Тарси кӯдакон

129

Ҳаргиз эҳсосоту тарс дар кӯдакро беарзиш надонед ва ҳеҷ вақт ба хотири тарсиданаш ӯро таҳқиру паст накунед ва бидонед, ки бетаваҷҷӯҳӣ ба чизҳое, ки ӯро метарсонад кумак ба ҳалли мушкил намекунад.

 Оё тарси беасос ба синну сатҳи рушди кӯдак бастагӣ дорад?!

Барои мисол дар як кӯдаки 2 сола тарс аз нишастан рӯи лагани дастшуӣ, табиӣ аст вале дар як кӯдаки 8 сола ҳамон тарс комилан ғайри оддӣ ва беасос аст.

Кӯдакони навпо маъмулан аз танҳоӣ (ҷудо шудан аз падар ё модар), овозҳои озордиҳанда, замин хӯрдан, ҳайвоноту ҳашарот, истифода аз лагани тувалет, ҳаммом кардан ва торикӣ ҳангоми хоб метарсанд.

Тарси дар миёни кӯдакони 5-6 сола шомили тарс аз ҳайвоноту ҳашарот, ғӯлҳо ва арвоҳ, гум шудан, талоқ, аз даст додани падар ё модар, ва торикӣ ҳангом хоб мебошад. Кӯдаконе, ки тоза ба мадраса мераванд аз чизҳое ҳамчун танҳоӣ, баъзе садоҳо, замин хӯрдан, вуруд ба макони ҷадид (ба хусус вуруд ба мадраса) ва торикӣ ҳангоми хоб [дар бачаҳои кӯчактар] ва ҷанг, фазоҳои ҷадид ва тарс аз дузд [дар бачаҳои бузургтар] метарсанд. Навҷавонон (, ки ба синни булуғ ва рушд расидаанд) маъмулан аз дузд, мавқеиятҳои ҷадид (мисли рафтан ба донишгоҳ ва…) ҷанг, талоқ ва равобити ғайри маъмул метарсанд.

Ингуна тарсҳо дар кӯдакон дар тамоми гурӯҳҳои синнӣ, дар баъзе аз давронҳои зиндагияшон мумкин аст афзоиш ёбад: таваллуди як фарзанди ҷадид дар хонавода, интиқоли макон аз хонае ба хонаи дигар, талоқ ва ғайра. Ҳатто баъзе вақтҳо баъд аз вуқӯъи як иттифоқи таҳриккунанда тарс дар кӯдакон тақвият мегардад масалан афтодан дар об, сӯхтан бар асари тамос бо як чизи гарм ё фирор кардан аз як саг. Баъзе кӯдакон нисбат ба кӯдакони дигар бештар метарсанд ва ин бастагӣ ба рӯҳиёту хулқу хуи онҳо дорад. Волидайне, ки ҳамеша нигарон ҳастанд ва дар ташвиш ба сар мебаранд ё зуд дар муқобили ҳарчизе аксаламал нишон медиҳанд, фарзандонашон ағлаб дорои ҳамон рӯҳиёт ҳастанд ва ҳамеша дар тарсу воҳима қарор доранд.

 чигунаги бархурд бо тарс дар кӯдакон

– Ҳаргиз эҳсосоту тарс дар кӯдакро беарзиш наҳисобед ва ҳеҷгоҳ ба хотири тарсиданаш ӯро таҳқир накунед ва бидонед, ки бетаваҷҷӯҳӣ ба чизҳое, ки ӯро метарсонад кумаке ба ҳалли мушкил намекунад.

– Аз ӯ бихоҳед иллати тарсашро бигӯяд ва дар бораи он бо ӯ сӯҳбат кунед, ин роҳ дар сурате, ки тарси кӯдак аз вуқӯъи як иттифоқи таҳриккунанда бошад, бисёр муфид аст.

– Беш аз ҳадди лозим аз ӯ муроқибат накунед ва иҷоза бедиҳед ӯ худаш аз чизҳое, ки метарсад дурӣ кунад ва кӯдакро ҳеҷ вақт ба анҷом додани корҳое, ки аз он воҳима дорад водор накунед.

– Беш аз ҳад аксуламал нишон надиҳед зеро таваҷҷӯҳи зиёди шумо сабаби тақвияти тарс дар кӯдак мешавад.

– Ба кӯдак дилдорӣ диҳед то ёд бигирад бар тарсаш чира гардад. Барои мисол агар ӯ аз рафтан ба як мадрасаи ҷадид метарсад, бояд бо ӯ ҳамдардӣ кунед ва барояш тавзеҳ диҳед. Ба унвони мисол бигӯед «ман медонам, ки аз рафтан ба ин мадраса ҳарос дорӣ ва шояд аз ин, ки дӯстони ҷадиде пайдо мекуни нигарон ҳасти; Вале ман фикр мекунам дар он лаҳза эҳсоси хеле хуб пайдо мекуни.»

Бо ӯ дар мавриди чизҳое, ки ӯро метарсонад гуфтугӯ кунед. Ба ӯ ёдоварӣ кунед, ки қаблан ҳам дӯстони ҷадиди зиёде пайдо карда буд ва ӯро ташвеқ кунед, ки ба мадраса биравад. Роҳи ҳалли фоиданоки дигар ин аст, ки шумо барояш нақшеро бозӣ кунед, ки чӣ тавр бо мардум вохӯрда ва худашро шинос кунад.

– Ёдаш оваред, ки қаблан ҳам дар як замоне аз чизе метарсида ва баъд аз муддате тарсаш рехта ва дигар аз он наметарсад.

– Ба ӯ қуввати қалб бидиҳед ва ба ӯ кумак кунед то бо тарс рӯ ба рӯ шавад. Дар зимн дар як давраи тӯлонӣ, салоҳ нест доим ба ӯ ёд бедиҳед, ки аз ҳар чизе, ки метарсад дурӣ кунад.

Агар тарс табдил ба як беморӣ шавад ва ба ҳеҷ тариқе натавон тарсро аз байн бурд махсусан агар дар рушду фаъолиятҳои рӯзмарраи кӯдак таъсир бигузорад, барои дармон бояд ба як равонпизишки кӯдак муроҷиа кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.