Одоби рӯзадорӣ

146

Аҳкоми рӯза дар китоби Фиқҳус-сунна

Мустаҳаб аст, ки рӯзадор одоби зерро риоят кунад:

Хӯрдани ғизои саҳарӣ

Уммати мусалмон иҷмоъ дорад бар ин ки хӯрдани ғизои саҳарӣ барои рӯзадор мустаҳаб аст. Агар касе онро тарк кард, бар вай гуноҳе нест. Аз Анас ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (с) фармуд:

تسحروا فإن في السحور بركة

“Ғизои саҳарӣ бихӯред, зеро дар он баракат мебошад.” Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Ва аз Мақдум ибни Маъдикараб ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт:

‌علیکم بهذا السحور، فإنه هو الغذاء المبارك

“Бар шумо бод, ки ғизои саҳарӣ бихӯред, зеро он ғизои пурбаракате аст.” Насоӣ бо санаде ҷайид (некӯ) онро ривоят кардааст.

Баракати саҳарӣ хӯрдан дар ин аст, ки рӯзадорро нерӯ ва нишот мебахшад ва рӯзаро бар вай осон месозад. Саҳарӣ хӯрдан бо таъоми бисёр ва ё андак таҳаққуқ мепазирад, ҳарчанд ки ҷуръаи обе бошад. Аз Абӯсаиди Худрӣ ривоят аст: “Саҳарӣ хӯрдан пурбаракат аст, онро тарк накунед, ҳарчанд ки бо як ҷуръа об бошад, зеро Худо ва фариштагон бар хӯрандагони саҳарӣ дуруд мефиристанд.” Ба ривояти Аҳмад.

Вақти саҳарӣ хӯрдан

Вақти саҳарӣ хӯрдан аз нисфи шаб то ҳангоми тулӯи фаҷр ва сапедаи субҳ аст ва мустаҳаб мебошад, ки ба таъхир биуфтад. Аз Зайд ибни Собит ривоят аст, ки гуфт: “Ҳамроҳи Паёмбар (с) саҳарӣ хӯрдем, сипас бархостем ва барои намоз рафтем. Ба вай гуфтам, фосила байни саҳарӣ хӯрдан ва намоз чӣ қадр буд? Гуфт: ба андозаи муддати хондани панҷоҳ ояти Қуръон.” Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Аз Амр ибни Маймун ривоят аст, ки гуфт: “Ёрони Муҳаммад (с) беш аз ҳамаи мардум дар ифтор шитоб меварзиданд ва дар хӯрдани саҳарӣ таъхир мекарданд”. Байҳақӣ бо санаде саҳеҳ онро ривоят кардааст.

Аз Абӯзари Ғифорӣ ба тариқи марфуъ аз Паёмбар (с) ривоят аст, ки фармуд: “То замоне ки уммати ман дар ифтор шитоб кунанд ва дар саҳарӣ хӯрдан таъхир кунанд, яъне зуд ифтор кунанд ва дер саҳарӣ бихӯранд, бар хайру некӣ ҳастанд.”

Дар санади ин ҳадис Сулаймон ибн Абӯусмон вуҷуд дорад, ки гумном ва маҷҳул аст.

Шак намудан дар тулӯи фаҷр ва сапедаи субҳ

Ҳар кас дар бораи тулӯи фаҷр шак кунад, барояш ҷоиз аст ба хӯрдан ва ошомидан идома диҳад, то ин ки дар тулӯи фаҷр яқин касб кунад, ва лозим нест, ки ба шак амал кунад; зеро Худованд поёни хӯрдан ва нӯшидан (имсок)-ро бар яқин қарор додааст, на бар шак, ки фармудааст:

وكلوا واشربوا حتى يتبين لكم الخيط الابيض من الخيط الاسود من الفجر

“Бихӯред ва биёшомед, то замоне ки хатти сапедаи субҳ аз хатти сиёҳии шаб ошкор мегардад.”

Марде ба Ибни Аббос гуфт: “Ман вақте ки саҳарӣ мехӯрам, чун ба шак афтодам, имсок мекунам.” Ибни Аббос гуфт: “Ҳар вақт шак кардӣ, ба хӯрданат идома бидеҳ, то ин ки шаккат бартараф шавад.”.

Абӯдовуд аз қавли Абӯабдуллоҳ (Аҳмад ибни Ҳанбал) гуфтааст: “‌Ҳар кас дар тулӯи фаҷр шак кунад, то ин ки ба тулӯи фаҷр яқин ҳосил мекунад, ба хӯрдан идома диҳад.”

Ин буд мазҳаби Ибни Аббос ва Ато ва Зориъӣ ва Имом Аҳмад. Нававӣ гуфтааст: ёрони Имом Шофеӣ иттифоқи назар доранд бар ин ки агар касе дар тулӯи фаҷр шак дошта бошад, барояш ҷоиз аст, ки ба хӯрдан идома диҳад.

