Фоидаҳои гуруснагӣ чист?

76

Гуруснагӣ дар динҳои мухталиф аз ҷумла ислом, яҳудият ва масеҳият  ҷузъи рукнҳои аслии фаризаи рӯзадорӣ ба ҳисоб меояд ва фоидаҳои  зиёде дар ҷиҳати такмили нафс ва шинохти Худованд барои инсон дорад.
Дар хусуси фоидаҳои ҷисмӣ ва равонии рӯзадорӣ дар матнҳои  мухталиф бисёр сухан гуфта шудааст.
Ҳазрати  Алӣ (а) дар бораи фоидаҳои руҳии ин амал мефармоянд: Гуруснагӣ кашидан чи неку ёрие барои покдоманӣ аст.
Ҳамчунин аз он ҳазрат нақл шудааст, ки фармуданд : Гуруснагӣ кашидан чи неку ёридиҳандае бар саркашии нафс ва шикастани одати он аст.
Паёмбари худо (с) низ дар хусуси фоидаҳои руҳии гуруснагӣ мефармоянд : Шайтон дар даруни одамизода ба сони хун ҷараён меёбад; гузаргоҳҳои ӯро бо гуруснагӣ танг кунед.
Ҳамчунин дар девони мансуб ба ҳазрати Алӣ (а) чунин нақл шудааст, ки худро гурусна бидор, ки гуруснагӣ аз осори парҳезгорӣ аст, он ки замони дарозеро гуруснагӣ кашид, саранҷом рӯзе (рӯзи қиёмат) сер хоҳад шуд.
Дар ҳадиси меъроҷ низ равояти ҷолибе омадаст, ки паёмбар (с) дар шаби меъроҷ аз парвардигори худ хост ва чунин гуфт :Парвардигоро маро ба коре  роҳ намой, ки бо он ба ту наздик шавам.
Парвардагор фармуд : Шабатро рӯз ва рӯзатро шаб бидор.
Пурсид: Парвадигоро чигуна чунин тавон кард?
Фармуд: Хоби хешро намоз, хуроки хешро гуруснагӣ қарор  бидеҳ.
Эй Аҳмад ба иззату  ҷалолам савганд ҳеҷ бандае бароям чаҳор чизро тазмин намекунад магар ин ки ӯро ба биҳишт дар меоварам: Забон фуру бандад ва онро ҷуз бадончи ба вай марбут аст нагушояд, дили хешро аз васвасаҳо ҳифз кунад, огоҳии ман  аз ӯ ва инро, ки ӯ дар зери нигоҳи ман аст пос бидорад ва нури дидааш дар гуруснагӣ бошад.
Эй Аҳмад кош ширнии гуруснагӣ, сукут, хилват ва он чиро аз он ба ирс бурдаанд чашида будӣ!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.