Фурсате барои баёни ишқ

152

Беҳтарин ҳадиае, ки шумо метавонед ба хонаводаатон бидиҳед як зиндагии маҳкам ва пур аз меҳр ва муҳаббат аст. Бисёре аз вақтҳо дағдағаҳои зиндагӣ аз кори хона гирифта ва нигаҳдории кудак то масъулиятҳои шуғлӣ рӯйи равобити зиндагии заношуӣ таъсиргузор аст.

Дар инҷост, ки пайдо кардани фурсати муносиб дар тӯли рӯз барои сӯҳбат кардан ва ибрози ҳамдардӣ ва алоқа, ки мунҷар ба тақвияти пояҳои зиндагӣ мешавад бисёр корсоз аст.

Зиндагиҳои муваффақ баёнгари ин воқеият ҳастанд, ки онҳо маҳоратҳои ҳали мушкилоти зиндагиро ба хубӣ медонанд. Ва билтабъ дар тарбияти фарзандони солимтар муваффақтранд.

Равоншиносон чандин роҳ барои тақвияти равобити заношуӣ пешниҳод мекунанд, ки иборатанд аз:

1- Ҳамеша саъй кунед бархурди муносибе бо ҳамсаратон дошта бошед муҳаббат ва утуфати худро аз ҳамсаратон дареғ накунед агар хеле коруборатон зиёд аст ва зиёд машғули кор ҳастед ҳадди ақал ба ҳангоми салом ва худоҳофизӣ ин ибрози алоқаро ба хубӣ нишон диҳед.

2- Фикр накунед, ки бояд мунтазир бимонед то фарзандон бихобанд он вақт бо ҳамсаратон дар мавриди масоили мухталиф сӯҳбат кунед. Метавонед баъд аз расидан ба манзил, пас аз муддате машғул шудан бо кудаконатон, дар мавриди корҳо ва дигар масоили зиндагиатон бо ҳамсартон гуфтугӯ кунед. Инро ба фарзандонатон ёд бидиҳед, ки бояд ба падар ва модар ҳам иҷоза бидиҳанд то онҳо дар бораи масоили зиндагӣ ба таври хусусӣ бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Барои ин кор метавонед фарзандонатонро ташвиқ ба хондани китоб кунед ё ба онҳо иҷоза диҳед, ки як филм тамошо кунанд ё бо бозичаҳояшон бозӣ кунанд он вақт ба роҳатӣ метавонед бо ҳамсаратон ба гуфтугӯ бипардозед.

3- Бад нест баъзе вақтҳо танҳо бо ҳамсаратон барои хурдани ғизо ба рестаран биравед агар ба лиҳози молӣ мушкиле вуҷуд дорад ҳадди ақал барои хӯрдани як яхмос ё гашт задан дар фурӯшгоҳҳо, китобфурӯшиҳо ва ё ҳар ҷое, ки дӯст доред вақтатонро бо ҳам бигузаронед.

4- Замоне, ки аз кори хона фориғ шудед ба ҷойи ин, ки ба мутолиа бипардозед бад нест бо ҳамсаратон дар мавриди китоби хосс гуфтугӯ кунед ва бо ҳам мутолиа кунед, дар канори ҳам бинишинед ва хотироти хуби гузаштаро ёдоварӣ кунед.

5- Аз ҳоли якдигар хабар дошта бошед ва ин корро як одати ҳамешагӣ барои худ қарор диҳед. Таваҷҷуҳ дошта бошед, ки авзоъ ва аҳволи ҳамсаратон чигуна аст агар ӯ ҷаласаи муҳимме дошт пас аз итмоми кораш бо ӯ тамос бигиред. Агар ҳамсаратон дар хона аст бо як телефон аз авзоъ ва аҳволи ҳамсаратон ва фарзандонатон бохабар шавед. Ҳатто метавонед барои ӯ паём бигузоред мутмаин бошед ҳатто як паём низ метавонад барои ҳамсаратон иттифоқи хушоянд бошад.

6- Ба ҷойи дидани нуқоти манфии ҳамсаратон, рӯйи нуқоти мусбати ӯ диққат кунед. Онҳоро лист кунед ва дар замони муносиб ба хотири вуҷуди ин нуқоти мусбат аз ӯ қадрдонӣ кунед. Агар дар муқобили фарзандонатон аз ҳамсаратон қадрдонӣ мекунед мутмаин бошед, ки фарзандонатон ҳам ёд мегиранд дар оянда чунин рафторе дошта бошанд.

Фаромӯш накунед равобити гарми хонаводагӣ аз эҳтиром гузоштан ба якдигар нишот мегирад ва бо ин рафтор метавонед нақши як падар ва мори хубро барои кӯдактон бозӣ кунед.

7- Интихоби варзиш ё пиёдаравӣ бо якдигар ҳам равиши муносибе барои бо якдигар будан аст.

8- Саъй кунед, ки зиндагии заношуии худро ҷавон нигаҳ доред ва гоҳе авқот вонамуд кунед, ки бо ҳам номзад ҳастед. Агар метавонед дар фурсатҳои назир солгарди издивоҷ, таваллуд ва ҳатто ид ба мусофират ё гардиши якрӯза биравед.

Ҳазорон кори дигар ҳам ҳаст, ки шумо метавонед анҷом диҳед то ишқ ва муҳаббататон якнавохт нашавад. Ин ҳунаре аст, ки рамзи доштани зиндагии заношуии бо нишот аст.

Манбаъ:

Чаҳор деворӣ – бо талхис

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.