Инфоқе, ки беарзиш аст

78

Худованд дар ояти 265 сура муборакаи Бақара фармудааст: Инфоқи худро бо минат ва таҳқир ва озор ботил насозед, монанди касе, ки моли худро барои худнамоӣ инфоқ мекунад ва ба Худо ва қиёмат ҳам имон надорад.

Онгоҳ барои он чунин мисол меоварад: Қитъаи сангеро дар назар бигиред, ки қишри нозуке аз хок рӯйи онро пӯшонда бошад ва донаҳое дар ин хок пошида шавад ва дар маконе, ки ҳавояш озод аст ва дар тобиши офтоб қарор гирад, ва сипас борони пурбаркте бар он биборад. Маълум аст ин борон натиҷааш ин аст, ки он хок ва донаҳоро шуста мебарад, зеро чунин шароите муносиби коридани донаҳо ва рушди онон нест. Инфоқе, ки бо нияти олуда ба риё ва минат гузоштан анҷом гирифтааст, ба он қишри хок ташбеҳ шудааст, ки бороне, ки сарсабзӣ меофаринад, дар мавриди он бе фоида аст ва онро аз байн мебарад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.