Биханд, ҳамеша биханд!!!

54

Биханд, ҳамеша биханд!!!

Зиндагиамро чӣ гуна зеботар бисозам?

Ҳамеша бихандед

Ханда бар ҳар дарди бедармон давост.

Ханда сабаб мешавад, ки дар ҷисми инсон моддае тавлид шавад, ба номи андруфин ва ҳормонҳои тақвияткунанда, ки шодиро дар инсон ба бор меоварад.

Барномаҳои муфарраҳ ва хандадори зиёде дар телевизион пахш мешавад, ки моро ба ханда меандозад.

Одамҳои шӯх ва базлагӯи зиёде ҳам ҳатман дар атрофамон ҳастанд, ки иртибот бо онҳо фурсати хандиданро дар ихтиёри мо қарор медиҳад. Зиндагиамонро ба ҳар тариқе, ки шуда, бо хандаву лабханд гиреҳ бизанем, чунки:

Лабханд задан моро ҷаззобтар мекунад.

Ханда эстрес ва изтиробро коҳиш медиҳад.

Хандидан ҳоли моро хубтару беҳтар мекунад.

Хандидан мусрӣ (гузаранда) аст, ба атрофиёнамон ҳам сироят мекунад ва ҳамаро шоду хандон нигаҳ медорад.

Хандидан системаи эминии баданро тақвият мекунад.

Хандидан фишори хунро коҳиш медиҳад.

Лабханд задан боис мешавад, эҳсоси хубе дошта бошем.

Хандидан боис мешавад, ҷавонтар дида шавед.

Лабханд задан боис мешавад, муваффақтар ба назар бирасед.

Лабханд задан ба шумо кӯмак мекунад, хушбин бимонед.

Пас, бихандеду шод бошед ва зиндагии беҳтару зеботаре дошта бошед!!!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.