Маънои ҳидояту гумроҳии илоҳӣ

141

Гумроҳ кардан аз ҷониби Худованди Мутаол танҳо дар ҳаққи касоне маъно дорад, ки худашон гумроҳиро интихоб карданд.

– Салом. Дар Қуръон омада, ки Худо ҳар касеро бихоҳад ҳидоят мекунад. Ин чӣ маъно дорад? Пас мардум бояд бигӯянд: Худо агар мехост маро ҳидоят мекард! пас ман чаро талош мекунам?

– Салом бар шумо

Дар масъалаи гумроҳӣ, бо се мавзӯъ мувоҷеҳ ҳастем. Инсон, шайтон ва Худованд. Ин се дастагии авомил дар масоили дигари Қуръон ҳам вуҷуд дорад.

Масалан дар масъалаи инки чӣ касе ҷони инсонҳоро мегирад, якҷо сухан аз Малакулмавт (Изроил» аст (ояти 11-уми сураи Саҷда), як ҷои дигар суханон аз фариштагони гӯш ба фармони Изроил аст (ояти 61 сура Анъом) ва як ҷо ҳам сухан аз худи Худост. (ояти 70 сура Наҳл) пас ин баёни сегона нуктаи муҳимро ба бор дорад, ки бояд дар он андеша кард ва онро ба шакли саҳеҳ дарёфт.

1) Як нуктаи муҳим дар ин гуфторҳои сегона, таваҷҷӯҳ додан ба масъалаи тавҳид аст. Ҳамонтавре, ки мо ба тавҳиди афъолӣ боварӣ дорем ва бояд таваҷҷӯҳ дошта бошем, ки дар низоми офариниш бидуни хости Худованди Мутаол ҳеҷ коре анҷом намешавад. Таваҷҷӯҳ надошта ба ин нукта мумкин аст инҳирофҳое ба вуҷуд оварад. Масалан дар маҳалли баҳси мо таваҷҷӯҳ надоштан ба ин нукта мумкин аст гурӯҳеро дучори таваҳҳум намояд, ки мавҷудоте дар ҳастӣ, аз сайтараи қудрати Худованди Мутаол хориҷ шудааст. Дар ҳоле, ки шайтону гуноҳкорон дар пешгоҳи салтанат Худованди Мутаол шикастхӯрда ҳастанд.

 وَ لا يَحْسَبَنَّ الَّذينَ كَفَرُوا سَبَقُوا إِنَّهُمْ لا يُعْجِزُونَ

Онҳое, ки роҳи куфрро пеш гирифтанд, гумон накунанд (бо ин корҳояшон,) пеш бурдаанд (ва аз қаламрави кайфари мо берун рафтаанд)! онҳо ҳаргиз моро нотавон нахоҳанд кард. (сураи Анфол, ояти 59)

2) Нуктаи дигар, тафовути ҷойгоҳи ҳар кадом аз авомил аст, ки зовияи нигоҳи хоссе, омил будани онро маъно мекунад. Яъне омил будани инсон, ба ин аст, ки худ масир гумроҳиро интихоб мекунад. Ва омил будан шайтон даъват ба гуноҳ аст.

وَ ما كانَ لِيَ عَلَيْكُمْ مِنْ سُلْطانٍ إِلاَّ أَنْ دَعَوْتُكُمْ فَاسْتَجَبْتُمْ لي‏ فَلا تَلُومُوني‏ وَ لُومُوا أَنْفُسَكُمْ

 (Шайтон мегӯяд) ман бар шумо тасаллут надоштам, ҷуз инки шуморо даъват кардам ва шумо даъвати маро пазируфтед! бино бар ин, маро сарзаниш накунед, худро сарзаниш кунед. (сураи Иброҳим, ояти 22)

Албатта шайтон метавонад баъд аз эҷоди салтанат аз сӯи гуноҳкор, бар он шахс мусаллат шавад ва ба ҳар коре, мехоҳад вайро дастур дода ва гуноҳонашро зиёдтар гардонад.

Ва омил будани Худованди Мутаол ба ин аст, ки инсонро ба шакле халқ кардааст, ки метавонад бероҳа биравад. Ва ҳатто дар муқобили Худованд чангҷӯӣ кунад:

 أَ وَ لَمْ يَرَ الْإِنْسانُ أَنَّا خَلَقْناهُ مِنْ نُطْفَةٍ فَإِذا هُوَ خَصيمٌ مُبينٌ

 Оё инсон намедонад, ки мо ӯро аз нутфаҳои беорзиш офаридем?! ва ӯ (чунон соҳиби қудрату фаҳму нутқ шуд,ки) ба ҷанги ошкор (бо мо) бархост. (сураи Ёсин, ояти 77)

Ва ба ҳамин далел гумроҳ кардани мақсуди Худованди Мутаол танҳо дар ҳаққи касоне маъно дорад, ки худашон гумроҳиро интихоб карданд ва таваҷҷӯҳ ба калимаҳое ҳамчун фосиқ, золим ва… нишон медиҳад худи шахс худро ба гумроҳӣ кашондааст:

وَ ما يُضِلُّ بِهِ إِلاَّ الْفاسِقينَ

Бо он ҷуз фосиқонро гумороҳ намесозанд. (сураи Бақара, ояти 26)

وَ يُضِلُّ اللَّهُ الظَّالِمينَ

Ва Худованд ситамгаронро гумроҳ месозад. (сураи Иброҳим, ояти 27)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.