Ёд додани эҳтиром ба дигарон

87

Барои инки кӯдакон ба дигарон эҳтиром гузоранд, чӣ чизҳое бояд ба онҳо омӯзиш дод? Ва чӣ корҳое бояд анҷом диҳед? Эҳтиром гузоштани кӯдак мавзӯӣ муҳим барои ҳар хонавода ба ҳисоб меояд. Эҳтиром гузоштан яке аз маҳоратҳои иҷтимоӣ аст, ки ҳар чиқадар беҳтар кӯдак онро муроот кунад мавриди пазириши дӯстон ва хонавода қарор мегирад. Паёмадҳои манфии эҳтиром нагузоштан барои кӯдак инаст, ки гоҳе суханоне мешунавад, ки мумкин аст ӯро озурда ва ба самти рафтори номуносиб мекашонад. Эҳтиром гузоштан ба дигарон як масъалаи ёд доданӣ ба кӯдакон аст. Аммо гоҳе кӯдакон ба далели муқтазои син дучори иштибоҳ ва хато мешаванд, ки табиӣ аст ва набояд ба онҳо ҳарфҳои нодуруст зад балки онҳоро дар роҳи омӯзиши дуруст қарор диҳед то шеваи дурусти эҳтиромро биёмӯзанд.

 Чигуна омӯзиш диҳем

Яке аз муҳимтарин равишҳои омӯзишӣ нақши улгуи падар ва модар аст. Кӯдакон рафторҳои бисёреро аз волидайн ёд мегиранд ва онҳоро улгу (сармашқ)-и рафторҳои худ қарор медиҳанд. Ончи, ки дӯст доред дар фарзандатон мушоҳида кунед, дар рафторатон бакор баред.

-Аз китоби достон, қиссаҳои мухталиф ва намоиши арӯсакӣ (лухтак) истифода кунед ва ончи мехоҳед дар ин замина ба кӯдак омӯзиш диҳед, ба сурти достон ва намоиш бо забони кӯдакона баён кунед. Ба далили инки кӯдаки худро дар қолаби қаҳрамонони қисса ва достон қарор медиҳед, матолиби бисёре аз онҳо фаро мегирад ва таъсири дучандон бар онон доранд ва дар қолаби намоиш ва достон метавонед рафторҳои муносиб ва номуносиб ва паёмадҳои онро намоиш диҳед то кӯдак мутаваҷҷеҳи оқибати ҳар дуи онҳо шавад.

– Барои кӯдакатон вақт бигузоред ва дар бораи мавзӯъоти мухталифе, ки дар як рӯз барои ӯ пеш омад бо якдигар гуфтугӯ кунед. Гуфтугӯ бо кӯдак натанҳо ҳиси амният ва самимиятро дар ӯ афзоиш медиҳад балки кумак мекунад то дар бораи масоил ва мавзӯъоти мухталиф чизҳои зиёде фаро бигирад. Илова бар ин ёд бигирад аз ҳамон даврони кӯдакӣ дар бораи масоили мухталиф гуфтугӯ кунад ва назари шуморо ҷуё шавад.

– Дар бораи асари рафторҳои ӯ бар дигарон бо кӯдак гуфтугӯ кунед то бидонад ҳар рафторе метавонад таъсироти хосси худро дошта бошад. Муҳим аст, ин гуна масоилро бо забони кӯдакон баён кунед то мутаваҷҷеҳ шавад. Дар ҳангоми гуфтугӯ ӯро сарзаниш ва таҳқир накунед ва бо баёни ҳамдилона ва муҳаббатомез таъсири каломи худро дучандон кунед.

– Кӯдакро ташвиқ ба рафторҳои муносиб монанди пазироӣ, хушомадгӯӣ дар ҷамъи дӯстон ва хонавода кунед. Аммо дар ин замина исрор надошта бошед балки беҳтар аст хостаи кӯдакро низ дар назар бигиред. Замоне ки фаъолиятҳои муносибе анҷом медиҳад аз ӯ қадрдонӣ кунед то ба аҳамият ва арзиши рафтори муносиб пай бибарад.

– Замоне ки кӯдак рафторҳои муносиб монанди салом кардан ва гуфтугӯи дӯстона ва муносиб анҷом медиҳад онҳоро ҷузъи қобилитҳояш дан назар бигиред. Албатта сини кӯдакро низ дар назар бигиред зеро баъзе рафторҳое дар синини кӯчакӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад то барои ӯ одат шавад ва дар таъриф ва тамҷид зиёдаравӣ накунед.

– Саъй кунед дар муҳити хона ба якдигар эҳтиром гузоред. Ба унвони мисол модар ба падар ва падар ба модар эҳтиром гузорад ва эҳтиром ба якдигарро муҳим шуморед то кӯдак низ биёмӯзад ба падар ва модари худ эҳтиром гузорад ва чунин рафторҳое берун аз хона ҳам сироят мекунад. Мутаассифона гоҳе падар ва модар дар ин замина хуб амал намекунанд. Бо эҳтиром гузоштани падар ва модар ба якдигар, кӯдак чигунагии эҳтиромро ба сурати айнӣ аз волидайни худ меомӯзад.

– Рафторҳои муҳаббатомез дар иртибот бо фарзандатон дошта бошед. Бо навъи муҳаббат ва ибрози он, кӯдак эҳтиром гузоштанро меомӯзад ва дар ин иртибот ҳиси амният ва оромишро ба даст меоварад ва ҳатто мӯҷиб мешавад то мушкилоти рафтории байни шумо ва фарзандатон кам шавад.

– Замонеро ба ӯ ихтисос диҳед; Замоне ки ба кӯдак ихтисос медиҳед аҳамияти зиёде дорад. Зеро кӯдак мефаҳмад барои шумо арзишманд аст ва рафторҳои муаддбона ва эҳтиромомез дар ӯ шакл мегирад.

– Эҳтиром ба худро ба кӯдак омӯзиш диҳед, то кӯдак мутаваҷҷеҳ шавад мавҷуди арзишманд аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.