Инҳирофоти ҷинсӣ ва роҳи дармони он

188

Хориҷ шудани инсон аз марзи қонунҳои табии ҳоким бар низоми офариниш, инҳироф ном дорад. Ғаризаи ҷинсӣ, ки Худованд, онро барои хайр ва камол ва бақои насли башар дар вуҷуди инсон ба қарор додааст, мумкин аст дар роҳи нодуруст истифода шавад. Худирзоӣ ва ком гирифтан аз худ, як навъ инҳирофи ҷинсӣ аст, ки ҷисм ва равонро заиф карда ва ин навъ шаҳватронӣ бо табиат одамӣ созгор нест.

Пайдоиши ин одат шум дар ҷавон, беш аз ҳар чизи дигар, қудрати иродаашро заиф карда ва шахсияташро табоҳ месозад. Ҷавони мунҳариф бо ин кор, қуваи фаҳму дарк ва ақли худро суст карда заминаи пайдоиши пирии зудраро барои худ фароҳам мекунад.

Заминаҳо

Заминаҳои инҳирофи ҷинсӣ дар шароите, ки инсон рушд меёбад ва ба сини балоғат мерасад, фаровон буда ва мумкин аст дар даврони зиндагии бисёре аз ҷавонон пеш ояд ва шаҳвати ҷинсӣ ононро таҳрик намояд ва дар охир заминаҳои олудагӣ ва инҳирофи онҳоро фароҳам созад.

Фикру хаёли таҳрикомези ҷинсӣ ва авомили муҳаррики муҳитӣ ба унвони заминаҳои инҳирофанд, аммо омил севуме, ки мӯҷиб даъвати инсон ба сӯи инҳирофи ҷинсӣ мегардад, ҳамон васвасаҳои шайтонӣ аст, ки дар ин сурат бояд аз шарри васвасаҳои шайтонӣ ба Худованд паноҳ бурд, ҳамонгуна, ки Қуръон фармудааст:

Ба номи Худованди раҳматгари меҳрубон

1) Бигу паноҳ мебарам ба Парвардигори мардум.

2) Подшоҳи мардум.

3) Маъбуди мардум.

4) Аз шарри васвасагари ниҳонӣ

5) Он касе, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад.

6) Чи аз ҷин ва чи аз инс.[1]

Замоне ки инсон дар шароити муҳитии олуда ва таҳрикомез қарор гирад, хостаҳое дар ӯ зоҳир мешавад. Шайтон ин хостаҳои нафсониро дар назараш зебо ва дилфиреб ҷилва медиҳад ва ба таври пинҳонӣ аз дарун, инсонро ба сӯи анҷоми амал, васваса мекунад.

Шайтон барои инҳироф, аз кашишҳо ва тамоюлҳои ғаризӣ истифода карда ва фардро ба ирзои номашруъи шаҳвати ҷинсӣ даъват мекунад. Дар муқобил, инсонҳои оқилу донишманд, паёмбарон ва дини илоҳӣ барои ҳидояти инсон ба неруи ақл ва гироиши фитрии хайрхоҳӣ дар инсон, такя карда ва ӯро ба таъмини ниёзҳои ҷинсӣ аз роҳи дуруст даъват мекунанд.

Ин ҷангу ситез, яъне, муқобилаи ақлу шаҳват, имон ва ҳавои нафс, нерӯи илоҳӣ ва нерӯи шайтонӣ, дар вуҷуди инсон ҳамеша дар ҷараён аст ва ба хусус дар ибтидои даврони булуғ, зуҳури бештаре меёбад ва то охири умр идома дорад. Ҳар кадом дар мавқеиятҳои зиндагӣ, ғолиб шаванд, шахсияти фард ба ҳамон су, майл пайдо мекунад ва парвариш меёбад. Агар ақл ва имон бар ӯ ҳоким бошад, ҳидоят ва растагор мешавад. Агар шаҳват ва шайтон бар ӯ тасаллут ёбад, гумроҳ ва зиёнкор хоҳад шуд.

Нафси аммора дар вуҷуди одамӣ бар асари васвасаҳои шайтон саъй дорад, ки бар ақл тасаллут ёфта ва онро асири хостаҳои худ гардонад ва инсонро дар масире бикашоанд, ки зоҳиран гуноҳ ва фасоди он, маълум нест. Аз тарафе ақл талош дорад, ки маҳори нафсро ба кумаки имон дар даст гирифта ва онро кантрол намояд ва дар ҷиҳати хайр ва камол ва саломати ҷисму равон ҳидоят кунад. Бинобар ин, шахсияти инсон, ҳамеша дар маърази кашмакаши байни ақлу шаҳват, хайру фасод, покӣ ва олудагӣ, саломатӣ ва инҳироф аст ва ин ҷангу уарез, ҳамеша идома дорад.

Танҳо касе метавонад аз ин саҳнаи ҷанг ва муборизаи дарунӣ, ҷони солим бадар барад, ки худро муҷаҳҳаз ба силоҳи имон ва тақво намуда ва аз ибтидои ҷавонӣ ба худсозӣ ва ҷиҳоди бо нафс бипардозад. Бояд дар назар дошт, ки ин кор, шуданӣ аст ва Худованди мутаол , ки ягона қудрат ва такягоҳу таваккул ва наҷотдиҳандаи инсони заиф дар ҳама балоҳ ва гирифториҳост бар асари дуо ва ниёйиш ба ёрӣ ва кумаки инсон омада ва ӯро дар ин набарди доимӣ пирӯз мегардонд.

Мо дар таърих, кам надорем инсонҳои ворастаае, ки дар бузургтарин саҳнаҳои набарди дарунӣ ва берунӣ, нафсонӣ ва иҷтимоӣ, пирӯз ва сарбаланд гашта ва дар даврони ҳаёти худ бо ифтихор, зиндагӣ кардаанд.

Дидгоҳи саҳеҳ

Қуръони карим, достони аёми ҷавонии ҳазрати Юсуф (а)-ро бозгӯ мекунад, ки чигуна дар даврони ҳассоси булуғ ва ҷавонӣ дар маърази сахттарин имтиҳон ва хатарноктарин воқеаи таърихии замони худ қарор гирифт ва бо иродаи қавӣ ва имони росих, сарбаланд аз ин озмуни илоҳӣ хориҷ шуда ва дар қуллаи шарофат ва ифоф ҷой мегирад ва шахсияташ барои ҷавонон ба унвони усва ва намунаи комил ҳамеша ҷовид боқӣ мемонад.

Ҷавони муъмин, бо биниши саҳеҳе, ки аз Ислом илҳом гирифтааст, медонад, ки ҳар воқеаи ногуворе, ки дар зиндагии инсон иттифоқ меафтад дар сурте, ки худ, масъули падид омадани он набошад дар ҳукми озмоиш ва ибтило аз тарафи Худованд, ба ҳисоб меояд, ки ҳадаф аз он, созандагӣ ва рушду камоли инсон аст.

Бо муроҷиа ба зиндагии раҳбарони илоҳӣ ва донишмандон ва инсонҳои бузург дар тӯли таърих, дида мешавад, ки бештари онон огоҳона бо душвориҳо ва ҳодисаҳои гуногуни зиндагӣ мубориза бурданд ва дар натиҷа, муваффақияташон дар бузургсолӣ ба хотири сабру истиқомате аст, ки дар баробари сахтиҳо дар даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ аз худ нишон додаанд.

[1] . Сураи Нос.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.