Мудоро ва меҳрубонӣ ҷо дорад!!

138

 

Қуръон ба унвони паём ва иблоғи илоҳӣ ба Паёмбари Ислом (с) нозил гашта бар асоси мантиқ ва гуфтугӯ. Дини ислом, ки бар меҳварияти Қуръони Карим шакл гирифтааст, дар сарзамине нозил гашт, ки ақиб афтода ва аз илму фарҳанг дур буданд. Аммо дар муддатзамони кутоҳ на дар нимҷазираи Арабистон балки дар атрофи он илму фарҳанг ба суръат густариш ёфт. Пас қатъӣ аст, ки ин китоби муқаддас дорои меъёри гуфтугӯи махсус ба худ аст.

Ба воқеъ агар ба мабнои аксари гуфтугӯҳо таваҷҷуҳ кунем мебинем, ки асоси аксари онҳо ҳавои нафсонӣ ва худхоҳиҳо ва такаббурҳо ва разоили шайтонӣ аст; Дар аксари ин гуфтугӯҳо мо одамҳо ният ва саъямон бар ин аст, ки худамонро боло бикашем ва дигаронро бо ҳарфҳоямон, хоста ё нохоста нороҳат кунем. Ба ҳамин далел аксари онҳо ба даргирӣ ва низоъ табдил мешавад. Вақте ибтидои гуфтугӯ бо нияти ғайри илоҳӣ шурӯъ мешавад натиҷаи он ҳам наметавонад умедворкунанда бошад. Чунин афроде тавоноии шунидани сухани дигарон ва пазириши ҳақиқатро надоранд; Зеро нафс бар онҳо ҳоким аст.

Гуфтугӯи ахлоқмеҳвар, зомини риояти адаб ва эҳтиром ба дигарӣ ва натиҷаи он эҷоди муҳаббат ва бародарӣ байни онҳо ва гуфтугӯи самимона ва монеи ихтилофот хонумонсӯз аст. Баррасии оёт нишон медиҳад, ки Қуръони Карим ба мудоро кардан дар гуфтугӯ бисёр аҳаммият додааст.

Усул ва равиши гуфтугӯ дар Қуръон

1- Ҷидоли аҳсан

Муҷодила ба маънои баҳс ва истидлол кардан аст. Дар Қуръон ба Паёмбар дастур дода шуда, ки бо беҳтарин навъ гуфтугӯ, бо ҳикмат ва мавъизаи ҳасана ва некӯтарин ҳолат даъват ба ҳаққ кунад, посух додан ва дафъ кардан ва қонеъ кардан ҳам бояд чунин бошад: (Эй пайғамбар! ) мардумонро бо суханони устувор ва баҷо ва андарзҳои некӯ ва зебо ба роҳи Парвардигорат фарохон, ва бо эшон ба шеваи ҳарчи некӯтар ва беҳтар гуфтугӯ кун; Чаро, ки (бар ту таблиғи рисолати илоҳӣ аст бо суханони ҳакимона ва мустадалона ва огоҳона, ва ба гунаи бас зебо ва гиро ва пайдо, ва бар мо ҳидоят ва залол ва ҳисобу китоб ва сазо ва ҷазо аст). Бегумон парвардгорат огоҳтар (аз ҳамагон) ба ҳоли касоне аст, ки аз роҳи ӯ мунҳариф ва гумроҳ мешаванд ва ё ин, ки раҳнамуд ва роҳёб мегарданд.» (Наҳл, 125)

Баъзе аз мавъизаҳо ҳасана нестанд ва баъзе аз ҷидолҳо ҳасан ва баъзе дигар аҳсан ва баъзе дигар аслан ҳусн надоранд вагарна Худованд мавъизаро муяд ба ҳасан ва ҷидолро муқаяд ба аҳсан намекард. Воиз бояд ба ончи ваъз мекунад худ ваъз гирад ва дар ваъзи худ ҳусни хулқ нишон диҳад, ки каломаш дар қалби шунаванда биншинад ва агар аз роҳи ҷидол даъват мекунад бояд аз ҳар сухане, ки хасмро бар даъваташ таҳйиҷ мекунад ва ӯро ба душманӣ во медорад ва бар ғазабаш бияфзояд бипарҳезад ва низ аз беиффатӣ парҳез кунад. (Таботабоӣ, ҷ 12, саҳ 534- 536)

2- Ҳаққмадорӣ ва ростҷӯӣ

Дар Қуръон ба риояти қист ва адл ва зулм накардан борҳо ишора шудааст, риояти қист ва адл дар гуфтугӯ ҳамон ҳақталабӣ ва ҷустуҷӯи ҳақиқат аст ва аҳли куфр касоне муаррифӣ мешаванд, ки ба василаи ботил мехоҳанд ҳақро бипушонанд: «Ҳамвора кофирон беҳуда ба ҷидол мепардозанд то бо ҷидол ҳақро (аз майдон ба дар кунанд ва онро) аз миён бибаранд. Онон оёти (Қуръони) маро ва чизеро, ки аз он бим дода шудаанд (ки мукофоти дунявӣ ва ухровӣ аст, ба) истеҳзо мегиранд.» (Каҳф, 56)

