Чӣ гуна маҳбуби қалбҳо бошем?

24

Чӣ гуна маҳбуби қалбҳо бошем?

Чӣ корҳо боиси маҳбубиятамон мешавад?

Роздорӣ

Яке аз роҳҳое, ки моро дар назди дигарон иззатманду маҳбуб мегардонад, роздорӣ аст.

Агар шахсе ба мо бовар кард ва дар бораи масоили хусусиаш бо мо сӯҳбат кард, дар баробари ин кор, аз мо интизор дорад, ки амонатдорӣ кунем ва асрори зиндагии шахсии ӯро пеши дигарон бозгӯ накунем.

Қадами аввал барои ба даст овардани маҳбубият, мавриди эътимод будан аст, яъне дигарон ба мо бовар дошта бошанд, ин ки тавре рафтор кунем, ки ба унвони инсони қобили эътимод, нисбат ба мо ва дӯстии  мо ҳисоб кунанд.

Ҳимоятгар бошем

Ҳамаи одамон дар рӯзҳои хуш ва лаҳзаҳои хуш дар канори ҳамдигар ҳастанд, аммо фақат баъзе аз афрод дар рӯзҳои сахт ва мушкилот аз ҳамдигар ҳимоят мекунанд.

Агар дар паи маҳбубият ҳастем, бояд саъй кунем, ҳомии атрофиёнамон бошем ва нисбат ба онҳо ва зиндагиашон бепарво набошем.

Албатта ҳимоят ҳамеша молӣ ва пулӣ нест ва бисёре аз инсонҳо дар мушкилоташон ниёз ба ҳимоятҳои маънавӣ доранд ва ин ки бидонанд, шумо дар ҳар шароите канори онҳо хоҳед буд.

Хоксору мутавозеъ ва фурӯтан бошем

Мутавозеъ ва фурӯтан бошед ва худнамоӣ накунед. Замоне ки дар ҷамъе ҳузур пайдо мекунед, саъй кунед гарму самимӣ бархурд кунед ва рафторҳои иғроқомез ва худписандона, барои ҷалби таваҷҷӯҳ, анҷом надиҳед.

Инсонҳо ҷалби тавозӯъ ва содагию самимияти шумо мешаванд ва ниёзе нест, ки бо рафторҳои номутаораф ва ғариоддӣ худнамоӣ кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.