Шитоб дар ифтор

Ҳар гоҳ ғуруби хуршед муҳаққақ бишавад, мустаҳаб аст, ки дар ифтор шитоб бикунад. Аз Саҳл ибни Саъд ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт:

لا يزال الناس بخير، ما عجلوا الفطر

“То замоне ки мардум дар ифтор шитоб мекунанд, бар хайр ҳастанд.” Ба ривояти Бухорӣ ва Муслим.

Лозим аст, ки ифтор бо чанд дона хурмои рутаб, ки теъдоди онҳо так бошад, анҷом гирад ва агар хурмо набошад, бо об ифтор сурат пазирад. Аз Анас ривоят аст, ки гуфт: “‌Паёмбар (с) пеш аз ин ки ба намоз истад, бо чанд дона хурмои рутаб ифтор менамуд. Ва агар рутаб набуд, бо хурмои сиёҳ (тамр) ва агар хурмо набуд, бо чанд ҷуръа об ифтор мекард.” Ба ривояти Абӯдовуд ва Ҳоким, ки онро саҳеҳ дониста ва Тирмизӣ, ки онро ҳасан донистааст.

Аз Салмон ибни Омир ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт:

إذا كان أحدكم صائما، فليفطر على التمر، فإن لم يجد التمر فعلى الماء، فإن الماء طهور

“Ҳар гоҳ яке аз шумо рӯза буд, бо хурмо ифтор кунад. Агар хурмо набуд, бо об ифтор кунад, зеро об покиза мебошад.” Ба ривояти Аҳмад ва Тирмизӣ, ки онро ҳасан ва саҳеҳ донистааст.

Аз ин аҳодис бармеояд, ки мустаҳаб аст пеш аз намози мағриб ифтор карда ва чун намоз хонда шуд, ниёзи хешро аз ғизо бароварда намояд, магар ин ки таъом ҳозир (ва суфра чида шуда) бошад, ки дар ин сурат нахуст ғизо сарф мешавад ва баъд намозро мехонанд. Анас гуфтааст, ки Паёмбар (с) фармуд:

إذا قدم العشاء فابدءوا به قبل صلاة المغرب، ولا تعجلوا عن عشائكم

“Ҳар гоҳ шом омода буд (суфраро чиданд), пеш аз намози мағриб шомро бихӯред ва дар хӯрдани он ҳам шитоб макунед.” Ба ривояти Шайхайн.

Хондани дуо ба ҳангоми ифтор ва дар тайи рӯз ба ҳангоми рӯзадорӣ

Ибни Моҷа аз Абдуллоҳ ибни Амри Ос ривоят кардааст, ки Паёмбар (с) гуфт:

إن للصائم عند فطره دعوة ما ترد

“Бе гумон, рӯзадор ба ҳангоми ифтор мавриди иҷобат қарор мегирад.” Ва Абдуллоҳ ба ҳангоми ифтор мегуфт:

اللهم إني أسألك برحمتك التي وسعت كل شئ أن تغفر لي

“Худовандо! Туро бад-он раҳматат, ки ҳама чизро дарбар мегирад, маро биёмурз!”

Дар ҳадис ба исбот расидааст, ки Паёмбар (с) мегуфт:

ذهب الظمأ، وابتلت العروق، وثبت الاجر إن شاء الله تعالى

“Ташнагӣ рафт, рагҳо сероби шуданд, агар Худо бихоҳад, подоши он низ собит гашт.”

Ва ба сурати мурсал ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) мегуфт:

اللهم لك صمت، وعلى رزقك أفطرت

“Худовандо! Барои ризои ту рӯза будам ва бар рӯзии ту ифтор мекунам.”

Тирмизӣ бо санаде ҳасан онро нақл кардааст, ки Паёмбар (с) гуфт:

ثلاثة لا ترد دعوتهم: الصائم حتى يفطر والامام العادل، والمظلوم

“Дуои се кас мардуд намешавад ва мавриди иҷобат воқеъ мегардад: рӯзадор то вақте ки ифтор мекунад, пешвои одил ва додгар ва касе ки ба ноҳақ мавриди ситам воқеъ гардидааст.”

