Таъсири телевизион

158

Кӯдакон мо имрӯза дар хонае по ба дунё мегузоранд, ки телевизион дар он ба таври миёнгин ҳафт то ҳашт соат дар рӯз равшан аст. Ҳоло дигар беш аз онки аз модарбузургҳо достон ва аз падарбузургҳо хотира бишнавем ин телевизион аст, ки достонҳои марбут ба инсонҳо, зиндагӣ ва арзишҳои онро барои мо баён мекунад.

Телевизион, имрӯза ба унвони умумитарин ва пурмухотабтарин расонаи ҷамъӣ, саҳми бузурге дар омӯзиш ва таъсиргузории мустақим ва ғайри мустақим бар фарҳанг ва рӯҳу равони ҷамъӣ дорад.

Таъсирпазирии аксарият хомӯши ҷомеа аз телевизион ва барномаҳои моҳвораии телевизионӣ бисёре аз вақтҳо кишварҳои ҷаҳони севумро бо буҳрони фарҳангӣ рӯбарӯ кардааст.

Телевизион ҳар рӯз бар мо тасаллути бештаре меёбад ва мо боисти нигарони осори вайронгари барномаҳои телевизионӣ барои кӯдакон ва хонаводаҳои худ бошем. Ин ҳаққи мост ва мебоисти аксулъамал нишон диҳем. Агарчи телевизион худбахуд матруд нест аммо барномаҳои телевизионӣ дар маҷмӯъ зиёнбор будаанд. Дар ғарб ба навъе ва дар шарқ ба шакли дигар хатари барномаҳои вайронгар ва мунҳати телевизионӣ эҳсос мешавад.

Мо бадбахтона фарзандонамонро бо телевизион тарбият мекунем вақте мехоҳем ононро ором кунем барои онон телевизион равшан мекунем ва ё ононро ба тамошои барномаҳое, ки худамон ҳам намедонем чӣ ҳастанд даъват мекунем. Худамон ҳам мутаассифона одат кардаем ба ончи пахш мешавад фақат хира шавем ва нигоҳ кунем. Башар бо тавлид ниёзманд ба шинохти дунёи атрофи худ аст ва интиқоли фарҳанг ва рӯҳияи маданӣ метавонад ба сурати солим ва созанда анҷом гирад аммо ба назар мерасад телевизион як монеи аслӣ бар сари роҳи расидан ба дунёи беҳтар аст пас мо боисти аз осори бади ин ҷаъбаи ҷодуӣ огоҳ шавем ва дар иртибот бо телевизион мсъулияти худро бипазирем.

«Телевизионе, ки метавонад дорои асароти комилан мухарриб бошад метавонад ба сурати абзори муфиде низ дар хидмати таълим ва тарбият дарояд. Телевизион метавонад чунин бошад вале хеле ғайри мӯҳтамал аст, ки чунин бишавад.»

Сохти барномаҳои бо арзиш вақти бештар ва тахассуси болотре лозим дорад аммо афроде, ки битавонанд барномаҳои бад бисозанд зиёд ҳастанд ва ин масъаларо ҳал мекунад.

Наметавон кӯдаконро барои замоне, ки дар муқобил сафҳаи телевизион сарф мекунанд сарзаниш кард ва инки онҳо тақсире надоранд, ки аз тариқи телевизион иттилооти дигаргун шударо дарёфт медоранд.

Қарор нест, ки телевизион аз байн биравад аз сӯе хеле кам эҳтимол дорад, ки телевизион фазои муносиберо барои иҷтимоӣ кардани кӯдакон эҷод кунад.»

Дар гузашта кӯдакон нозири фаъолияти бузургтарҳо буданд ва ончиро хонавода тайи як насл ба онон омӯхта буд улгуе барои насли оянда мешуд аммо акнун бояд дарёбем, ки кӯдакон аз муҳити атрофи худ чӣ чизҳоеро фаро мегиранд? Авомиле, ки муҳити атрофи ононро месозад чӣ ном дорад? Ва телевизион ба унвони яке аз ин авомил чӣ мекунад ва чӣ бояд бкунд?

