Падар! Талоқ чист?

211

Дар ин савол кадом масъалаҳо вуҷуд дорад?

Мушкил дар ҳар робитае ба вуҷуд меояд; ёд гирифтани ин нуктааст, ки падару модар ҳамеша беҳтарин дӯстони ҳам нестанд, дарсе дар бораи зиндагӣ ба кӯдаки шумо медиҳад. То замоне, ки ӯ аз ишқи мутақобили шумо мутмаин аст, хаёлаш роҳат аст, аммо вақте барои аввалин бор мефаҳмад, ки робитаи шмо бо ҳам бад шудааст, мумкин аст эҳсос кунад тамоми дунёяш ба ҳам рехтааст ва дигар инки агар натавонад ба падару модараш такя кунад, пас ба дигарон ҳам наметавонад бовар кунад. Кӯдакон дар чунин мавқеият эҳсоси ноамнӣ мекунанд ва мумкин аст ба рафтори даврони хурдсолӣ бозгарданд, барои итминон даст ба шайтанат ва шарорат ва ҷалби таваҷҷуҳ мезананд ва тақрибан ҳамеша худро ба хотири ончи, ки иттифоқ афтодааст, сарзаниш мекунанд.

Роҳнамоиҳое барои посухҳои шумо

Агар бо ҳамсари худ дучори ихтилоф шудаед, ба кӯдакатон итминон диҳед, ки ҳар чанд бо ҳам тавофуқ надоред, аммо ҳар иттифоқе ҳам, ки биафтад боз ҳам ӯро дӯст хоҳед дошт. Агар дар ҳоли рафъи кудурат ва оштӣ ҳастед, кӯдакатонро низ дар ин масъала дахолат диҳед, то ҳамаи аъзои хонавода бо якдигар эҳсоси ҳамбастагӣ кунанд.

Ҷудоии шумо доимӣ бошад ё муваққатӣ, бисёр зарурӣ аст, ки кӯдаконатон дар бораи ояндаи худ эҳсоси амният кунанд. Бинобарин ба онҳо итминон диҳед, ки бо инки падар ё модар аз онҳо дур шудааст, боз ҳам дар амният хоҳанд буд.

Кӯдакон ағлаб дар бораи чизҳое нигарон мешаванд, ки ҳаргиз ба зеҳни мо намерасад, масалан инки чӣ касе онҳоро ба мадраса хоҳад бурд. Ҳамеша аз онҳо бипурсед аз чӣ чизе нигаронанд, ҳамеша ҳақиқатро тавре ба онҳо бигӯед, ки битавонанд бифаҳманд ва агар ба андозаи кофӣ бузург шудаанд, онҳоро аз ончи, ки иттифоқ меафтад, огоҳ кунед. Ҳаргиз онҳоро то лаҳзаи охир беиттилоъ нагузоред.

Посухҳои ин қисмат аз назари падаре, ки дар ҳоли ҷудоӣ аз ҳамсараш аст, баён шудааст. Дар сурати лузум онҳоро тавре танзим кунед, ки муносиби мавқеияти шумо шаванд.

 Чӣ чизҳои дигареро бояд бидонед

Кӯдаки шумо паёмҳои отифиро ҷазб мекунад. Агар шумо ғамгин ҳастед, эҳтимолан ӯ низ ғамгин хоҳад шуд.

Кӯдакон ниёз доранд, ки дар бораи талоқ ва ҷудоӣ бо онҳо сӯҳбат шавад. Агар онҳоро дар бехабарӣ нигоҳ доред, эътимод ва эҳтироми онҳоро аз даст хоҳед дод.

Фикр накунед кӯдаки шумо аз ончи, ки дар ҷараён аст огоҳ нахоҳад шуд, ё саъй накунед ҳисоре ба давре ӯ бикашед. Зеро агар кӯдак фақат бахше аз моҷароро бидонад эҳсоси ноамнӣ хоҳад кард.

Агар зиндагии заношуиро тарк мекунед бояд ба кӯдакатон бигӯед, ки ишқатон ба ӯ бар ҷои худ боқӣ аст ва зиёд ӯро мулоқот хоҳед кард ва ба ӯ нома хоҳед навишт. Агар имкон дорад, таърихи мушаххасеро барои мулоқот бо ӯ таъйин кунед ва ҳаргиз бадқавлӣ накунед.

