Ишқи дуҷонибаи ҳамсарон

56

Ишқи дуҷонибаи ҳамсарон

Оини ҳамсардорӣ

Ишқи беқайду шарт ба ҳамсар

Чаро ҳамсарон бояд ошиқи ҳамдигар бошанд?

Ишқ дар зиндагии занушавҳарӣ чӣ андоза аҳамият дорад?

Чаро ба ҳамсарамон ишқи беқайду шарт дошта бошем?

Дар зиндагии занушавҳарӣ, ҳам мард ва ҳам зан ниёз доранд, дӯст дошта шаванд ва мавриди қадрдонӣ ва муҳаббати ҳамсари худ қарор гиранд.

Бинобар ин беҳтар аст, занон ҳам бояд ин нуктаро бидонанд, ки дар зиндагии хонаводагӣ, мардон ҳам монанди занон мехоҳанд мавриди муҳаббати ҳамсарашон қарор гиранд ва ишқи ӯро нисбат ба худашон эҳсос кунанд.

Хуб аст, занон аз назари ҷисмӣ ва руҳӣ ба шавҳари худ, ишқи беқайду шарт бидиҳанд. Ба ӯ саховатмандона муҳаббат кунанд, албатта ин супориш фақат барои занон нест, балки вазифаи шавҳар ҳам ҳамин аст.

Ҳоло суол ин аст, ки дар иваз чӣ дарёфт мекунанд?

Посухаш ҳам маълум аст, ҳар андоза ишқи беқайду шарт ва меҳрубонию муҳаббат нисораш кардем, ҳамон андоза муҳаббату ишқро аз ҷониби ҳамсарамон дарёфт хоҳем кард.

Бинобар ин, мардон низ аз ин мавзӯъ ғафлат накунанд, ки дӯст дошта шудан ҳаққи ҳар инсоне аст ва ба унвони як шавҳар, набояд алоқа ба ҳамсарро ба анҷоми корҳо ва шароити хоссе гиреҳ бизанем, балки барои ҳамсари худ, муҳаббати поку самимӣ ва меҳрубониро дареғ наварзем.

Ба унвони матлаби охир метавон ба ин нукта ишора кард,  ин ки зану шавҳар якдигарро бо вуҷуди тамоми костиҳо ва заъфҳо дӯст дошта бошанд, ишқи воқеӣ ва ба маънои ишқи беқайду шарт унвон мешавад.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.