Розу рамзи хушбахтӣ

27

Розу рамзи хушбахтӣ

Хушбахтӣ чист?

Рамзи хушбахтӣ чист?

Рамзи хушбахтӣ чист? Фаҳмидан, эҳсос кардан ва дарки хушбахтӣ барои расидан ба он, дар тамоми давронҳо ва замонҳо масъалаи аслӣ буду ҳаст.

Рози хушбахтӣ чист? Як инсони хушбахт бо инсонҳои дигар чӣ фарқе дорад?

Чӣ хусусиёте дорад ва чӣ тавр зиндагӣ мекунад?

Чӣ тавр ба хушбахтӣ расидааст?

Роҳҳои расидан ба хушбахтӣ

Мо инсонҳо, вақте худамонро бишносем, беҳтар дарк мекунем, ки ба чӣ чизҳое барои расидан ба хушбахтӣ ниёз дорем.

Дар идомаи матлаб, чанд маврид аз роҳҳои дарки хушбахтиро баррасӣ мекунем, ки метавонад моро ба расидан ба эҳсоси хушбахтӣ кӯмак кунад.

1 – Пайдо кардани шодӣ дар даруни худ

Дунбол кардан ва пайдо кардани он чизе, ки ҳоли моро хуб мекунад, фақат аз ӯҳдаи худамон бармеояд. Фақат худамон метавонем, ин ҳисро дар худамон биёбем. Зеро нусхаи шодии ҳар касе дар дасти худи ӯст ва бо гузинаҳои афроди дигар фарқ дорад.

Ҳар касе шодии худашро дар як чизе мебинад.

Шояд ман бо навохтан ё шунидани қитъае аз мусиқӣ ҳисси хубе дошта бошам, дигарӣ бо хондани китоб, фарди дигаре бо пайдо кардани шуғл ва кори муносиб ва дӯстдоштааш.

Бинобар ин, бояд он чизе ки ҳоли моро хуб мекунад, ҷустуҷӯ кунем ва ба чизе машғул бошем, ки барои мо шодӣ меоварад. Ин аввалин рози расидан ба эҳсоси хушбахтӣ дар инсонҳо ба шумор меравад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.