Чиқадар ба дигарон кумак кунем?!

71

 

Дар ҳақиқат зиндагӣ чист? Оё фақат хӯрдан ва хобидан ва…?! Шудааст, ки лаҳзаҳое дар зиндагӣ ба ёд ва фикри дигарон ҳам бошем? Он замонҳое, ки ғарқ дар хушӣ ва рафоҳ ва шодӣ, гузарондани вақт дар бозору марказҳои савдои рангоранг ё рафтан ба ресторанҳо ҳастем, ба фикри ин ҳастем, ки кӯдаке гурусна дар ҳамин наздикиҳо (на дар Сомалӣ, на дар минтақаҳои маҳруми кишварамон, балки дар чаҳорроҳи болои манзиламон), тиккаи нонеро холӣ- холӣ ва ба заҳмат мехӯрад балки сер бимонад, ё ба фикри ин ҳастем, ки падаре аз шарми инки шаби ид дасташ холӣ аст ва наметавонад барои хонаводааш коре бикунад то дилашонро шод бикунад ҳастем?! !

Фақат гуруснагӣ нест! Гоҳе инсонҳои бемор ба хотири надоштани андак пул, наметавонанд ба доктор муроҷиа кунанд.

 Бо ин кор ба болотарин ҷойгоҳи инсонӣ бирасед

Аз дидгоҳи равоншиносӣ афроде, ки кумак кардан ба дигаронро (аамми аз инсон, ҳайвон ва гиёҳон) яке аз дағдағаҳои аслии худ мебинанд, ба болотарин ҷойгоҳи инсонӣ расидаанд. Тибқи назарияи Маслоу (назарияи ниёзҳои асосии инсон) инсонҳо маротиби ниёзҳоро тай мекунанд.

Касоне, ки ба ниёзҳои сатҳии поин таваҷҷуҳ мекунанд ва фақат ба фикри худашон ҳастанд бештар мустаиди бемориҳои равонӣ ва қалбӣ-уруқӣ ҳастанд. Аз он тараф афроде, ки барои дигарон қадам бармедоранд, пуршӯр, осуда, зидди беморӣ, арзишманд ва мақбӯли ҳамагон ҳастанд.

Худованди мутаол, чаҳор навбат бо сароҳат, чунин эълом медорад:  «Худо некӯкоронро дӯст медорад.» (сураи Бақра, ояти.195) Ва дар 4 оят таъкид мекунад, ки; «Худо подош некӯкоронро зойиъ намекунад.» (сураи Тавба, ояти.120)

Қуръон дар беш аз нуҳ маврид дар бораи подошҳои мӯҳсинин мефармояд: Ба ростӣ ин гуна некӯкоронро подош медиҳем.» (сураи Анъом, ояти.84)

Ва дар бораи подоши ухравии мӯҳсинон таъбироти баланде омадааст, ки иборатанд аз:

  1. Ҷовидонагӣ дар биҳишт: «Ҳамеша дар он хоҳанд буд ва ин аст ҷазои некӯкорон.» (сураи Моида, ояти.85)
  2. Гуворотарин зиндагӣ: «Бихӯред ва биёшомед дар ҳоле, ки барои шумо гуворо бошад ба хотири корҳое, ки анҷом додаед. Мо ин чунин подоши некӯкоронро медиҳем.» (сураи Мурсалот, ояти 44)
  3. Подоши дунё ва охират: « Худованд савоб ва беҳтарин подоши охиратро ба онҳо(мӯҳсинон) дод; (зеро) Худованд некӯкоронро дӯст медорад.» (Оли Имрон, ояти.148)
  4. Ҳар чӣ бихоҳанд: «Барои онон ҳар чӣ бихоҳанд назди Парвардигорашон вуҷуд дорад; Ин аст подоши некӯкорон.»(Зумар, ояти.34)

Гоҳе мефармояд: «Ба зудӣ барои мӯҳсинон меафзоем.» (Аъроф, ояти161) Сипас дар ду оя мефармояд: «Ба ростӣ ҳатман Худо бо некӯкорон аст.» (Анкабут, ояти.69)

То ме‎тавонӣ дар пайи гиреҳ‎гушоӣ аз мушкили мардум бош. Худованди мутаол дар ояти 273-и сураи Бақара дар робита бо гиреҳгушоӣ аз кори мардум мефармояд: «(Ин садақот‏) барои он (даста аз) ниёзмандоне аст, ки дар роҳи Худо фурӯ мондаанд, ва наме‏тавонанд (барои таъмини ҳазинаи зиндагӣ‏) дар замин сафар кунанд. Аз шиддати хештан‏дорӣ‏, фарди беиттилоъ‏, ононро тавонгар ме‏пиндорад. Онҳоро аз симояшон ме‏шиносӣ‏. Бо исрор,(чизе‏) аз мардум намехоҳанд. Ва ҳар мол (ба онон‏) инфоқ кунед, қатъан Худо аз он огоҳ аст.‏»

Дар ояти ҳафти сураи Талоқ дар ин робита омадааст: «Бар тавонгар аст, ки аз дороии худ ҳазина кунад ва ҳар, ки рӯзии ӯ танг бошад бояд аз ончи Худо ба ӯ дода харҷ кунад Худо ҳеҷ касро ҷуз [ба қадри] ончи ба ӯ додааст таклиф намекунад Худо ба зудӣ пас аз душворӣ осонӣ фароҳам мекунад.»

Дар ояти 34-и сураи Тавба низ ишора шудааст: «Эй касоне, ки имон овардаед бисёре аз донишмандони Яҳуд ва роҳибон амволи мардумро ба нораво мехӯранд ва [ононро] аз роҳи Худо боз ме‏доранд ва касоне, ки зар ва симро ганҷина мекунанд ва онро дар роҳи Худо ҳазина наме‏кунанд эшонро аз азоби дарднок хабар деҳ.»

 Каломи охир

Қуръон мефармояд: «Яъне ҳар чизеро инфоқ кунед подош дорад; Чӣ кам бошад чӣ зиёд; (сураи Сабаъ, ояоти. 39) Кумаки ночиз ҳам ме‏тавонад дар ҷойи худ нақш дошта бошад, гоҳе як барги зард дар як ҳавзи об киштии чандин мӯрча ме‏шавад.

Дар ин рӯзҳо, маҳрумин ва ниёзмандонро фаромӯш накунем. Нагӯем мо, ки чизе надорем ва тавони он чунонӣ надорем, ки ба ниёзмандон кумак кунем; Ёдамон бошад гоҳе кумаки андак мавриди ниёз аст ва беш аз он лузуме надорад. Агар хароше ба пӯсти даст ворид шавад як қитъа порчаи нозуки сафед корсоз аст на порчаи бузургу қиматбаҳо.

Сӯзани бисёр нозуки сӯзандору, маводеро ба бадани бемор мунтақил ва ӯро наҷот медиҳад, дар ҳоле, ки тироҳани сохтумонӣ ин нақшро надорад.

Кумак кардан моро сабукбол ва осуда мекунад ва ғулу занҷири кина ва худхоҳиро ҷудо мекунад. Ва он вақт аст, ки таъми дигари зиндагиро мечашем.

Кумак кардан фақат пулӣ нест! Гоҳе муҳаббат кардан ҳам аз кумаки молӣ бо арзиштар аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.