Умедбахшӣ дар оёти Қуръон

31

Умедбахшӣ дар оёти Қуръон

Умедбахштарин ояти Қуръон

Ояти 114 сураи Ҳуд, умедбахштарин ояти Қуръон

“Дар ду тарафи рӯз ва авоили шаб намозро барпо дор; чаро ки ҳасанот ва корҳои нек, саййиот ва бадиҳоро маҳву нобуд мекунад. Ин тазаккурест, барои касоне, ки аҳли зикранд”. Ояти 114, сураи муборакаи Ҳуд.

Намоз нуронияте дорад, ки зулматҳоро аз байн мебарад ва бадиҳо ва осори гуноҳро аз дил мезудояд.

Ҳар инсоне мумкин аст, олудагиҳое пайдо кунад ва ба роҳи хато биравад, ҳоло инсон агар ба намоз биистад, ин нуроният боқӣ хоҳад монд ва гуноҳон ин фурсатро пайдо намекунанд, ки дар ҷон ва нафси инсон нуфуз кунад.

Аз ҳазрати Алӣ(а) нақл шудааст, ки фармуданд:

Аз ҳабибам, Расули Худо(с) шунидам, ки фармуданд: Умедбахштарин ояти Қуръон ин оят аст: “Дар ду тарафи рӯз ва авоили шаб намозро барпо дор; чаро ки ҳасанот ва корҳои нек, саййиот ва бадиҳоро маҳву нобуд мекунад”.

Дар идомаи ривоят омадааст, ки Паёмбар ба Алӣ фармуданд: Ё Алӣ, савганд ба Худованде, ки маро баширу назир ба сӯи мардум мабъус кард, вақте  ки инсон барои намоз вузӯ бигирад, гуноҳонаш рехта мешавад ва замоне ки рӯ ба қибла биистад, пок мешавад. Ё Алӣ, мисоли барподорандаи намозҳои рӯзона, мисли касест, ки ҳар рӯз панҷ маротиба дар наҳри обе, ки дар назди манзили ӯст, худро шустушӯ кунад.

Паёмҳое, ки аз ояти мазкур ба даст меояд, инҳост:

Намоз қуввати қалби мӯъмин аст. Чун дар оёти гузаштаи ҳамин сура, дастури илоҳӣ ба истиқомат ва барпо доштани намоз ва адами эътимод ба золимон матраҳ шудааст ва ин умур ниёз ба руҳияи болое дорад, бинобар ин, дар ин оят, Худованд дастур ба тақвияти руҳ бо аҳруми намоз мефармояд.

Намозҳоро бояд дар вақташ бихонем ва барпо дорем.

Намоз рӯшантарин намунаи кори нек аст.

Амалҳои инсон ба ҳамдигар таъсир доранд.

Дастур ба намоз рӯшантарин панди Худованд ба бандагон аст.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.