Хонаводаи солим; ҷомеаи солим

86

Хонаводаи солим; ҷомеаи солим

Ниёз ба муҳаббат аз ниёзҳои асосии инсон аст. Ин масъала дар таодули рӯҳӣ ва равонии инсон таъсири фаровоне дорад. Кӯдаке, ки дар муҳити гарму муҳаббатомез рушд кунад, равони шод, дили ором ва бо нишот ва  ҷисми солим хоҳад дошт. Чунин фарде ба зиндагӣ умедвору дилгарм буда ва худро дар ҷаҳони пурошӯб, танҳо ва беёвар намебинад. Изҳори муҳаббат ба кӯдак аз ба вуҷуд омадани бисёре аз ноҳанҷориҳои равонӣ ва рафтори монанди уқдаи ҳақорат ҷилавгирӣ мекунад. Кӯдаке, ки аз муҳаббатҳои гарми падару модар маҳрум буда, ё ниёзаш ба муҳаббатҳои онон ба ҳадди кофӣ бартараф нашудааст, бароҳатӣ дучори мушкилоте монанди тундхуӣ, хушунат, эътиёд, афсурдагӣ, ноумедӣ ва… мешавад.

Волидайни хуб касоне ҳастанд, ки дар зиндагии фарзандони худ ҳузур доранд ва ишқи беқайду шарти худро ба онон арза мекунанд. Солим набудани хонавода аз назари равонӣ ва мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии хонавода ба далели таъсире, ки рӯи аъзои худ дорад, ҷомеаро таҳти таъсир қарор медиҳад. Коркирди зисти хонавода, зомини побарҷоии ҷомеаи инсонӣ аст ва коркирди парвариши он, заминасози тарбияти фарзандоне аст, ки барои сохтани ҷомеаи фардо омода мешаванд. Таодули равонӣ, тақвияти ирода, дигаргароӣ, рӯёрӯӣ бо мушкилот, майл ба талош, созандагӣ, навоварӣ, иртибот бо Худованд ва ибодат, ҳамаи инҳо сифатҳое ҳастанд, ки хонавода муҳимтарин нақшро дар шаклгирӣ ва тақвияти онҳо бар ӯҳда дорад. Хонаводаи солим, беҳтарин бистари рушди фарҳангӣ ва саломати ҷисму равон ва муҳимтарин омили интиқоли арзишҳо, парвариши отифӣ, коҳиши осебҳои иҷтимоӣ ва рушди амният ҳар ҷомеа ба ҳисоб меояд.

 Саломат дар хонавода

Зиндагии рӯзмарра ҳамроҳ бо фишорҳои пуршумору гуногуни табиӣ ва ғайри табиӣ аст. Хонавода ҷойгоҳе аст, ки аъзои он бо ҳамкории якдигар ин фишорҳоро контрол ва ҳазф мекунанд. Бар ин асос, яке аз муҳимтарин хосиятҳои саломати хонавода, хислати «шифодиҳандагии» он аст. Ин омил, яке аз аслитарин нишонаҳои саломати хонавода мебошад.

Хонаводае солим аст, ки аъзои он дар сурати мувоҷеҳа бо мушкилоти мухталиф, бихоҳанд бо ҳузур дар ҷамъи хонавода, мушкили хешро ҳал кунанд. Хислати шифодиҳандагӣ дар хонаводаи носолим ба ҳаддиақал мерасад. Дар ин ҳолат, мушкили аъзои хонавода замоне, ки бо ҳам ҳастанд, зиёдтар мешавад ва ҳар як саъй мекунанд ҳар чӣ зудтар аз муҳити хонавода дур шаванд.

Асосу бунёни ҷомеаи солим, хонаводаи солиму бонишот аст. Хонаводаи солим ба таври решаӣ аз саломату оромиши равонӣ ва маънавии ҳар як аз аъзои хонавода ҳимоят мекунад. Дар чунин хонаводае фазои муқтадирона вуҷуд дорад, аммо ин иқтидор инъитофпазир аст. Дар канори ин мавзӯъ ҳар узви хонавода ҷойгоҳе барои худ дорад, ки барои дигар аъзои хонавода дорои аҳамият аст.

 Амнияти равонӣ

Ниёзҳои отифӣ ва ирзои майлҳои отифӣ аз ҷумлаи муҳимтаринҳои беҳдошти ҷисмонӣ ва равонӣ ҳастанд, ки ин эҳсоси эминӣ ва ирзои отифӣ аз ибтидои таваллуди кӯдак аз сӯи падару модар таъмин мешавад. отифаҳо ва афкор наздикии зиёде бо ҳам доранд, ба ин маъно, ки шеваи фикри афрод таҳти таъсири эҳсосот ва авотифи атрофамон қарор мегирад. Барои ҳар фарде лозим аст эҳсос кунад афрод дӯсташ доранд ва барои ӯ эҳтиром қоил ҳастанд ва ӯро ҳамон тавр, ки ҳаст меписанданд ва мепазиранд.

Ин эҳсос дар тақвият ҳисси эътимод ба худ ва такя ба нафс бисёр аст ва хонавода аз ҷумла пойгоҳ асосии ташкили ҳисси эътимод ба худ ва эҳсоси амнияти равонии отифии ҳар инсон аст. Хонавода яке аз қадимитарин ва асилтарин воҳидҳои иҷтимои башарӣ аст. Пешрафти ҳайратангези донишу фановарӣ ва густариши низомҳои иртиботӣ ва иттилоърасонӣ, натанҳо ба ҳеҷ сурат аз аҳамияти хонавода накостааст, балки андешамандону сиёсатгузорони ҷомеаҳоро тарғиб мекунад то бар мабнои баррасиҳо ва пажӯҳишҳои пуршумор ва мутафовит эълом кунанд, ки тавонотарин миллатҳо онҳое ҳастанд, ки хонавода дар онҳо қавитарин бунёду созмонро дошта бошад ва бинобарин тамоми ниҳодҳои иҷтимоӣ бояд дар хидмати тақвияти низоми хонавода бошанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.