Барои раҳоӣ аз бемории ҳасодат чӣ бояд кард?

202

 

Бо мутолиаи таърихи Ислом ва таваҷҷуҳе ба Қуръони Карим, ба роҳатӣ ва вузӯҳ ба ҷараёнҳое бар мехурем, ки реша дар ин разилаи ахлоқӣ доранд; Разилаи ахлоқие, ки решаи бисёре аз ноҳанҷориҳо ва ҷиноёти бузург аст …

Яке аз решаҳои аслии тамоми бадиҳо, разилаи ҳасодат аст; “Сарчашмаи сифоти разила ҳасад аст.” ва аз домҳои бисёр хатарноки шайтон ба ҳисоб меояд, ҳамон доме, ки дар нахустин рӯзҳои офариниши башар кори худро кард ва фарзанди Одам (алайҳиссалом) «Қобил» ро ба коми худ фурӯ кашид ва дасташро ба хуна бародараш «Ҳобил» олуда кард ва аввалин ҷинояти таърихи зиндагии инсон иттифоқ афтод: “Нафси саркаши ӯ, вайро мусаммам ба куштани бародар кард ва ӯро кушт ва аз зиёнкорон шуд.

Ҷинояти баъдӣ марбут ба достони ҳазрати Юсуф (алайҳиссалом) аст онгоҳ, ки бародарони ӯ аз рӯйи ҳасад тасмим ба қатли ӯ гирифтанд ва ӯро дар чоҳе афканданд. (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Юсуф ба падараш гуфт: «Падарам! ман дар хоб дидам, ки ёздаҳ ситора ва хуршед ва моҳ дар баробарам саҷда мекунанд».

Гуфт: фарзандам! хоби худро барои бародаронат бозгӯ макун, ки барои ту нақшаи (хатарноке) мекашанд, чаро, ки шайтон, душмани ошкори инсон аст.) (сураи Юсуф, ояти.4 ва 5)

Юсуф(а) натанҳо чеҳраи бисёр зебое дошт балки хулқу ва хуи ӯ низ дар ниҳояти зебоӣ буд ва ҳамин амр, ки аз ояндаи дурахшоне хабар медод назари тезбини падараш Яъқуби паёмбарро ба худ ҷалб кард ва нахустин базр (тухм)-и ҳасад дар дили бародаронаш, ки аз ӯ бузургтар буданд пошида шуд.

Яке аз бародарони ӯ гуфт :Юсуфро бикушед, ё ӯро ба сарзамини дӯрдасте биафканед то таваҷҷуҳи падар фақат ба шумо бошад ва баъд аз он (аз гуноҳи худ тавба мекунед ва) афроди солеҳе хоҳед буд»!

Оре амвоҷи хурӯшон ва хатарноки ҳасад он қадар қавӣ ва ҳавлнок аст, ки бародаронро даъват ба куштани бародар мекунад ва сабаби гуноҳони зиёди дигаре аз ҷумла гуфтани дурӯғҳои мухталиф барои катмони ҷинояти худ ва нисбат додани падар ба залолат ва гумроҳӣ ва иҳонати ошкор ба мақоми волои ин паёмбари бузург.

Дар Қуръони карим оёти дигаре роҷеъ ба ҳасади қавми яҳуд нисбат ба мусулмонон ва паёмбари Ислом вуҷуд дорад, ки ҳокӣ аз хатаре аст, ки аз ин ноҳия эшонро таҳдид мекардааст ва Худои Мутаол барои дафъи он мефармояд бигӯ: Ба Худо паноҳ мебарам аз шарри ҳасуд ҳангоме, ки ҳасад биварзад».

Бо омадани ҳасодат, оромиш ва саломатӣ меравад

Дар ин замон ҳам каму беш дар ҷой ҷойи ҷомеа, муҳити кор ва хонавода мебинем, ки афрод баъзан ин сифати разиларо дар худ парвариш додаанд ва дар тӯли замон бо парвариши ин разила дар худ, оромиш ва ҳатто саломати ҷисми худро аз даст додаанд ва ин сухани ҳазрати Алӣ алайҳиссалом аст, ки мефармоянд: Ҷойи шигифте аст, ки ҳасудон аз саломати ҷисм худ ғафлат доранд.

Дар ҷои дигар имом Содиқ (а) фармуд: Шахси ҳасуд қабл аз инки ба касе, ки ба он ҳасодат дорад зиён бирасонад ба худ зиён мерасонад.

Ҳасуд ҳамеша бемор аст

Алӣ (а) мефармоянд: «Ҳасад ташхиси инсонро дучори хато месозад ва ибодатҳои инсонро вайрон мекунад, фазоили ахлоқиро нобуд сохта ва умри инсонро кӯтоҳ мекунад».