Худдорӣ аз чизҳое, ки бо рӯзадорӣ мунофот дорад

Рӯза ибодате аст, ки Худованд онро ба манзури тазкия ва парвариши нафс ва руҳи инсон ва одат додани он бар хайр ва некӣ фарз карда ва аз беҳтарин ибодатҳое аст, ки ба манзури тақарруб ба Худованд анҷом мепазирад. Бинобар ин шоиста ва лозим аст, ки рӯзадор хештанро аз корҳое, ки рӯзаашро хадшадор месозад, парҳез кунад, то аз рӯзааш савоб ва подош ва баҳраи комил бибарад ва ба он тақвое даст ёбад, ки Худованд аз он ном бурдааст:

يأيها الذين آمنوا كتب عليكم الصيام كما كتب على الذين من قبلكم لعلكم تتقون

Рӯза танҳо хештандорӣ аз хӯрдан ва нӯшидан нест, балки бояд аз ҳамаи чизҳое, ки Худованд аз онҳо наҳй кардааст, парҳез гардад. Аз Абӯҳурайра ривоят аст, ки Паёмбар (с) фармуд:

ليس الصيام من الاكل والشرب، إنما الصيام من اللغو، والرفث، فإن سابك أحد، أو جهل عليك، فقل إني صائم، إني صائم

“Рӯза танҳо иборат нест аз хештандорӣ аз хӯрдан ва нӯшидан, балки дар ҳангоми рӯза бояд аз ҳарзагӯӣ ва омезиш бо занон низ худдорӣ кунед. Агар касе ба ту фуҳш ва носазое гуфт ё нодонӣ кард, дар ҷавоби ӯ бигӯ: ман рӯзаам.” Ибни Хузайма ва Ибни Ҳаббон ва Ҳоким онро ривоят карда ва ба қавли Ҳоким бо шароити Муслим саҳеҳ аст.

Гурӯҳи муҳаддисон ҷуз Муслим аз Абӯҳурайра ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с) гуфт:

من لم يدع قول الزور والعمل به فليس لله حاجة في أن يدع طعامه وشرابه

“Ҳар кас сухани дурӯғ ва ношоист ва амал ба онро тарк накунад, Худованд ниёзе ба гуруснагӣ ва ташнагии ӯ надорад. Пас тарки хӯрданӣ ва нӯшиданӣ, барои пазириши рӯза кофӣ нест.”

Боз ҳам аз ӯ ривоят аст, ки Паёмбар (с) гуфт:

رب صائم ليس له من صيامه إلا الجوع، ورب قائم ليس له من قيامه إلا السهر

“Бисёр рӯзадороне ҳастанд, ки баҳраашон аз рӯза танҳо гуруснагӣ аст ва бисёр шабзиндадороне ҳастанд, ки баҳраашон аз он шабзинда‌дорӣ танҳо бедорӣ аст.” Ба ривояти Насоӣ, Ибни Моҷа ва Ҳоким, ки ӯ бино бар шароити Бухорӣ онро саҳеҳ медонад.

Мисвок кардан

Барои рӯзадор мустаҳаб аст, ки дар тайи рӯз сивок ва мисвок кунад ва фарқе байни аввал ва охири рӯз нест. Тирмизӣ гуфтааст: “Имом Шофеӣ дар мисвок ё сивок задан аввал ё охири рӯз ишколе намедид.” Ва Паёмбар (с) дар ҳини рӯза будан мисвок мезад.

Бахшандагӣ ва хондани Қуръон

Бахшандагӣ ва ва хондани Қуръон дар ҳамаи вақтҳо мустаҳаб ҳастанд, вале дар Рамазон таъкиди бештаре дорад. Бухорӣ аз Ибни Аббос ривоят кардааст, ки гуфт: “Паёмбар (с) бахшанда ва дастгушодтарини мардумон буд ва дар моҳи Рамазон вақте ки Ҷабраил (а) бо вай мулоқот мекард, аз ҳамаи вақтҳои дигар бухшандатар буд ва дар ҳар як аз шабҳои Рамазон Ҷабраил бо вай мулоқот мекард ва бо вай Қуръон мехонд. Ба ростӣ, Паёмбар (с) аз боди фарогир бахшандатар буд ва бахшандагии вай чун боди фарогир васеъ буд.”

Талоши бештар дар ибодат дар даҳ рӯзи охири Рамазон

Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Оиша ривоят кардаанд, ки Паёмбар (с) гуфт: “Ҳар гоҳ даҳаи охири Рамазон меомад, Паёмбар (с) шабро бедор мемонд ва хонаводаро низ бедор мекард ва худро барои он омода месохт ва аз занон канора мегирифт.”

Ва дар ривояти дигаре аз Муслим омадааст: “Ӯ дар даҳаи охири Рамазон беш аз ғайри он ба ибодат мекӯшид.”

Аз Тирмизӣ ба ривояти саҳеҳе аз Алӣ ибни Абӯтолиб омадааст, ки:

كان رسول الله صلى الله عليه وسلم يوقظ أهله في العشر الاواخر، ويرفع المئزر

“Паёмбар (с) дар даҳаи охири Рамазон хонаводаи худро шабҳо бедор месохт ва худро низ барои анҷоми ибодат муҳайё мекард ва аз изорро бармедошт.”

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.