Рафтори муаддабона

45

Рафтори муаддабона

Рафтори муаддабона бо атрофиён

Бо инсонҳое, ки дар атрофи шумо ҳастанд ва шуморо пайравӣ мекунанд, эҳтиром гузоред ва аз адабиёти дуруст ва калимоти муносиб нисбат ба онҳо истифода намоед.

Калимоти номуносиб, алфози бад ва зиштро истифода набаред.

Бо дигарон рафтори таҳқиромез надошта бошед ва ба инсонҳо эҳтиром бигузоред то онҳо ҳам ба шумо эҳтиром гузоранд.

Рафторе, ки дигарон бо шумо доранд, оинаи амали шумост ва нишондиҳандаи рафтори худатон аст.

Инсонҳои муаддаб ва мӯҳтарам ҳамеша маҳбубият ва ҷаззобияти хоссе доранд ва дигаронро ба худашон ҷазб мекунанд.

Муаддабона ва мӯҳтарамона рафтор кардан яке аз муҳимтарин роҳҳои ба даст овардани маҳбубият дар назди дигарон аст.

Дар ривояте, ки аз Амиралмӯъминин Алӣ(а) нақл шудааст, чунин омадааст:

“Мардум ба адаби дуруст, ниёзмандтаранд, то ба тиллову нуқра”.

Ҳамчунин дар ривояти дигаре, аз Амиралмӯъминин омадааст:

“Нафси одамӣ бар беадабӣ сиришта шудааст ва банда фармон дорад, ки пойбанди адаби некӯ бошад. Нафси одамӣ бо тинати худ, дар майдони мухолифат метозад ва банда мекӯшад, онро аз хостаи норавояш баргардонад. Пас ҳар кас, инони нафсро раҳо созад, шарики табаҳкории ӯст ва ҳар кас нафси худро дар хостаҳояш ёрӣ расонад, дар қатли худ ҳамдасти нафс шудааст”.

Адаб мояи барҷаста шудан, саромад шудан ва сарватмандию саодат мебошад, чунон ки дар ривояти зер, ба ин маврид таъкид шудааст: “Адаб биомӯзед, зеро ки дар ин сурат, агар подшоҳ бошед, барҷаста мешавед, агар миёна бошед, саромад мешавед ва агар тангдаст бошед, бо адабатон гузарони зиндагӣ мекунед”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.