Ҳусни муошират

53

Муошират ва мусоҳибати неку ҷилваи аз ахлоқи ҳасана аст, ки  Паёмбари акрам (с) фармуд:

Барои итмом ва расо кардани ахлоқ мабъус шудааст, дар мобайни сифатҳо ва вижагиҳои паёмбар Қуръони карим бар ахлоқи он Ҳазрат такя карда аст  ва он ро (ХУЛҚИ АЗИМ) хондааст: ( Cураи Қалам, ояти 4).

Гуфтор ва рафтори он Ҳазрат намуна  ва улгӯи ахлоқ дар ҷомеа ва намунаи амалӣ  ва хӯшхулқӣ, кушодарӯӣ, эҳсон, муҳаббат, авфу гузашт, сухан гуфтан ва муъоширати ӯ бо ҳамсаронаш ҷилваҳои зебо аз таҷаллии пасандидаи ахлоқ буд.

Он бузургвор аз бархе наздиконаш  озор медид вале ҳеҷгоҳ ононро  озор  надод ва бо беҳтарин рафтору гӯфтор бархурд мекард бо вуҷуди ин ки,  аксари занони Расули Худо солхурда, ятиму бева буданд ахлоқҳои мутафовите доштанд, аммо ҳамонгунае, ки Қуръони карим фармундодааст: (Сураи Нисо ояти 19) Муоширати Паёмбари акрам(с) бо онон некӯ ва табиӣ буд ва  баъзе вақтҳое, ки онҳо бадрафторӣ мекарданд ҳатто асҳоби Паёмбар аз рафтори онҳо нороҳат мешуданду мегуфтанд: Ё Расулаллоҳ ! онҳоро раҳо кунед Пайёмбар мефармуданд: Нороҳатӣ ва бад рафтории занонро бояд дар канори нуқтаи мусбат ва камолоти онон ҳисоб кард ва набояд инсон ба хотири нороҳатӣ ва бад рафторӣ ҳамсари худро раҳо кунад.

Ҳазрати Оиша(рз) ҳамсари Паёмбари акрам(с) мегуяд: (Расми Паёмбар ин буд ки, ҳеҷ яке моро бар дигари таҷеҳ намедод бо ҳама ба адолат ва мусовӣ ва баробар рафтор мекард рӯзе набуд, ки Паёмбар(с)  ба ҳамаи занонаш сар назанад ва аз онҳо дилҷӯӣ накунад   навбати ҳар касе, ки буд шабро дар хонаи ӯ ба сар мебурд, агар дар вақти навбати яке аз зани дигараш буд ва мехост назди зани дигараш биравад аз ӯ расман иҷозат мегирифт, агар иҷозат медод мерафт вагарна намерафт, ман шахсан интавр будам, ки ҳар вақте аз ман иҷозат мехост ман иҷозат намедодам.

Зиндагӣ саросар муҳаббати Амирулмуъминин (кр) ва Ҳазрати  Заҳро(рз) намунаи аз зиндагии ошиқона, бо муҳаббат ва ҷилваи муошират ҷамили ҳамсарон мебошад.

Ҳазрати Алӣ дар тавсифи ин фазои бо муҳаббат  мефармояд: То рӯзе ки Худованди мутаол рӯҳи Ӯро гирифт; на ман ӯро ғазабнок кардам ва на ба иҷбор ба коре маҷбур намудам ва ӯ нӣз маро ҳеҷ вақт ғазабнок накард ва дар ҳеҷ амри маро нофармонӣ нанамуд; ҳар гоҳ ба ӯ нигоҳ мекардам тамоми ғамҳо ва нороҳатиҳоям аз байн мерафт.

Ҳазрати Фотимаи Заҳро (рз) гоҳе ҳазрати Алӣ (кр) ро (писар амак) садо мезад, ки ингуна садо задани ишон аз буъди отифӣ қавитар аст; он бонӯи  бузургвор онқадар ба шавҳараш алоқа дошт, ки ҳатто баъд аз вафоташ ҳам  намехост дили шавҳараш биранҷад лизо васият кард ки аз зери пироҳанам ғуслам деҳ.

Бо тавваҷуҳ ба нақши калидӣ (Ҳусни муошират) дар зиндагӣ  ба бархе аз супоришҳои хонадони Расули акрам(с) ба баъзе нукот ишора мекунем .

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.