Сигори охир

117

 

Аз ҳар ду нафаре, ки сигор кашиданро аз давраи ҷавонӣ шурӯъ мекунанд, як нафар ба иллати зарарҳои он, ҷони худро аз даст медиҳад. Ин воқеияти талхро таҳқиқоти коршиносон собит мекунад. Ин осебҳо ба далели беш аз чаҳорҳазор навъ моддаи саммӣ ва хатарноке аст ки дар таркиботи сигор аст, ки анвои саратонҳо ва сактаҳои қалбӣ ва мағзӣ аз зарарҳои он ба шумор меояд.

То чанд сол пеш, кашидани сигор дар кишварҳои Аврупоӣ ҳеҷ маҳдудияте надошт, аммо аз соли 2004 кишвари Ирландия кашидани сигорро дар маконҳои умумӣ мамнуъ эълом кард ва ба думболи он кишварҳои Шветсия ва Италия низ қонунҳое барои манъи истеъмоли духонёт вазъ карданд. Имрӯза дар бештари кишварҳои Аврупоӣ маҳдудиятҳое дар ин бора ба вуҷуд оварданд. Дар кишвари Фаронса кашидани сигор дар бемористонҳо, мактабҳо, идорот, истгоҳҳои роҳиоҳан ва фурудгоҳҳо мамнуъ аст ва мутахаллифон бо ҷаримаҳои нақдӣ то 68 Евра рӯбарӯ мешаванд. Дар Англистон ин ҷаримаҳо шадидтар аст ва гоҳ то 2500 Понд ҳам мерасад.

  Як фикру тааммул:

Ин, ки Америка ва кишварҳои Аврупоӣ бо қарор додани ин қавонини сахт ва эҷоди маҳдудитҳои бисёр кушиш мекунанд масрафи духонётро дар кишварашон коҳиш диҳанд, аммо аз он су, ширкатҳо ва корхонаҷоти тавлиди духонёти онҳо ҳар чӣ бештар маҳсулоти худро ба кишварҳои ҷаҳони севум сарозер карда ва дар таблиғи колоҳояшон ҳам аз ҳеҷчиз кӯтоҳӣ намекунанд, саволе аст, ки бояд ҷавонон ва навҷавонони азизи кишвари мо дар бораи он андеша кунанд.

 Дуди дасти дуюм:

Бар асоси ёфтаҳои муҳаққиқон, дуди сигори дасти дувум (дуде, ки сигоркаш дар ҳангоми сигоркашӣ онро аз худ берун меоварад) шомили беш аз панҷоҳ навъ модаи саратонзо ва ҳадди ақал 250 модаи химиёвии хатарнок аст ва дар ин миён бештарин хатарҳо мутаваҷҷеҳи кӯдакон ва навҷавононе аст, ки бо волидайни сигории худ зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол гуфта шуда эҳтимоли ибтило ба саратони шуш дар афроди ғайрисигорӣ, ки бо афроди сигорӣ зиндагӣ мекунанд сӣ дарсад бештар аз дигарон аст ва дар бузургсолон ба бавуҷуд омадани бемориҳои қалбӣ ва саратони шуш ва дар кӯдакон ба бемориҳои дасгоҳи танаффус мунҷар мешавад. Масрафи духонёт дар ҳоле солиёна ҷони панҷ миллион нафарро дар ҷаҳон мегирад, ки бо вазъи баъзе қавонин метавон дарсади болое аз асароти онро контрол кард.

Мутаассифона бар асоси пешбиниҳои анҷомшуда омори талафоти маргумирҳои нашъат гирифта аз масрафи сигор то соли 2020 рӯзона ба 25 ҳазор нафар мерасад.

  Сигориҳо дар маҳдудаи замон:

Шояд ин интиқод матраҳ шавад, ки бо манъи сигор кашидан дар маконҳои умумӣ, афрод ба хонаҳо паноҳ мебаранд ва зану кудаконашонро дар маърази олудгиҳои ношӣ аз дуди дасти дувуми сигор қарор медиҳанд аммо бо як таҳлили содда метавон гуфт: Афрод беш аз ниме аз вақти худро дар хона хоб ҳастанд ва мобақии онро низ, ки дар канори зану фарзанд мегузаронанд ба иллати баъзе ҳассосиятҳо камтар ба кашидани сигор дар муҳити хона рағбат нишон медиҳанд ва ин метавонад оғозе барои камтар сигор кашидан ва ё тарки масрафи духонёт бошад.

Сигор кашидан туҳфаи ғарбу ва Аврупо барои ҷавонон буд ва бо пайравӣ аз бозигарони синмои ғарб ривоҷ ёфт. Ҳоло аммо ба назар мерасад касоне, ки ба содагӣ ба хотири ҳамин тақлидҳои сатҳӣ, сигорӣ шудаанд натавонанд ба ҳамин роҳатӣ бо мамнуъияти сигор кашидан дар маконҳои умумӣ канор биёянд.

 Як тадбири бефоида:

Оё афзоиши қимати сигор роҳиҳали муносибе аст? Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дода, ки афзоиши қимати сигор натавониста маҳоре барои коҳиши истеъмоли сигор бошад балки сигориҳои камдаромадро ба тараф кашидани сигорҳои арзонтар, ки ҳам зарари бештаре доранд ва ҳам дуди бештар тарғиб кунад. Вақте ба осонӣ бо қарор додани ҷаримаи оддӣ фарҳанги истифода аз тасмачаи бехатарӣ дар дохилу хориҷи шаҳр дар ронандаҳо ривҷ пайдо кард, чаро дар бораи сигориҳо ин қанун иҷро нашавад?

  Сигор фиреб медиҳад:

Сигор яке аз бузургтарин мушкилоти беҳдоштии қобили пешгирӣ дар ҳамаи ҷавомеъ аст. Бисёри афроди сигорӣ иддио мекунанд сигор боиси коҳиши асабоният ва таниш ва рафъи изтироб ва хастагии онон мешавад, аммо таҳқиқот нишон медиҳад шурӯъ ба масрафи духонёт, ҷанбаи равонӣ дорад ва сигор танҳо ба сурати гузаро ва муваққат, асабониятро коҳиш медиҳад вале соати баъд изтироб ва нигаронӣ бештар мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.