Ҳикояти шоҳзодаи хашмгин

24

Ҳикояти шоҳзодаи хашмгин

Достонҳое аз Гулистони Саъдӣ

Яке аз писарони Ҳорун Аррашид бо хашм назди падар омад ва гуфт, ки фарзанди фалон сардор ба модарам дашном дод. Ҳорун аз сарони кишвар пурсид, ки бояд бо ӯ чӣ кунем?

Яке аз вузаро гуфт: Бояд ӯро бикушем!

Дигарӣ гуфт: Бояд забонашро бурид! – ва сеюмӣ гуфт, бояд тамоми молу мулкашро мусодира кунем.

Ҳорун гуфт: Эй фарзандам, шарти ҷавонмардӣ он аст, ки ӯро бибахшӣ. Вале агар наметавонӣ ин корро бикунӣ, ту ҳам ба ӯ дашном бидеҳ, аммо на он қадар, ки интиқом гирифтани ту аз ҳад бигзарад. Зеро дар чунин ҳолате ту зулм кардаӣ ва ҳақ бо ӯ хоҳад буд.

Хирадмандон гуфтаанд: Мард касест, ки ҳангоми хашм ҳам битавонад забонашро нигаҳ орад.

На мард аст он ба наздики хирадманд

Ки бо пили дамон пайкор ҷӯяд

Бале, мард он касест, аз рӯи таҳқиқ

Ки чун хашм омадаш, ботил нагӯяд.

(Гулистони Саъдӣ, боби аввал, “Дар сирати подшоҳон”, соданависии ҳикояти сию чаҳорӯм).

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.