Боло бурдани созгории зану шавҳар

107

Ишқу муҳаббат байни зану шавҳар аз аркони аслии низоми хонавода аст.

 Чанд тавсия  дар ин бора

Ишқу муҳаббат байни зану шавҳар аз аркони аслии низоми хонаводааст. Аммо бо гузашти замон ва сипари шудани шӯру шавқи даврони нахустини издивоҷ, гоҳ ин фикр ба зеҳни ҳамсарон меояд, ки баъд аз чанд сол зиндагӣ андозаи алоқаи онон нисбат ба ҳам чӣ қадар тағйир кардааст.

Ҳадаф аз баёни тавсияҳои зер, омӯзиш ҷиҳати афзоиш додани созгорӣ ва таваҷҷуҳ кардан ба вежагиҳои мусбати якдигар, афзоиши эътимод ба нафс (худбоварӣ), кам кардани нигарониҳо ва нооромиҳои мавҷуд дар ҷиҳати беҳдошт ва саломати равонӣ аст.

1) Хонавода як маҷмӯа аст. Хонавода замоне муваффақ хоҳад буд, ки ҳамаи аъзои он дар як маҳфил бо камоли самимият ва шодӣ зиндагӣ мекунанд. Чун вуҷуди ҳар навъ мушкил ва ноҳамоҳангӣ ҳатто аз суи як узв, кулли хонаводаро дучори нороҳатӣ менамояд, пас аз анҷоми ҳар рафторе монанди муқоиса кардан, таҳқир, таъна задан ва ғ. парҳез кунед.

2) Зиндагии муштарак арсаи камол аст на саҳнаи пайкор. Бинобар ин дар рафъи буҳронҳо монанди як тани воҳид амал кунед. Ёр ва ёвари ҳам бошед. Кӯшиш накунед бар дигарӣ тасаллут биёбед, бо ҳам ва дар канори ҳам бошед на рӯдарӯи ҳам.

3) Аз муҳаббат кардан нисбат ба якдигар дареғ накунед. Ибрози муҳаббати ба мавқеъ дар зиндагии муштарак алоқа, нишот ва тароват ба вуҷуд меоварад. Ин амр фақат лозимаи рӯзҳои нахустини издивоҷ нест, балки бо гузашти замон ниҳоли навпойи зиндагӣ ба дарахти тановар табдил мешавад, ки ниёзи бештаре ба обёрӣ дорад. Бо ибрози муҳаббат ва нишон додани ишқу алоқа ба ҳам, метавон ин дарахти тановарро барои ҳамеша бо нишот, борвар ва бо тароват нигаҳ дошт.

4) Ошиқона ба ҳам нигоҳ кунед. Чигунагии нигоҳ кардани ҳар яке аз мо ба дигарӣ ба (чигуна будани мо) бастагӣ дорад, на ба (чигуна будани ӯ.) забони нигоҳ, забони таъсиргузоре аст. Шумо бо нигоҳ кардан ба тарафи муқобил, ба ӯ мефаҳмонед, ки ба сӯҳбат кардан бо ӯ алоқаманд ҳастед. Агар ӯ сухан мегӯяд, шумо ҳамчунон, ки табассуме бар лаб доред ба сурат ва чашми ӯ нигоҳ кунед. Ин ҳолоти шумо, асари мӯъҷизаосое дар эҷоди самимият ва ишқ дорад. Илова бар ин, ағлаб дар як завҷи ошиқ шоҳиди ба вуҷуд омадани забони рамзӣ ва иборатҳои маҳрамонае ҳастем, ки афроди дигар қодир ба дарки он нестанд ва низ, ишораҳо ва кинояҳое, ки танҳо ушшоқ онро мефҳманд.

5) Дар пинҳон кардани рози худ пофишорӣ накунед. Вақте яке аз шумо иштибоҳ кардед, содиқона ва самимӣ ба он эътироф кунед. Муроқиб бошед, ки эҳсосоти ҳамсаратонро ҷариҳадор накунед. Садоқат ва изҳори пушаймонӣ ва надомат танҳо роҳи илоҷи воқеа аст. Зеро қабул накардани иштибоҳ ва напазируфтани хато ихтилофро доман мезанад ва то замоне, ки ба иштибоҳи худ иътироф накардед ва самимона аз ҳамсаратон бахшиш нахоҳед, робитаи заношуӣ бозсозӣ намешавад.

