Рӯзгори якнавохт надошта бошед

99

Бидуни барномарезии аз қабл тарҳрезишуда тасмим бигиред ба мусофират биравед. Гоҳе вақтҳо зиндагии бисёр оддӣ ва такрорӣ мешавад. Барои фирор аз ин вазъият лозим аст ҳар чанд вақт якбор бидуни барномарезии қаблӣ ба як мусофирати заминӣ биравед.

Зарур нест аз қабл дар бораш фикр кунед; Ба фикри он бошед, ки дар лаҳза тафреҳ кунед ва аз зиндагӣ лаззат баред.

 Дилу ҷуръати бештар

Бояд саъй кунем кори ҷадиду ҷасурона анҷом диҳем. Масалан рафтан ба кӯҳро таҷриба кунед ё инки ба боғи ваҳш рафта ва морҳоро аз наздик бубинед.

Ин корҳо ҳаяҷонро дубора ба зиндагии шумо бармегардонанд ва шумо боз ҳамон ҳиссеро таҷриба мекунед, ки дар нахустин рӯзҳои зиндагии муштараки худ доштед.

Ҷашни таътилиҳо

Чаро мунтазири як ид, таваллуд ва ё солгарди издивоҷ бимонед то ҷашн бигиред? Ба ҳазору як далели мухталиф метавон дар рӯзҳои бисёр зиёди сол ҷашн гирифт.

Ин корро бо пухтан як ғизои махсус, харидани як ҳадияи кӯчак ва равшан кардани дубораи шӯълаи ишқ дар вуҷудатон анҷом диҳед.

Иҷтимоӣ ва мардумӣ шудан

Гоҳе мушкили зану шавҳар ин аст, ки вақти кофӣ барои ҳам надоранд ва гоҳе ҳам мушкили аслии онҳо танҳо будан, гӯшагирӣ ва дурӣ ҷӯстан аз иҷтимоъ аст.

Барои рафъи ин вазъияти касолатбор дар як килос сабти ном кунед, бархе корҳоро бо дигарон анҷом диҳед, ба онҳо кӯмак кунед ва ҳарф бизанед ва равобити иҷтимоии худро беҳбуд бахшед.

 Гуфтугӯҳои ҷолибу шуниднӣ

Зиндагӣ гоҳе вақтҳо дучори камбудиҳо мешавад; Ба хусус барои зану шавҳарҳо ин иттифоқ бештар меафтад. Далели он ҳам ин аст, ки онҳо ҳамеша роҷеъ ба чизҳои собиту ҳамешагӣ бо ҳам ҳарф мезананд.

Агар ҳарфҳо ва баҳсҳои шумо такрорб шуданд, мавзӯъоти ҷолибе барои баҳс кардан ва ҳарф задан пайдо кунед. Бо хондани як китоб ва ё тамошои як филм ида бигиред ва роҷеъ ба чизҳои ҷолиб бо ҳамсаратон ҳарф бизанед. Доштани равобити хуб ниёз ба таркиби солиме аз замон бо кайфият, таҷрибаҳои ҷадид ва ангизаҳои дарунӣ ва отифӣ дорад.

Агар эҳсос мекунед чизе дар робитаи шумо аз байн рафта ва ё камранг шудааст, шояд далелаш ин бошад, ки шумо дигар талоше барои сохтани робита намекунед. Аммо бо равишҳои ҷадид метавонед тозагии робити худатонро бозёбед.

Гоҳ бархе далелҳо сабаби нобудии як хонавода ва барҳам хӯрдани як робита мешаванд ва ин далелҳо гоҳе бисёр пуч ҳастанд ва аслан арзиши онро надоранд, ки робита ба хотири онҳо тираву тор шавад, аммо чигуна метавон аз иштибоҳҳо чашмпӯшӣ кард ва робитаҳоро мустаҳкам нигоҳ дошт?

Баъзе хатоҳо ва иштибоҳҳои метавонад эътимоди байни зану шавҳарро аз байн барад; ҳамчун хиёнат, дурӯғҳои бузург ва бархе масъалаҳои дигар, ки дар охир як савол боқӣ мемонад ва он ин аст, ки оё метавон ҳамачизро ба ҳолати қабл бозгардонд ва ин робитаро бидуни таваҷҷӯҳ ба он хато идома дод?

Шурӯъи дубора

Баъд аз пардабардорӣ аз тамоми розҳо ва пинҳонкориҳо дубора аз нав шурӯъ кунед:

Ҳамҳчизро комилан равшану шаффоф кунед ва даст ба домани ҳақиқатҳо шавед. Масъулияти корҳои худро ба ӯҳда бигиред. Дар мавриди ҳамачиз содиқу ростгӯ бошед ва ҳеҷ чизро пинҳону пӯшида нигоҳ надоред; Чароки баъдҳо ба хотири он даргири мушкилоти дигаре мешавед. Шояд гуфтан ва ё шунидани ҳақиқатҳо дар ин марҳала бисёр дарднок бошад, вале бояд онҳоро қабул кард.

Бахшишпурсӣ аз сидқи дил

Як бахшишпурсӣ ва маъзаратхоҳӣ таъсири бисёр зиёде дорад ва метавонад бисёре аз масъалаҳо ва мушкилоти зиндагии шуморо ҳал кунад. Дилҷӯии шумо аввал бояд аз сидқи дил ва рост бошад. Маъзаратхоҳӣ бо забон ва эътироф ба иштибоҳҳо кифоят намекунад.

Шумо бояд бо тамоми вуҷуд аз иштибоҳи худ пушаймон шуда ва дарк карда бошед, ки чи кор кардаед. Маъзаратхоҳӣ агар ҳақиқӣ бошад таъсири худашро ба ҳамсаратон боқӣ мегузорад.

Якдигарфаҳмиро мустаҳкам кунед ва талош дошта бошед, ки бадфаҳмирҳо рафъу дафъ кунед ва мақсади худро ошкоро ба ҳамсари худ фаҳмонед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.