Инсонҳои маҳбубу дӯстдоштанӣ чӣ хусусиёте доранд?

24

Инсонҳои маҳбубу дӯстдоштанӣ чӣ хусусиёте доранд?

Кадом хусусиёт ва вижагиҳо инсонро маҳбубу дӯстдоштанӣ мекунад?

Рози инсонҳои маҳбуб чист?

Чаро баъзе одамҳоро ҳама дӯст медоранд?

Дар мавриди инсонҳои маҳбубу дӯстдоштанӣ сӯҳбат мекунем. Онҳо хусусиёте доранд, ки ба сабаби доштани ин хусусиёт, мавриди қабули ҳамагон қарор гирифтаанд ва ҳама дӯсташон доранд. Ҳоло рози ин афрод чист?

Онҳо инсонҳои бисёр хунгарме ҳастанд. Онҳо метавонанд фазои муҳитеро, ки дар он ҳастанд, ба фазои бисёр шод табдил кунанд ва лабханд ба лабони дигарон ҳадя кунанд.

Шояд шумо ҷузъи афроде бошед, ки хиҷолатӣ ҳастанд ва наметавонанд ба роҳатӣ бо дигарон иртибот бигиранд. Аммо бо ин ҳол, мехоҳед қавитар бошед ва ин равия тағйир кунад. Мехоҳед рӯи дигарон таъсири хубу мусбат дошта бошед ва мардум шуморо дӯст дошта бошанд.

Дар ин навишта вижагиҳои одамҳои дӯстдоштаниро бароятон муаррифӣ мекунем, шояд битавонед онҳоро ба кор бигиред ва ба мақсади худ бирасед.

Инсонҳои маҳбубу дӯстдоштанӣ мутавозеъ ҳастанд

Инсонҳои хубу дӯстдоштанӣ мутавозеъ ҳастанд ва худписандӣ ва худбинӣ дар онҳо дида намешавад.

Дуруст аст, ки ҳамаи мо мехоҳем қавӣ ва боэътимод ба нафс дида шавем ва дигарон дар чеҳраи мо як инсони худбоварро бубинанд ва ба ҳамин манзур, сарамонро боло мегирем, софу чоршона роҳ меравем. Ҳангоми сӯҳбат кардан, садоямонро ором нигаҳ медорем ва бисёр гарму маҳкам бо дигарон даст медиҳем. Албатта ин корҳо бад нестанд ва нишондиҳандаи ва худбоварӣ ва эътимод ба нафси мост. Аммо дар чунин шароите, масалан дар як ҷаласа ё мулоқот ин тавр ба назар мерасад, ки фақат мо бояд дида шавем ва дигарон набояд ба чашм биёянд ва ин масъала, аслан писандида нест ва мардум ҳам ин мавқеиятро дӯст надоранд.

Нелсон Мендело марди бузурге буд. Ӯ дар мулоқот бо афроди муҳим ва сарони мамлакатҳои дигар, бисёр мутавозеона бархурд мекард. Ба таври мисол, ҳангоми мулоқот бо Бил Клинтон, ҳарду ба самти ҳам қадам бардоштанд ва тавре бархурд накард, ки ӯ бояд адои эҳтиром кунад. Бо ҳам даст доданд. Мондело ба нишонаи эҳтирому адаб ва фарҳанги худ, таъзим кард ва Клинтон низ ҳамин корро дар баробари Мондело такрор кард.

Шумо ҳам барои он ки ҳамин қадар дӯстдоштанӣ ва маҳбуб ба назар бирасед, ҳангоми мулоқот бо дигарон ором бошед, як қадам ба пеш бардоред, саратонро ба самти ӯ хам кунед, лабханде гӯшаи лаби худ бигузоред ва бисёр гарму самимӣ даст бидиҳед. Ин боис мешавад, эҳтироми хоссе назди дигарон пайдо кунед.

Ҳамеша ҳамаи афродеро, ки моро дӯст медоранд, дӯст медорем, вақте воқеан ва самимона аз мулоқоти касе хушҳол мешавед, ӯ низ эҳсоси хубе ба шумо хоҳад дод.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.