Субҳона тухми мурғ бихуред

118

Сер нигаҳ доштани тӯлонӣ , коҳиши вазн , таъмини протеин , рушди мағз ва ҳофиза , ҳифозат аз биноӣ , арзонқимат будан ва афзоиш надодани сатҳи холестрин ҳафт далеле аст барои хурдани тухми мурғ дар навбати хуроки субҳона аст.

Ба гузориши бошгоҳи хабарнигорон  тухми мурғ  муддати бештаре аз ҷуворимаккаи омода(Флекс) ва нони хушккардашуда(сухарӣ) инсонро сер нигаҳ медорад ва протеин ва чарбӣ дар тухми мурғ ба афзоиши энержӣ(неру) кумак мекунед.Ба ин тартиб масрафи тухми мурғ дар навбати субҳона сабаб мешавад, ки инсон муддати бештаре эҳсоси серӣ кунад. Ба гуфтаи муҳаққиқон перомуни яке дигар аз далилҳои масрафи тухми мурғ дар субҳона метавон ба коҳиши вазн ишора кард. Як таҳқиқи оморӣ нишон медиҳад афроде, ки дар навбати субҳона тухми мурғ масраф мекунанд , дар муқоиса бо афроде ки субҳона нони ширин масраф мекунанд , эҳтимоли коҳиши вазни бештаре доранд.

Коршиносони соҳаи хурокворӣ мегуянд тухми мурғ аз комилтарин манбаъҳои протеин аст. Ба ин маънӣ ки тухми мурғ дорои дорои  аминокислотаҳое аст, ки бояд дар режими ғизоӣ ба даст оварем.Тухми мурғ дар муқоиса бо маводи муфид ва нерубахши дигари саршор аз протеин монанди гушти ҳайвонӣ арзонтар аст.

Тухми мурғ дорои миқдори қобили таваҷҷуҳи холестрин  аст, аммо ин тасаввури қадимӣ ки холестрини  дарёфтӣ аз ғизо хурдан сабаби афзоиши холестрини хун мешавад , рад шуда аст. Ба ин тартиб дигар набояд аз хурдани тухми мурғ  ба хотири афзоиши эҳтимоли бемории дил эҳсоси нигаронӣ кунед.

Моддаи нерубахши ва муфиди колин дар тухми мурғ  сабаби рушд ва амалкарди мағзи сар, тақвияти ҳофиза ва ҳушёрӣ мешавад . Антиоксидҳои тухми мурғ  аз чашмҳо дар муқобили тобиши  нурҳои ултрабунафш муҳофизат мекунад ва ҳамчунин дар коҳиши оби марворид дар даврони пирӣ таъсирбахш аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.