Гиреҳгушоӣ аз кори дигарон

118

 

Яке аз барномаҳои бунёдӣ ва асосӣ, ки бо тааммул дар оёт ва ривоёт метавон ба он даст ёфт гиреҳгушоӣ ва кумак ба халқи Аллоҳ аст, ки бисёр мавриди таъкид қарор гирифтааст. Дар кумак ба дигарон фарқе байни инсонҳо вуҷуд надорад ҳарчанд, ки сарватмандон ба далели тавоноии молӣ вазоифи сангинтаре доранд чаро, ки ҳамеша вазоиф бар асоси имконот таъйин мешавад аммо аз онҷо, ки инсонҳо рауф ҳастанд, бениёзҳо нисбат ба ниёзмандон меҳрубонӣ ва утуфат мекунанд ва дар масоили молӣ ба якдигар кумак мекунанд.

Кумак ба дигарон танҳо ба ёрдами молӣ марбут намешавад балки ҳар кас дар ҳадди вусъ ва тавонаш агар битавонад гиреҳҳое аз кори муъмине бигушояд бояд ба ҳамнавъаш кумак кунад масалан дар масоили маънавӣ монанди роҳнамоӣ кардан дар масоили зиндагӣ, мушкили идорӣ, иҷтимоӣ, андӯҳзудоӣ аз дигарон ва ғ. Агар коре аз дастамон бар меояд барои якдигар анҷом диҳем чунонки Паёмбари гиромии Ислом(с) ме‏фармояд: «Муъминон бародарони якдигаранд, ки баъзе аз онон ниёзҳои баъзе дигарро рафъ ме‏кунад ва Худованд ҳам ниёзҳои ӯро бароварда ме‏кунад. Аз беҳтарин аъмол ин аст, ки инсон муъминеро шод, ё гуруснагиро аз ӯ дафъ кунад ва аз ғусса бираҳонад ё қарзи ӯро адо кунад ё ба ӯ либос бидиҳад.»

Коргушоӣ ва гиреҳгушои дигарон будан як ҳунаре аст, ки насиби ҳар касе намешавад. Мумкин аст дар тӯли рӯз корҳои хайри зиёде барои дигарон анҷом диҳем аммо мебинем, ки бо вуҷуди гиреҳгушо будан, амаламон бетаъсир аст ва ончунон, ки бояд осор ва баракоте надорад аммо далели он чист? Гоҳе мебинем, ки бархе бо кумакҳои модӣ ва маънавии худ гиреҳгушои дигарон ҳастанд аммо аз он тараф бо фош кардани кумаки худ ба дигарон боиси обрӯрезӣ мешаванд ва ҳам аҷри худро аз байн мебаранд ва ҳам обрӯи тарафи муқобилро мерезанд инҷост, ки ҳазрати Алӣ (алайҳиссалом) фармудаанд: Коргушоӣ аз мардум комил намешавад магар ба се чиз: Кӯчак шумурдани он то худ бузург гардад, пинҳон нигаҳдоштани он то худ ошкор шавад, шитоб ва суръат дар он то гуворо гардад. (Баҳоруланвор, ҷ.74, саҳ.318)

Ҳамчунин аз имом Содиқ(а) нақл шудааст, ки агар касе бидонад, ки бародари муъминаш ба кумак ниёз дорад ва ниёзи ӯро бартараф накунад то инки савол намояд ва сипас иқдом кунад Худованд ба ӯ подош намедиҳад. (Баҳоруланвор, ҷ.74, саҳ.312)

Кумак ба халқ ва гиреҳ гушоӣ аз кори ягдигар яке аз корҳое аст, ки дар ривоёт ва сираи бузургон ба унвони яке аз бартарин аъмол шумурда шудааст. Чӣ хуб аст, ки агар коре аз дастамон бар меояд бо шод кардани диле, Худо ва махлуқи Худоро шод кунем ва худро аз аҷр ва савоби дунявӣ ва ухровӣ маҳрум накунем. Аз инру Саъдии шерозӣ низ ин мазмунро ба сурати шеър ин гуна баён кардааст:

 

То тавони ба ҷаҳон хидмати мӯҳтоҷон кун,

 Ба даме ё дираме ё қаламе ё қадаме.       Саъдӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.