Бо ин амал хайр ва баракат дар зиндагӣ ҷори мешавад

90

 

Икроми ниёзмандон ва ятимон дар моҳи мубораки Рамазон яке аз вежагиҳои наздик шудани инсон ба Худованд аст.

Худованди мутаол агар мехост метавонист ҳамаро бениёз аз падар ва модар халқ кунад; Инки бархе дар ҷавонӣ аз дунё мераванд ва ё волидайни худро дар хурдсолӣ аз даст медиҳанд ҳама ба машияти илоҳӣ аст чароки хости Худованд ин аст, ки зиндагии инсон бо фарозу фуруд, пастиву баландӣ ва сахтиву осудагӣ ҳамроҳ бошад то бо мушоҳида ва ламси он ҳам шокири Худованд бошад ва ҳам рӯҳия ибодии бештаре дошта бошад.

Моҳи равшан шудани дилҳо

Имом Ҳасани Аскари (а) дар ҳадисе мефармоянд: «Дилҳо ҳолати иқбол (майл доштан) ва идбор (бемайлӣ) доранд. Пас онгоҳ, ки дил рӯй овард ва омодагӣ дошт, онҳоро бар мустаҳаббот во доред ва онгоҳ, ки пушт кард ва бе майл буд, онҳоро ба воҷибот басанда кунед.» Моҳи мубораки Рамазон як рағбати хоссе дар дили ҳамаи афрод барои анҷоми аъмоли худописандона эҷод мекунад.

 Кумак кардан бояд бо муҳаббат ва каримона бошад

Кумак кардан монанди ҳарс (қаламча) кардан дар боғбонӣ мемонад, вақте меваҳое монанди ангур ва ё шохаи дарахтони дигар бештар аз ҳадд рушд мекунад қисмате аз онро кӯтоҳ карда то ончи, ки боқӣ мондааст, қавитар ва бо сифаттар шавад; Кумак кардан ба фарди ниёзманд ва ятим низ ба ҳамин шакл аст. Бинобар ин, агар ман ба фарди ниёзманд, фақир ва ятим кумак кунам ва изофаи мол ва дороии худро бибахшам, бе шак хайраш ба зиндагӣ ва молам мерасад.

Нуктаи дигаре, ки дар кумак кардан ба дигарон бояд мадди назар дошта бошем он аст, ки ин амали нек бояд ба шакли ҳунармандона, каримона ва бо муҳаббат ҳамроҳ бошад.

Фазилат ва арзиши ятимнавозӣ

Аз хутбае, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) дар бораи фазилати моҳи Рамазон ирод кард, ва дар он фармуд: «Он кас, ки ба ятиме муҳаббат кунад, ба каромат аз сӯи Худованд даст меёбд» бар меояд, ки миёни икром ба ятим ва икром аз сӯи Худованд, иртиботи танготанаге вуҷуд дорад. Икром ба ятим, ба икром аз сӯи Худованд ба шахс меанҷомад: «Бар ятимони мардум, меҳр ва муҳаббат варзед то бар ятимони шумо меҳр ва муҳаббат шавад. Ҳар, ки дар ин моҳ, ятимеро гиромӣ бидорад, Худованд ӯро дар рӯзи қиёмат, икром мекунад».

Дар дуои ҳаштуми моҳи Рамазон дар бораи ятимнавозӣ ва дилҷӯӣ аз ятим чунин хондем: «Худоё дар ин рӯз тараҳҳум бар ятимонро рӯзиам фармо».

Чаро, ки ятимнавозӣ ва тараҳҳум бар ятимон яке аз дастуроти бузурги Ислом аст, ки бар мусулмонон воҷиб аст, ки дар ин амри муҳимм бисёр кӯшо бошанд чаро, ки ятим ба касе гӯянд, ки дар зоҳир сарпаноҳ ва сарпарасте барои худ надошта бошанд (яъне ҳеҷ кас набошад, ки ӯро сарпарастӣ кунад мисли падар ва модар) ба тавре, ки фақат Худованд ҳомӣ ва сарпаноҳи ӯ бошад, ки Худованд ҳуқуқи чунин афродеро бисёр мӯҳтарам дошта ва бар тараҳҳум ба онон таъкид менамояд.

 калом охир

Каломро бо суфорише аз Алӣ алайҳиссалом дар робита бо ятимон ба поён мебарем:

Ҳазрати Алӣ (а) мефармояд: ”Худоро! Худоро! Дар бораи ятимон, накунад, ки онон гоҳе сер ва гоҳе гурусна бимонанд ва ҳуқуқашон зоеъ гардад!

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.