Дар китоби телевизион хатаре барои демокросӣ зери унвони «Чаро кудакон телевизион тамошо мекунанд?» омадааст, ки : ангезаи кӯдакон аз нишастан дар пойи телевизион бо хости бузургтарҳо фарқ дорад. Бузургтарҳо ба иқрори худашон барои саргармӣ ба тамошои телевизион мепардозанд вале кӯдакон бо инки саргармӣ мехоҳанд аксаран барои фаҳмидани дунёи атроф ба телевизион менигаранд. Бузургтарҳо маъмулан аҳамияти камтаре барои телевизион қоил ҳастанд ва ба он бо як содда боварии огоҳона нигоҳ мекунанд». Таблиғоти телевизионӣ рӯйи шахсияти кӯдакон, боварҳои кӯдакон ва аъмоли кӯдакон ба шиддат таъсир дорад. Маъмулан кӯдакон аз ду солагӣ тамошои филмҳои мутфилмиро шурӯъ ва тақрибан дар 6 солагӣ ба тамошои телевизион одат мекунанд. Яъне қабл аз инки ба мактаб бираванд бо телевизион дӯст мешаванд.

Ба назар мерасад вуруди телевизион ба унвони муаллим ба эътибори муаллим ва муаллимӣ поён бахшидааст ё дорои ин чунин қудрате аст зеро имрӯза донишомӯзон дар ҳоле қадам ба мактаб мегузоранд, ки ба шиддат аз техники телевизион ва асароти равонии он таъсир пазируфтаанд ва дар ҳоле, ки механизми тасвирӣ ва басарии телевизион реша дар вуҷуди онон давондааст бо системаи китоб ва ҳуруфи чопӣ вориди як низои дарунӣ ва равонӣ мешаванд ин даргирӣ қурбониёни зиёдеро металабд. Кӯдакон ва донишомӯзон, ки наметавонанд ва ё намехоҳанд аз тариқи қироат омӯзиш бибинанд ва ё усулан тавонои хонданро надоранд навомӯзоне, ки қодир ба дарки тасалсули мантиқӣ ҳатто як порогроф нестанд ва наметавонанд афкори худро бар руи чанд ҷумлаи навишташуда ҷамъ кунанд дигар қодир нестанд беш аз чанд дақиқа ба баёни шифоҳии муаллим ва ё як суханронӣ таваҷҷуҳ кунанд ва иртиботи мантиқии ҷумалот ва матолибро ба хотир бисупоранд ва ё ҳатто фарогиранд.»

Кӯдакон бар хилофи бузургсолон, ки бо дигар расонаҳо иртибот доранд бештар бо телевизион дар иртибот ҳастанд. Ба ақидаи пажӯҳишгарон иллати алоқаи кӯдакон ба телевизион ин аст, ки ба онон имкон медиҳад то дар моҷароҳои пушти пардаи зиндагии кӯдаконаи худ русух кунанд ва дунё ва мардумро беҳтар бишносанд. Вақте кӯдакони мо ба дунё меоянд бояд кори душвореро анҷом диҳанд ва он ин ки дунёи атрофи худро дуруст бишиносанд. бар гардани волидайн аст, ки кӯдаконро барои вазоифи оянда омода кунанд аммо вақте дигар касе ба кӯдакон кумак намекунад, ки дунёро бишносад онон даст ба домони телевизион мешаванд. Дар ҳоли ҳозир падарон ва модарон вақти инки дунёи васеи атрофро ба кӯдак биёмӯзанд аз даст додаанд ва аз сӯе телевизион барои кӯдакон даст ёфтанитарин дарича ба дунёи афроди болиғ аст. Пас телевизион ба кӯдак як тасвир ё хаёли дигаргуна нишон медиҳад зеро дар телевизион бинанда бештар аз ончи мебинад таъсир мепазирад ва ин нигаронӣ дар мавриди кӯдакон, ки бузург мешаванд вуҷуд дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.