Ғизоҳои мобайниро ҷиддӣ бигиред!

121

Ғизоҳои мобайнӣ ё ғизоҳо ва хурокиҳое,ки дар байни субҳона ва  хуроки чошт ё нисфирӯзӣ ва  шом,монанди асрона истеъмол мешаванд   ба шароити ҷисмӣ  ва навъии  зиндагии шахс вобаста аст  ва кудакон,навҷавонон ва варзишкорон бояд ҳатман ин гуна хурокҳоро  дар барномаи  ғизоии худ дошта бошанд.
Доктор Ҳамиди Абдӣ, мутахассиси соҳаи хурокворӣ  бо баёни аҳамияти  ғизоҳои мобайнӣ    дар барномаи  ғизоие, ки муҷиби контроли  қанди хун мешавад афзуд: Панҷ  бор хурдан  дар рӯз тавсия мешавад, ки  субҳона ва  хуроки чошт ё нисфирӯзӣ ва  шом ва ду ғизое аст,ки дар ҳар бор бояд миқдори  камтари ғизо масраф намуд ва беҳтарини онҳо  шир ва мева аст ва хурдани қаймоқ,шоколад ва маводи ғизоии вазнин  тавсия намешавад.
Вай хотирнишон кард беҳтарин асрона меваҳо ҳастанд ба шрте ки ба андоза масраф шавад ва меваҳое, ки  ранги пусташон пур  ва  ширин ҳастанд муносибтаранд.
Абдӣ тавсия кард: Ғизоҳои мобайниӣ ба ҳама гуруҳҳои синнӣ ба хусус модарони бордор ва ширдеҳ ва баччаҳои хурдсол ва беморони диабетӣ ва дучори касалии  зоб  тавсия мешавад ва ба серӣ  ғизои  мобайнӣ хурда нашавад, зеро шахс дигар шом  намехурад ва боиси коҳиши  қанди хун мешавад.
Вай дар идома гуфт: Ғизоҳои мобайнӣ барои ашхоси  лоғар мутафовит аст ва онҳо бояд аз шири серравған,қаймоқ,торт,асал ва  бодоми  заминӣ  истифода кунанд.

Бояд 4 соъат баъд аз ғизо хурдан дар нисфирӯзӣ  ғизои мобайниро дар барномаи ғизоии худ қарор диҳем.
Абдӣ дар поён гуфт: Агар фосилаи байни ғизоҳо риоя  гардад қанди хун танзим  ва амалкарди зеҳн беҳтар мешавад ва шахс дертар хаста мешавад ва асабонӣ намешавад ва вокуниши руҳии муносибтаре дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.