Бо равиши худ зиндагӣ кунед

34

Бо равиши худ зиндагӣ кунед

Чӣ гуна шод зиндагӣ кунем?

Бо шароити худ зиндагӣ кунед

Худмеҳвар зиндагӣ кунед

Худмеҳвар будан ба чӣ маъност?

Дар забони тоҷикӣ як зарбулмасал ҳаст, ки мегӯяд: “Ба кӯрпаат нигоҳ карда пой дароз кун”.

Агар ба зиндагии Стив Ҷобс нигоҳ кунед, як ҷавони одию маъмулиро мебинед, ки бо пои бараҳна ба сари кор мерафт. Фақат сабзавоту мева мехӯрд. Оё ӯ ба назари дигарон аҳамият медод? На!

Аслан муҳим набуд, ки дигарон дар борааш чӣ фикр мекунанд.

Дар ҳақиқат инсонҳои муваффақ худмеҳвар ҳастанд. Онҳо ба равише, ки мехоҳанд зиндагӣ мекунанд ва дар мавриди ин ки дигарон чӣ гуна ба онҳо нигоҳ мекунанд, зиёд фикр намекунанд. Ба ҳамин далел инсонҳои хос ва фавқулода ҳастанд.

Албатта ёдамон наравад, ки худмеҳвар будан бо худхоҳӣ ва худшефтагӣ фарқ дорад.

Худмеҳвар зиндагӣ кардан ба ин маъност, ки зиндагиро бар асоси шароити худатон пеш бибаред, дар бораи ин ки дигарон дар бораи шумо чӣ мегӯянд ва чӣ фикр мекунанд, зеҳнатонро машғул надоред.

Афроди муваффақ ва хориқулода аҳамияте намедиҳанд, ки дигарон чӣ тавр ба онҳо нигоҳ мекунанд. Балки бидуни машғул доштани зеҳни худ ба ин гуна ҳошияҳо, роҳи худро пеш мераванд.

Томас Эдисон яке аз бузургтарин мухтареон ва ихтироъкунандагон аст, ки гуфта мешавад, беш аз даҳ ҳазор маротиба дар озомоишоти худ шикаст хӯрдааст. Ӯ аслан ба ин аҳамият намедод, ки дигарон чӣ гуна ба ӯ нигоҳ мекунанд ва дар борааш чӣ фикр мекунанд. Ӯ он чӣ ки мехост, мекард ва бар рӯи ихтирооти худ кор мекард.

Аз ҳамин ҳоло талош кунед, худмеҳвар бошед. Зиндагиро бар асоси шароити худатон идома диҳед ва беҳтаринҳоро аз они худ кунед ва ба беҳтаринҳо бирасед.

Лозим нест дунболарав ва пайрави дигарон бошед ва зиндагиро бар асоси назари дигарон анҷом диҳед.

Аз таҷрибаи дигарон истифода кунед, аммо бо барномаҳои худатон пеш равед.

Худмеҳвар бошед, аммо худшефтаю худписанду худхоҳ набошед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.