Беҳтарин нушиданиҳо ва хурокиҳо барои ифтор

65

Ифторӣ  аз  бахшҳои муҳими  ғизоии моҳи мубораки  Рамазон аст, ки  дар он мусалмон пас аз шунидани  азони мағриб бо хурдани  хурокиҳо ва ошомиданиҳои мухталиф рӯзаи  худро мекушояд.
Имрӯз  бисёре  аз хонаводаҳо ифторро ба  шом(ужин)   васл мекунанд ва ҳамзамон бо ифтор навъҳои гуногуни  ғизоҳои замонавиеро, ки  ағлаб бо биринҷ  ҳамроҳ аст, истеъмол  мекунанд. Бисёре аз мутахассисони  илми тағзия  бар  ин боваранд,ки  ин равиши   дурусте  нест ва якбора  хурдани     миқдори зиёди ғизо ба иборате  барои аъзои ҳозима,ба вижа дар фасли тобистон ,ки   соъатҳои рӯза   тулонитар аст, бисёр зараровар  аст.Бинобар  ин беҳтар  аст барои кушодани  рӯза дар ифтор ва сарфи шом  ва байни ин ду навбати  ғизоӣ замонбандӣ кард,то  дар фурсатҳои  мухталиф ва бо фосила истифода шаванд.
Бар  ин асос беҳтар  аст ифторро бо нушидании гарм; мисли оби ширгарм  ва чой (на чои маъмулӣ, балки навъҳои гуногуни    чои гиёҳӣ ) шуруъ кард, то системаи  ҳозима  баъд аз муддати тулонӣ якбора фаъолияти  шадид  надошта бошад.
Сипас бо хурдани  хурокиҳое  ҳамчун гулкарам, карафс(селдерей), карами  брокколи, нахуди фаранги, зардҷома(зардак) ва картошка  ба шакли  обпаз ва ба мизони кам  аъзои ҳозимаро бояд  омода кард. Ҳамчунин хурдани  хурокиҳое  ҳамчун хурмо, панир, сабзӣ(кабудӣ), ҳалво   ва асал ба мизони кам тавсия мешавад.
Илова бар  ин хурдани  меваҳое  ба ҷуз ангур, харбуза, ҳандалак ва тарбуз  дар   ифтор муфид аст ва дар айни  ҳол  метавон  аз навъҳои гуногуни  шурбо ,атола ва ширбиринҷ  истифода кард.
Хурдани  об низ бояд бо эҳтиёт бошад ва дар  ин замина беҳтар  аст оби  сард ба якбора хурда  нашавад.
Хурдани  мавиз, тут, равғани зард ва асал, қаймоқ  ва асал ва тухми   обпаз  низ муносиб аст, зеро  ин мавод монеъе  дар хурдани шом  нестанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.