  3- Парҳез аз гумон

Баҳси мантиқӣ ва илмӣ наметавонад бар асосӣ гумон ва ҳадс анҷом шавад. Аз муқаддамоти дуруст метавон ба натиҷаи дуруст расид. Набояд дар баҳси илмӣ ба умуре такя кард, ки қатъӣ нест ва дар мавриди дурустии онҳо шак вуҷуд дорад. Нисбати носаҳеҳ дар умури машкуки худ навъе бӯҳтон ва ифтиро маҳсуб мешавад; Зеро ҳақиқати он исбот нашудааст ва қазоват бар асоси он иштибоҳ аст. Ҳар хабар ва сухан ва матлаберо наметавон пазируфт бояд қабл аз он таҳқиқ кард: «Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, мабодо ба нодонӣ гурӯҳеро осеб бирасонед ва баъд аз ончи кардаед пушаймон шавед» (Ҳуҷурот, ояти.6) Бархе аз умури заннӣ гуноҳ маҳсуб мешаванд: «Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳо парҳез кунед, ки порае аз гумонҳо гуноҳ аст.» (Ҳуҷурот, ояти.12)

  4- Шуҷоат

Шуҷоат чӣ дар пазириши ҳақиқат ва чӣ дар баёни он лозим аст. Дар роҳи ҳақ бояд фақат аз Худо тарсид на аз ғайри Ӯ: «Гурӯҳе аз онон аз мардум тарсиданд монанди тарси аз Худо ё тарси сахттар»(Нисо,ояти 77) Ва набояд аз маломатҳо тарсид: «Ва аз сарзаниши ҳеҷ маломатгаре наметрсанд. Ин фазли Худост, онро ба ҳаркас бихоҳад медиҳад»(Моида, ояти.54) «(Пайғамбарони пешин, яъне он) касоне, ки (барномаҳо ва) рисолатҳои Худоро (ба мардум) мерасонданд, ва аз ӯ метарсиданд ва аз касе ҷуз Худо наметарсиданд, ва ҳамин баски Худо ҳисобгари (заҳамот ва подошдиҳандаи аъмоли онон) бошад.» (Аҳзоб, ояти.39)

5- Истимои сухан

Барои фаҳмидани дидгоҳ ва тарзи фикри дигарон ибтидо бояд ба таври комил онҳоро шунид, баъд метавон донист, ки назари онҳо чист, дуруст ё ғалат аст. Бояд омодагии шунидани суханони мухталифро дошт ва аз миёни баёноти мухталиф сухани дурустро интихоб кард: «Башорат бод бар он касоне, ки ба ҳамаи суханон гӯш фаро медиҳанд ва аз некӯтарин ва зеботарини онҳо пайравӣ мекунанд. Онон касоне ҳастанд, ки Худо ҳидояташон бахшидааст, ва эшон воқеан хирадманданд.» (Зумар, 17 ва 18)

Мудоро ва меҳрубонӣ дар ҷойгоҳи худ дар дӯстиҳо

Ҳазрати Алӣ (а) дар фарози сивуҳаштум аз номаи худ ба имом Ҳасани Муҷтабо (а) дар робита бо «мудоро ва меҳрубонӣ дар ҷойгоҳи худ дар дӯсти‎ҳо» ҳушдор медиҳад, ки мабодо ин нармишҳо ва мудороҳоро дар ғайри ҷойгоҳи худ, анҷом диҳи ё нисбат ба ноаҳл, чунин кунӣ, зеро ин ҳусни ният ва кирдори бисёр некӯ, дар ғайри маҳалли худ, сабаби суи истифодаҳои густарда ме‎шавад ва афроди гуноҳкор ва муҷрим, дар анҷом додани хатоҳои худ, ташвиқ мешаванд.

Неки‎ҳои зиёд дар баробари афроде, ки шарур ва ноаҳл ҳастанд чӣ басо сабаби иштибоҳашон ме‎шавад ва аз сари нодонӣ ме‎пиндоранд, ки кори хубе анҷом додаанд ё вазифаи дӯстам ин аст, ки як сара бо ман меҳрубон бошад ҳамчунонкӣ: «хубӣ чун аз ҳадд гузашт нодон хаёли бад ме‎кунд.»

Имом дар ин каломи худ ишора ба афроди ноаҳл ва лаҷуҷ ва кинатуз ва бадзот дорад, ки меҳрубонӣ ва нармиш ва мудорои фаровон ва беҷо дар баробари онҳо сабаби ҷуръат ва ҷасораташон мешавад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.