Чигуна ҳасодатро дар худ дармон кунем?

Барои раҳоӣ аз бемории рӯҳии ҳасад бояд дар ибтидо решаҳо ва ангезаҳои ҳасодатро бишносем; Чунончи решаҳои ҳасад ба таври хулоса иборатанд аз: 1. Уҷб ва худпарастӣ ва худписандӣ (ки инсон ҳама чизи худро писандида бидонад. Худписанд, зиштиҳои аъмол ва рафтори нописандидаашро хуб мешуморад ва худро аз дигарон бартар медонад), ахлоқи палангӣ (,ки паланг худро болотар аз ҳама мебинад ва ҳасад, шахси ҳасудро палангсифат мекунад) 2. Такаббур ва худфурӯшӣ, ба иборати дигар бузургӣ фурӯшӣ аст, ва агар ҳасад аз кибр ва уҷб реша бигирад, ҳасуди хатарнок мешавад. 3. Бухл, ки аз хайр расондан ба дигарон дареғ намояд. 4. ҳирс ва тамаъ.

Қадами дигар он аст, ки одами бо ислоҳ нигариши худ ба тавҳид ва бовар доштан ба маод, неъмат‏ҳо ва дарҷоти волое, ки парҳезкорон дар қиёмат ва охират доранд чашму дил аз матои дунё боз ‏дорад ва то метавонад дил дар Худо ва инояти ӯ бибандад.

Қуръон хитоб ба Паёмбар (с) ме‏фармояд: Чашм аз ин матои ноқобили дунявӣ, ки ба бархе додаем (барои имтиҳон) бозгир ва бар инон андӯҳ махур. (сураи Ҳиҷр ояти. 88)

Агар одаме ба ҳақиқат маънои «ризқу раббика хайрун ва абқо‏»-ро дарёбад дигар чашм ба имконот ва бархурдори‏ҳои ин ва он нахоҳад дӯхт ва умри худро бар сари ин ғуссаи газоф нахоҳад гузошт.

Сатҳи интизорҳоятонро поин оварем

Яке аз дастуроти беҳдоштии ҳасад, таваққӯъ надоштан аз дигарон аст ва инсон бояд интизороти худро аз дигарон кам кунад.

Бахшиш, ҳасадро месӯзоанд

Дастури дигар афв аст, мантиқи инсони комил, бахшидан ва гузашт кардан ва муҳаббат аст, касе, ки афв дорад, ҳасад намеварзад. Афв сӯзонандаи шаҷараи хабисаи ҳасад аст ва дӯст доштан ва хушнудӣ аз хушбахтии дигарон ва хидматгузорӣ ба мардум аз усули беҳдошт аз ҳасад аст.

Як дастури куллӣ барои беҳдошт аз ҳасад, бисёр Қуръон хондан ва ҳифзи сураҳои Қуръон аст. Хондан ва мудовимат бар дуоҳо ва мутолиаи фазоил ва маноқиби Аҳлибият(алайҳимассалом), таъсири бисёре дар пешгирӣ аз олудагӣ ба ҳасад дорад.

Ҳамонанди бемориҳои ҷисмонӣ, ки дармонашон мутаваққиф бар ду асли пешгирӣ ва истеъмоли доруст, дар мавриди бемориҳои рӯҳӣ низ қадами аввал, покиза кардани рӯҳ аз олудагиҳост. Ҳасуд бояд бидонад, ки ҳасодат барои ӯ суде надорад, на мақомашро болотар мебарад ва на бар маҳбубияташ меафзояд.

Ҳасуд бояд бидонад ончиро, ки бар он ҳасад меварзад агар аз дасти дигарон дарояд, маълум нест, ки ба дасти ӯ бирасад. Ҳасуд худро русиёҳ ва тарафи муқобилашро рӯсафед мекунад, чаро, ки тарафи муқобил, мазлум воқеъ мешавад ва мазлум мавриди инояти ҳаққ аст.

Ҳасуд бояд ончиро дилаш мехоҳад накунад, мисли бадгӯӣ ва ғайбат ва тӯҳмат ва…. Ҳасуд агар бихоҳад беморияш зудтар дармон пазирад, бояд зидди дилхоҳаш рафтор кунад, агар ба касе мехоҳад зарар бирасонад, саъй кунад ба ӯ хидмат кунад. Ҳарорати имон метавонад ҳамаи микробҳои рӯҳиро бикушад, имон решаи ҳасадро месӯзоанад.

Дуо яъне дасти тазаррӯъ ва зорӣ ба даргоҳи Парвардигор дароз кардан ва дар пешгоҳи муқаддасаш ҷабин бар хок соидан ва зоти покашро хондан ва дармони дардҳоро аз ӯ хостан.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.