Варзиш барои ҳамаи муфид , барои солмандон муфидтар

166

Натиҷаҳои тозатарин таҳқиқот нишон медиҳад, ки варзиш омили саломатии ҳамаи гуруҳҳои синнӣ дар ҷомеъа аст, аммо варзиш кардан барои ашхоси солманд натиҷаи муҳимтар, яъне 5 соли бештар зиндагӣ карданро дорад.

Таҳқиқоти донишгоҳи  Лунд, Швеция  нишон медиҳад, ки бештарин короии варзиш аз синни кудакӣ аст, аммо ин иқдом ҳатто дар бузургсолӣ ва айёми куҳансолӣ низ бисёр муфид аст. Ин  муҳаққиқон мегуянд озмоишоти майдонӣ бар рӯйи беш аз 400 нафар аз афроди солхурда дар як давраи 20 сола нишон дод, ки тамрин ва нармишҳои варзиш ба муддати 30 дақиқа дар рӯз ба таври миёна панҷ сол ба умри онҳо изофа карда аст. Дар муқоиса афроде, ки афзал медонанд фаъолияти баданӣ надошта бошанд , бемориҳои мухталиферо таҷрибаи карданд ки ҳамин амр тӯли умри онҳоро бидуни матлубият ва камтар аз дигарон сохт.

Ин донишмандон мегуянд хатари ибтило ба бемориҳои хатарнок дар мардоне, ки рӯзона тамриноти варзишии худро анҷом медоданд 40 дарсад нисбат ба дигарон, ки ин иқдомотро анҷом надода буданд , коҳиш нишон дод.

Афзоиши қудрати баданӣ, муқобила бо стресс ва ноумедӣ , тақвияти зеҳн ва барқарории равобити беҳтар дар куҳансолӣ , шод зистан , муқобила бо фарбеҳӣ, ҳаракат накардан ва бемориҳои синни боло ва касби оромиши руҳӣ аз дигар осори муфиди варзиш дар миёнсолӣ зикр шуда аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.