Падарбузургҳо ва модарбузргҳо, тамоми аъзои фомил ва дӯстони наздик метавонанд бо сарзаданҳои мудовим ва кумак ба ҳифзи барномаҳои рӯзонаи кӯдак, нақши бисёр муассире дар итминон бахшидан ба кӯдак ифо кунанд ба ӯ ин умедро бидиҳанд, ки хонаводаҳо ҳанӯз вуҷуд доранд ва ба ӯ ишқ меварзанд.

Соири чизҳое, ки мумкин аст кӯдак аз шумо бипурсад

Чаро шумо бар сари ҳам фарёд мекашед?

Оё ин корҳо ба ин маъност, ки падару модар дигар маро дӯст надоранд?

Чаро ишқ миёни одамҳо аз байн меравад?

Оё ман айб дорам?

Оё падару модар боз хоҳад гашт?

Посух барои синҳои 4-2

Падару модар аз ҳам хашмгин ҳастанд, бинобарин шояд модар тасмим бигирад, ки муддате хонаро тарк кунад ва ҷои дигаре зиндагӣ кунад. Модар аз инки наметавонад пеши ту бимонад воқеан нороҳат аст, аммо мо ҳанӯз ҳам туро хеле дӯст дорем ва ҳамеша ҳам ҳамин тавр хоҳад буд. Модар то ҷое, ки битавонад ба дидани ту хоҳад омад, ҳаддиақал ҳафтае як бор.

Посух барои синҳои 4-6

Дар ҳоли ҳозир падару модар аз ҳам дилгир ҳастанд ва хобидан пеши касе, ки одам аз ӯ асабонӣ аст кори мушкил аст. Баъзе падару модарҳо ҳамеша то абад канори ҳам намемонанд. Баъзе вақтҳо онҳо мефаҳманд, ки дигар ҳамдигарро дӯст надоранд. Тарк кардани ту барои модар коре сахте аст, чун ҳанӯз ҳам туро дӯст дорад, аммо ҳар ҳафта ба дидани ту хоҳад омад. Ёдат бошад, ки дар ин кор ту гунаҳкор набудӣ.

Посух барои синҳои 8-6

Дар ҳоли ҳозир падару модар ҷудо аз ҳам зиндагӣ мекунанд. Мо дар бораи баъзе чизҳо бо ҳам тавофуқ надорем ва дӯст надорем доиман аз ҳам асабонӣ бошем, ба хусус, ки медонем ин масъала туро нороҳат мекунад. Мо қасд дорем дар бораи ҳама чиз ба диққат фикр кунем, то битавонем дубора бо ҳам зиндагӣ кунем, аммо шояд дар ин кор муваффақ нашавем. Шояд бо вуҷуди тамоми саъй ва талошамон ба ин натиҷа бирасем, ки дигар ҳамдигарро дӯст надорем ва наметавонем бо ҳам зиндагӣ кунем. Модар ҳанӯз туро дӯст дорад ва ин масъала тақсири ту нест ва гуноҳе надорӣ. Иллати инки модар хонаро тарк мекунад ин нест, ки ту кори баде кардӣ. Ман пеши ту мемонам ва аз ту нигаҳдорӣ мекунам, модар ҳам ҳар ҳафта ба дидан ту хоҳад омад.

Посух барои синҳо 11-8

Хавотирҷаъм бош, ки ман ва модарат барои давом додани зиндагӣ бо ҳам, ҳар коре, ки метавонистем анҷом додем. Мо намехоҳем бачаҳоямонро нороҳат кунем ва дӯст доштем метавонистем боз ҳам бо шодӣ дар канори ҳам зиндагӣ кунем, аммо натавонистем. Ман ва модарат дигар ҳамдигарро дӯст надорем ва ин ҳаққи модари туст, ки саъй кунад зиндагии ҷадидеро шурӯъ кунад. Ӯ ҳамеша туро дӯст хоҳад дошт ва ба дидани ту хоҳад омад ва бо ҳам ба таътилот хоҳед рафт. Рафтани ӯ тақсири ту нест ва ту ҳаргиз дар ин бора гуноҳе надорӣ. Ӯ худаш мехоҳад биравад. Мо дигар бо ҳам зиндагӣ намекунем ва аз ҳам ҷудо хоҳем шуд. Ин ба ин маъност, ки мо дигар зану шавҳар нестем, аммо барои ҳамеша падару модари ту хоҳем буд. Мумкин аст баъд аз ин ҳам корҳоеро бо ҳам анҷом диҳем, масалан бо ҳам ба синамо биравем ва баъд аз он ҳам дар берун ғизо бихӯрем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.