ПАНДНОМА – 1

48

ПАНДНОМА – 1

“Инъикоси чизе бош, ки мехоҳӣ дар дигарон бубинӣ; агар ишқ мехоҳӣ, ишқ биварз, агар садоқат мехоҳӣ, ростгӯ бош ва агар эҳтиром мехоҳӣ, эҳтиром бигузор!”

(Гондӣ)

***

Саъдӣ мегӯяд:

На чандон дуруштӣ кун, ки аз ту сер гарданд

Ва на чандон нармӣ, ки бар ту далер гарданд.

***

Дар қиёмат чун намозҳоро биёранд, дар тарозу ниҳанд ва рӯзаҳо ва садақаҳоро ҳамчунин, аммо чун муҳаббат биёранд, муҳаббат дар тарозу нагунҷад, пас асл муҳаббат аст!

(Мавлоно)

***

Чунон рӯзирасон рӯзӣ расонад

Ки сад оқил дар он ҳайрон бимонад…

(Саъдӣ)

***

Аз доное пурсиданд: Чаро аз касе, ки азиятат мекунад, интиқом намегирӣ?

Бо ханда посух дод: Оё оқилона аст, сагеро, ки гозат гирифта (туро газида) гоз бигирӣ?

***

Ҳамеша ҳарферо бизан, ки битавонӣ бинависӣ, чизеро бинавис, ки битавонӣ имзояш кунӣ ва чизеро имзо кун, ки битавонӣ пояш биистӣ.

(Наполеон Бонапарт)

***

Баъзе аз одамҳо фақат дар ду ҳолат бо шумо мувофиқанд:

Аввал ин ки ҳарфи худашонро таъйид кунӣ, дуввум ин ки аслан ҳарфе назанӣ.

Ба ин одамҳо мегӯянд: “худмантиқпиндор”.

(Профессор Самеӣ)

***

Агар мехоҳӣ шахсияти воқеии як инсонро бишносӣ, ба ҳарфҳои дигарон, ки дар бораи ӯ мезананд, таваҷҷӯҳ накун; бубин, ки ӯ дар бораи дигарон чӣ тавр сӯҳбат мекунад.

(Лев Толстой)

***

Душманонатро бубахш, аммо номашонро фаромӯш макун!

(Фидел Кастро)

***

Ҳар чизе, камаш доруст, мутавасситаш ғизост ва зиёдаш сам аст, ҳатто муҳаббат кардан.

(Абуалӣ ибни Сино)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.