Ифторӣ

85

Ифторӣ

Анас ибни Молик (р) солҳо дар хонаи Расули Худо (с) хидматкор буд ва то охирин рӯзи ҳаёти Расули Худо ин ифтихорро дошт. Ӯ беш аз ҳар каси дигар ба ахлоқу одоти шахсии Расули Акрам ошно буд. Огоҳ буд, ки Расули Акрам дар хӯроку пӯшок чӣ қадр содда ва бетакаллуф зиндагӣ мекунад. Дар рӯзҳое, ки рӯза мегирифт, ҳамаи ифторӣ ва саҳарии ӯ иборат буд аз миқдоре шир ё шарбат ва миқдоре тариди содда (тарид навъе шӯрбо). Гоҳе барои ифтор ва саҳар, ҷудогона ин ғизои содда таҳия мешуд ва гоҳе ба як навбат ғизо иктифо мекард ва бо ҳамон рӯза мегирифт.

Як шаб, тибқи маъмул, Анас ибни Молик миқдоре шир ё чизи дигар барои ифтории Расули Акрам омода кард. Аммо Расули Акрам он рӯз вақти ифтор наомад, посе аз шаб гузашт ва барнагашт. Анас мутмаин шуд, ки Расули Акрам хоҳиши баъзе аз асҳобро иҷобат карда ва ифториро дар хонаи онон хӯрдааст. Аз ин рӯ он чӣ таҳия дида буд худаш хӯрд.

Тӯле накашид Расули Акрам ба хона баргашт. Анас аз як нафар, ки ҳамроҳи ҳазрат буд пурсид:

— Эшон имшаб куҷо ифтор карданд?

Гуфт:

— Ҳанӯз ифтор накардаанд. Баъзе гирифториҳо пеш омад ва омаданашон дер шуд.

Анас аз кори худ як дунё пушаймону шармсор шуд, зеро шаб гузашта буд ва таҳияи чизе мумкин набуд. Мунтазир буд Расули Акрам аз ӯ ғизо бихоҳад ва ӯ аз кардаи худ маъзаратхоҳӣ кунад. Аммо аз он сӯ Расули Акрам аз қароину аҳвол фаҳмид чӣ шуда, номе аз ғизо набурд ва гурусна ба бистар рафт.

Анас гуфт: “Расули Худо (с) то зинда буд, мавзӯи он шабро бозгӯ накард ва ба рӯи ман наёвард.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Куҳлул-басар”)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.