Робитаи афсурдагӣ ва майли ҷинсӣ

88

Яке коҳиши алоқа ва лаззат бурдан аз шароит ва мавқеиятҳои мухталифи зиндагӣ, ва дувум эҳсоси ғамгинии беш аз ҳад, ки маъмулан аломатҳое ҳамроҳ низ дорад ва ҳадди ақал ду ҳафта тӯл мекешед.

Дар ин вақт, беҳтар аст беморон ҳар чӣ зуддтар барои рафъи аломатҳои он, таҳти дармон қарор бигиранд.

Моҳияти худи бемории афсурдагӣ сабаби коҳиши майли ҷинсӣ дар афрод мешавад, бинобар ин таҷвиз ва масрафи мураттаби доруҳои зидди афсурдагӣ метавонад бо беҳбуди равон ва кантроли беморӣ, шароити фардро беҳбуд бахшад.

Нуктаое, ки бисёри беморон дар мавриди он дучори шакку тардид ҳастанд, таъсири доруҳои зиддиафсурдагӣ дар қудрат ва фаъолияти ҷинсии онҳост, ки бояд бигӯям фақат дар бархе вақтҳо мумкин аст аворизи ҷонибии доруҳои зиддиафсурдагӣ, ихтилол дар амалкарди ҷинсӣ бошад ва ин ҳолат бештар дар ҳангоми масрафи доруе аз хонаводаи доруҳои маҳоркунанда сарутунин дида мишавад.

Дар кишвари мо бо таваҷҷуҳ ба фарҳанги ғолиби мардум ва изҳор накардани мушкилоти ҷинсӣ ба далели ҳуҷб ва ҳаё, беҳтар аст дармонгарон, тамоми беморонеро, ки ба иллати афсурдагӣ ё дигар ихтилолоти равонпизишкӣ таҳти дармон ҳастанд, шахсан баррасӣ кунанд ва пурсишҳое дар ин замина дошта бошанд то дар сурати лузум, барои рафъи мушкили ҷинсӣ иқдом шавад.

Дар аксари вақтҳо асоси дармон, итминон додан ба бемор аз ин бобат аст, ки мушкили эҷодшуда баргаштпазир хоҳад буд ва набояд тасаввур кунад, фаъолияти ҷинсияш барои ҳамеша дучори ихтилол шудааст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.