Бо забонат дунёро биҷунбон

90

Забон марзи байни инсоният ва ҳайвоният аст. Вақте ҳайвоният ба интиҳои худ мерасад ва инсоният оғоз мешавад, забон кори худашро шурӯъ мекунад. Забон фақат узве аз бадани инсон, ки сухангуфтан бо он анҷом мешавад нест, балки дунёе аз тафаккур дар пушти он вуҷуд дорад. Ба ҳамин далел аҳли мантиқ дар таърифи инсон гуфтаанд: “Ҳайвоне, ки дорои нутқ ва забон аст.”

Ва ин забон аст, ки дунёи атрофи моро месозад, чӣ бадиҳо ва зиштиҳои дунё ва чӣ хубиҳо ва зебоиҳои он.

Коркардҳои забон 

Имоми Боқир (алайҳиссалом) мефармоянд:

Ба ростӣ ин забон калиди ҳар хайр ва шарре аст. Пас сазовор аст барои муъмин, ки бар забони худ муҳр бизанад, ҳамонгуна, ки бар (ганҷинаҳои) тило ва нуқраи худ муҳр мезанад».

1.Сулҳ ва ҷанг

Забон метавонад бо гуфтугӯи байни миллатҳо сулҳро дар ҷаҳон тавсеа диҳад, ҳамонгуна, ки метавонад бо фаҳҳошӣ ё беэҳтиромӣ ба боварҳои дигарон низоъ ва даргирии байни афрод ё қавму миллатҳоро афзоиш диҳад.

  1. Иттиҳод ва парокандагӣ

Забон метавонад ҷомеа ё болотар миллатҳоро бо баёни муштаракот муттаҳид кунад, ҳамонгуна, ки метавонад тафриқа биандозад ва ҷудоӣ биовард.

  1. Умед ва афсурдагӣ

Забон метавонад одамҳоро ба зиндагӣ умедвор кунад, абъоди зебои ҷаҳонро бозгӯ кунад, ҳамонгуна, ки метавонад бо сиёҳнамоӣ ва бузург намоии ҳодисаҳои нохушоянд фазои торики ҳамроҳ бо ноумедӣ эҷод кунад.

Баёни ҳадис дар бораи забон

Аҳодис ҳам аз хубиҳои забон мегӯянд ва ҳам аз бадиҳои он. Дар ҷое амиралмуъминин мефармоянд:[2]

Огоҳ бошед забон хайрхоҳе, ки Худои таоло барои инсон дар миёни мардум қарор медиҳад, беҳтар аст аз моле, ки ӯ ба инон ирс барои касе бигузорад, ки сипосаш намекунад.

Дар ҷои дигар мефармоянд: “Забон, дарандае аст, ки агар раҳо шавад захм занад.”[3]

Бинобар ин метавон гӯфт дидгоҳи дин нисбат ба забон як нигоҳи нисбӣ аст. Яъне наметавон мутлақан гӯфт забон ва коркардҳояш хуб аст ё бад, балки касе, ки аз он истифода мекунад ва инки барои чӣ ҳадафе истифода мекунад арзишашро мушаххас мекунад.

Забон дар баёни Мавлоно

Мавлоно забонро муаррифи ҳақиқати инсон муаррифӣ мекунад:

Одамӣ махфист дар зери забон

Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон‏

Чунки боде пардаро дар ҳам кашид

Сирри саҳни хона шуд бар мо падид

Кандарон хона гуҳар ё гандум аст

Ганҷи зар ё ҷумла мору каждум аст‏

Алӣ алайҳссалом ҳам дар инбора мефармоянд: “Сухан бигӯед то шинохта шавед, зеро инсон дар зери забони худ ниҳон аст.”[4]

Дар поён чанд нуктаро фаромӯш накунед:

Забон ва аҳамияти он дар зиндагиро фаромӯш накунед;

Забон ба ҳамон андоза, ки дар рушди инсонҳо муассир аст ба ҳамон андоза ҳам метавонад одамҳоро ба ҳалокат бирасонад;

Аз забон истифода кунед аммо дар ҷиҳати арзишманд ва дар ҷиҳати ёри кардани дигар инсонҳо, агар наметавонед беҳтар аст аз забон истифода накунед.

Забон муаррифи даруни шумо ва намоёнгари ботинатон аст, пас муроқиб бошед, ки гуфторатон мутаносиб бо рафторатон бошад.

[2] . Наҳҷуллблоға, хутбаи 120

[3] . ҳамон,ҳикмати 60

[4] . ҳамон, ҳикмати 148

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.