, ки занеро ба ҳамсарӣ интихоб мекунад, бояд ӯро эҳтиром кунад ва манзалати ӯро ҳифз намояд”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.