Ғайбат дар аҳодис

110

Ғайбат дар аҳодис

Расули Акрам(с) дар мавриди ғайбат кардан фармудаанд:

“Барҳазар бош ва аз ғайбат кардан бипарҳез! Гуноҳи ғайбат аз гуноҳи зино ба маротиб бузургтар аст!”

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст, ки фармуданд:

“Ғайбат кардан бар ҳар мусалмоне ҳаром аст. Ғайбат монанди оташест, ки ҳезумро бо ҳирсу валаъ мехӯрад ва ҳасаноти инсонро ба куллӣ аз байн мебарад”.

Паёмбари Акрам(с) фармудаанд:

“Касе, ки мӯъминеро ғайбат кунад, гӯё аз рӯи амд, касеро ба қатл расондаааст”.

Амиралмӯъминин Алӣ(а) дар ривояте фармудаанд:

“Касе, ки ғайбатро гӯш медиҳад, дар гуноҳ, монанди ғайбаткунанда аст”.

Паёмбари гиромии ислом(с) фармудаанд:

“Худдорӣ аз ғайбат кардан, дар назди Худованд, аз даҳ ҳазор ракъат намози мустаҳаббӣ маҳбубтар аст”.

Аз Амиралмӯъминин Алӣ(а) нақл шудааст:

“Касе ки ғайбат мекунад, манфуртарини халқ дар назди Худованд аст”.

Инчунин аз Алӣ(а) нақл шудааст:

“Дурӯғ мегӯяд, он кас, ки иддао мекунад, ҳалолзода аст, дар ҳоле ки кораш ғайбат кардан ва хӯрдани гӯшти мурда аст”.

Аз Имом Содиқ(а) нақл шудааст:

“Суръати асари ғайбат, дар вайронии дину имон, беш аз асари вайронкунандаи ҷузом дар бадани инсон аст”.

Ҳамчунин аз Имом Содиқ(а) дар ривояти дигаре омадааст:

“Ҳар касе дар маҷлисе монеъ аз бадгӯӣ ва ғайбати бародари динии худ шавад, Худованд ҳазор боб аз шарри дунё ва охиратро аз ӯ боз хоҳад дошт”.

Дар ривояти дигаре аз Имом Содиқ нақл шудааст:

“Касе, ки дар назди ӯ, аз бародари мӯъминаш ғайбат шавад ва ӯ битавонад вайро ёрӣ кунад ва дафъи ғайбат намояд, вале ин корро накунад, Худованд ӯро дар дунё ва охират хору дармонда хоҳад намуд”.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.