6) Бояд бидонед, ки ҳар мавзӯеро ба шеваи хосс бо ҳамсари худ дар миён бигузоред. Агар фикр кунед гуфтани он зарурате надорад ва нагуфтани он оянда шумо ротҳдед намекунад, исрор дар брмло кардан он накунед. Ҳангоми баёни масъалае, ки дар гузашта доштаед, ибтидо бахши аз онро фош кунед. Ба ин маъне, ки аз масоил кӯчактар шурӯъ кунед. Агар ҳамсартон зарфият пазириш онро дошт ба тадриҷ масоил муҳиммтар ропеш бкшед.

7) дар матраҳ кардан масоил нохушоианд саъй кунедхудро ҳам дахолат диҳед. Масалан ба ҷой ин, ки бигӯед, чаро бо фулонӣ ин тавр бархурд кардӣ? Бигӯед: кош бо ӯ ин тавр бархурд намекардем.

8) Ҳангоми тарҳи масъала бо ҳамсари худ ҳаргиз ҷумлаи (ту бо ҳеҷ кас наметавони канор биёи)-ро ба кор набаред. Зеро ҳамин ҷумла боис мешавад, ки ӯ дигар ҳеч гоҳ масоили худро бо шумо дар миён нагузорад.

9) Ба ҷои ҷустуҷӯ дар аъмол ва рафтори ҳамсаратон, саъй кунед аз худи ӯ савол кунед. Гуфтугӯи мустақим бо ҳамсар сабаб мешавад, ки дар мавриде, ки шумо шак ва тардид доштед, мушкил осонтар ҳал шавад.

10) Агар иштибоҳҳои якдигарро ба рухи ҳам бикашед, зеро пояҳои зиндагии муштаракро суст мекунад.

11) Агар хатое аз ҳамсари худ дидед, зуд контроли худро аз даст надиҳед ва суфраи дилатонро назди ҳар кас боз накунед. Хусусан назди падару модаратон. Зеро ин кор сабаби сарафкандагии ҳамсаратон мешавад ва имкони оштиро бисёр заиф мекунад. Замоне, ки робитаи шумо бо ҳамсаратон тира шуд оромиши худро ҳифз кунед, матин ва хунсрд бошед, вагарна рафторатон ғайримантиқӣ мешавад ва мумкин аст даст ба коре бизанед, ки сабаби пушаймонӣ шавад.

12) Агар мехоҳед ишқ ва алоқаи худро ба ҳамсаратон тадовум бахшед, бояд замони кофиро барои бо ҳам будан ва ибрози муҳаббат кардан ихтисос диҳед. Ва ба ёдоварии рӯзҳои нахустини оштиатон бипардозед.

13) Талофи ҷу (қасдгир) набошед. Агар бихоҳед ба талофии иштибоҳи худ лаҷбози кунед, ҳама пулҳои робита бо ҳамсаратонро хароб кардаед. Бо гузашт ва фидокорӣ ҳамсаратонро барои ҳамеша мадюни худ созед.

14) Инъитофпазир бошед. Бо чашмпӯшӣ ва нармиш метавон аз ба вуҷуд омадани нооромиҳои бедалел пешгирӣ кард. Мавориди ихтилофро фақат ба нияти расидан ба дидгоҳи муштарак тарҳ кунед, на барои такрор ва тасбити кудурати душманӣ.

15) Сабр ва бурдбории ҳамсари худро ба унвони вазифаи ӯ қаламдод накунед. Балки шумо низ бо гузашт ва матонат ва нуктасанҷӣ қадрдонии худро нисбат ба ӯ собит кунед.

16) Ҳамсари озурда шарики хубе барои зиндагӣ нест. Якдигарро наёзоред. Иҷоза надиҳед якнавохтӣ ва касолат ғубори ғамро бар зиндагиатон биафшонад.

17) Нисбат ба ҳамсаратон эҳсоси масъулият кунед. Ин эҳсос посухи иродаи одамӣ аст ба ниёзҳои як инсони дигар, хоҳ ин ниёзҳо баён шуда бошад ё баён нашуда бошад.

18) Ба ҳамсаратон эҳтиром бигузоред. Эҳсосоташро дарк кунед. Манзур аз дарки эҳсосот он аст, ки ҳамсари худро он тавр, ки ҳаст бишиносед (аз назари хсусёти ахлоқӣ, ақлонӣ, имонӣ, идеяҳо, орзуҳо, эҳсосот ва авотиф). Эҳтиром гузоштан ба ҳамсар иборат аст аз пазириши вай он тавр, ки ҳаст ва арзиш гузоштан ба шахсият ва камолоти ӯ.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.