Ҳамкории зану шавҳар

141

1.Имом Боқир (а): Алӣ (а) ва Фотима (а) барои доварӣ дар бораи тақсими корҳои худ, назди Паёмбар (с) рафтанд. Паёмбар (с) ин гуна қазоват кард, ки корҳои дохили хонаро Фотима анҷом диҳаду корҳои берун аз хонаро Алӣ.Фотима (а) гуфт: Аз ин ки Паёмбари Худо (с) маро аз масъулиятҳои мардон муоф сохт, фақат Худо медонад, ки чӣ қадар хушҳол шудам.

2.Имом Боқир (а): Фотима (а) кори хона, пухту пази нон ва ҷорўб кардани хонаро барои Алӣ (а) замонат кард ва Алӣ (а) корҳои берун аз хона, монанди таҳияи ҳезум ва овардани маводди хўрокиро барои ў бар ўҳда гирифт.

3.Имом Содиқ (а): Амири Мўъминон (а) ҳезуму об меоварду ҷорўб мекард ва Фотима (а) орд месохту хамир мекард ва нон мепухт.

4.Имом Алӣ (а): Ба модарам Фотима бинти Асад ибни Ҳошим гуфтам: Ту барои Фотима духтари Паёмбар (с) об биёвару корҳои берун аз хонаро анҷом бидеҳ ва ў корҳои дохилро анҷом диҳад. Орд кардану хамир сохтан.

5.Ал-мусаннафи Ибни Абўшайба ба нақл аз Замра ибни Ҳабиб: Паёмбар (с) чунин ҳукм фармуд, ки духтараш Фотима (а) корҳои хонаро анҷом диҳаду Алӣ (а) корҳои берун аз хонаро.

6.Танбеҳ-ул-хавотир: Паёмбар (с) назди Фотима (а) омаду дид, ки бо Алӣ (а) машғули осиё кардан аст. Пас Паёмбар (с) фармуд: Ба кадом як аз шумо кўмак кунам?

Алӣ (а) гуфт: Ба Фотима, чун ў хаста шудааст.

Пас, Фотима (а) бархост ва Паёмбар (с) ҳамроҳ бо Алӣ (а) ба осиё кардан пардохт.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.