Хастагиҳо дар пушти дари хона

123

Яке аз диққатҳое, ки метавонад сабаби зеботар шудани вуруди шумо ба хона бошад, таваҷҷӯҳ ба муносибатҳои мухталифи сол аст. Рӯзҳои мухталифе дар тӯли сол вуҷуд доранд, ки шумо бо таваҷҷӯҳ ба онҳо метавонед самимияту муҳаббат байни аъзои хонаро тақвият кунед. Рӯзҳои хоссе ҳамчун рӯзҳои ид, зодрӯзҳо ва рӯзҳои таваллуди аъзои хона, солрӯзи издивоҷ ва… ҳам метавонанд баҳонае барои таваҷҷӯҳи вежаи шумо бошанд. Таваҷҷӯҳ ба баъзе аз ин рӯзҳо ҳатто метавонад бунёнҳои динӣ ва мазҳабӣ ва миллии фарзандону хонаводаи шуморо низ тақвият кунад.

 Вақтеро барои ҳамсаратон ихтисос диҳед

Харидҳоятонро кардаед, ба бачаҳо таваҷҷӯҳ карда ва каме бозӣ кардаед, ба сару вазъи хона ва ҳамсаратон таваҷҷӯҳ кардаед, ҳоло вақти он аст, ки замонеро бо ҳамсаратон хилват кунед. Ин баҳона метавонад хӯрдани чой ё мева бошад. Замоне бо ҳамсаратон хилват кунед ва аз иттифоқоти рӯзмарра бипурсед ва унсу улфат ва таваҷҷӯҳе дошта бошед. Каме аз барномаҳо ва иттифоқоти рӯзмарраи худатон таъриф кунед ва чанд дақиқаи рӯзатонро бо ҳам шарик шавед. Ин кор сабаб мешавад робитаи самимӣ байни шумо ва ҳамсаратон беш аз пеш тақвият шавад ва ҳатто агар соатҳои зиёде аз рӯзро дар хона набудаед бо ҳамин чанд дақиқа бокайфият ҷуброни соатҳо бишавад. Имтиҳон кунед.

 Муҳаббату таваҷҷӯҳро фаромуш накунед

Аз дари хона, ки дохил мешавед ҳамонанди як пулиси кунҷков ҳамачизро зери назар бигиред. Ҳатман ҳамсару фарзандони шумо дар соатҳое, ки набудаед корҳое анҷом додаанд, ки ҳоло аз шумо интизор доранд онҳоро бубинед. Ба ҳамачиз таваҷҷӯҳ кунед; Чиниши хона, навъи декоратсия, мураттаб шудани манзил, ороиши ҳамсаратон, либосе, ки ба тан карда, наққошие, ки духтари кӯчакатон кашида ё китобе, ки писари навҷавонатон дар даст дорад ва мутолиа мекунад. Ба ҳар кадом аз инҳо вокуниши нишон диҳед ва таваҷҷӯҳ кунед то хонаводаи шумо бидонанд ва боварӣ дошта бошанд, ки барои шумо муҳим ҳастанд ва дар конуни таваҷҷӯҳи шумо қарор доранд. Гоҳе диққати шумо дар ташхиси ороиши ҳамсаратон ва таъриф аз он, аз ҳазор ҷумлаи муҳаббатомез асаргузортар аст. Аз бӯсидану навозиши ҳамсару фарзандонатон ғафлат накунед ва бо бӯсидани онҳо муҳаббати худро ба онҳо иброз кунед. Ҳатто метавонед бигӯед, ки чиқадар аз субҳ, ки аз хона берун рафтаед дилтанги хона буда ва дӯст доштед, ки ҳар чӣ сареътар ба хона баргардед.

 Хастагиҳоро дар пушти дари хона қарор диҳед

Шумо хастаед, соатҳо дар берун аз хона кор кардаед ва бо ҳазор навъ масъала ва мушкил ва одамҳои гуногун сару калла задаед ва дигар тавоне бароятон боқӣ намонда. Ҳамаи инҳо дуруст, аммо бигузоред бо қотеъият ба иттилоатон бирасонем, ки ҳамаи инҳо далеле барои чеҳраи гирифта, абруҳои дарҳаму лабҳои овезони шумо вақти вуруд ба хона намешавад. Ҳамсару фарзандони шумо соатҳо дар хона мунтазир буданд то падар ба ҷамъи онҳо бозгардад ва фазои гарми хонаводагӣ такмил шавад. Фарзанди кӯчаки шумо борҳо аз модараш пурсидааст: “падар кай меояд?”, “модар! Ҳоло ғуруб нашудааст, ки падар аз кор биёяд?” ва дилашро барои дидани чеҳраи шодоби падар собун зада; пас лутфан ҳамаи хастагиҳо ва беҳавсалгиҳоро ҷои ҳамон пушти дар, пои дарахтҳои кӯча қарор диҳед. Лабханд бизанед ва лаззати доштани падару ҳамсари меҳрубонро ба хонаводатон ҳадия кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.