Роҳи нуфузи шайтон аз чӣ тариқ аст?

151

 

Донистани чигунагӣ ва шохисаи (аломати) нуфузи шайтон барои инсон бисёр муҳимм аст. Ин мақола ба баррасии шохисаҳои нуфузи шайтон пардохтааст ва баён дошта, ки нуфузи шайтон ҳамаҷониба ва бо васваса ва оҳиста-оҳиста сурат мегирад.

Инсон барои инки ба камол бирасад бояд монеаҳо ва душманони худро бишиносад. Ҳамчунин дар ин роҳ лозим аст бидонад, ки ба чӣ сурате душманаш ба ӯ ҳамла мекунад то битавонад дар муқобили ӯ дуруст амал кунад. Аз душманони сарсахти инсон шайтон аст, ки ба баррасии шохисаҳои нуфузи ӯ мепардозем.

Шохисаҳои нуфуз

 1- Тадриҷӣ (оҳиста-оҳиста) будани роҳи нуфуз

Пайравӣ аз шайтон сабаби гумроҳӣ ва ҳалокат мегардад ба ҳамин далел Худованд илова бар инки аз инсонҳо хостааст то аз шайтон пайравӣ накунанд ҳатто суфориш карда, ки аз гомҳои ӯ низ табаият накунанд ва дар Қуръон фармудааст, ки [1]«аз гомҳои шайтон пайравӣ накунед». «хутувот» ҷамъи «хутва» мобайни ду қадамро гӯянд[2]; Яъне инки шайтон қадам ба қадам ва оҳиста-оҳиста инсонҳоро аз гуноҳе ба гуноҳи дигар мекашонад. «Хутувот ба маънои гомҳо аст ва чунонки инсон ба василаи гом бардоштани худ аз маконе ба макони дигар мунтақил мешавад мақсад дар оя ҳам ин аст, ки шайтон шуморо аз маъсияте ба маъсияти дигар мунтақил накунад то ба ин васила, ҳамаи гуноҳонро муртакиб шавед» .[3] Роҳҳои шайтон барои мунҳариф кардани инсонҳо бисёр ва роҳи ӯ бисёр хатарнок ва зиёнбор аст. Ҳадафи ӯ ин аст, ки имо н ва эътиқодро аз инсон бигирад ва ӯро ба гуноҳ кардан бикашоанад агар тавонист як дафъа ин корро бкунад, ки анҷом медиҳад аммо агар муваффақ нашуд, гом ба гом ва ба тадриҷ инсонро мунҳариф ме‏кунад.

Тадриҷӣ ва гом ба гом будани нуфузи шайтон як маънояш ин аст, ки ӯ аввал мустаҳаботро аз инсон мегирад ва макрӯҳотро ба инсон пешниҳод мекунад ва рафта рафта инсонро ба гуноҳони сағира ва тарки воҷибот мубтало месозад, онгоҳ ӯро ба иртикоби гуноҳони бузург ва куфр, олуда мекунад.[4]

 2- Нуфуз аз тариқи васваса

Қуръон дар мавриди фиреб хӯрдани ҳазрати Одам (а) аз шайтон, ба «Пас шайтон онро дуро вас-васа кард,[5] таъбир мекунад. Муроди Худованд аз ин таъбир ин аст, ки роҳи нуфузи шайтон, васваса дар фикр ва андеша аст. ӯ бо васваса кардан ва зинат додан ва бо муштабаҳ сохтани ҳаққу ботил инсонҳоро фиреб медиҳад.

Бояд донист, ки васвасаи шайтон, аз инсон ихтиёр ва қудрати муқобиларо намегирд. Ӯ наметавонад бар инсон мусаллат шавад ва инсонро маҷбӯр ба коре кунад; Чаро, ки агар ин тавр буд азоб кардани инсонҳо дар дунё ва охират маъно надошт, зеро сарзаниш ва азоб барои кори ғайри ихтиёрӣ, одилона ва ҳакимона нест. Бинобарин аз ин, ки инсон худаш дар рӯзи қиёмат масъули аъмолаш аст ва бояд посухгӯи аъмол, рафтор ва гуфтори худаш бошад ва агар гуноҳ ва маъсияте анҷом дода, натиҷаи гуноҳашро мебинад ва азоб мешавад мушаххас мешавад, ки васваса, фақат мӯҷиби ташвиқ ва тарғиби инсонҳо ба нофирмонии Худованд аст; Вале ихтиёр ва иродаро аз ӯ салб намекунад.

  3- Нуфузи ҳамаҷонибаи шайтон

Шайтон душмане аст, ки аз ҳар роҳе мумкин бошад аз он роҳ ворид мешавад ва нуфуз мекунад ва барояш фарқе намекунад, ки аз чӣ роҳе ворид шудааст, аз боло, поин, рост, чар ва хулоса ҳар роҳе, ки қудрат дошта бошад ворид мешавад. Худованд роҳҳои нуфузи шайтонро ин гуна нишон медиҳад: «он гоҳ аз пеш рӯй ва аз пушти сар ва тараф рост ва чар онон дар ми‏оем (ва ҳар як аз қувои омила ва идроки онҳоро ба майл ботил ми‏кшм)» [7].

Ҳадафи шайтон аз ин ҳама талош, ин аст, ки қалбро тасхир кунад ва инсон, аз чунин душмане бояд битарсад; Чунонки яке аз бузургон мефармояд: «инсони Худоҷу ва Худодӯст бояд аз шайтон, сахт, биҳаросад; Зеро ӯ боке надорад ва аз ҳар ҷиҳате мумкин аст камин кунад ва зарба бизанад ва инсони худоҷу чорае надорад ҷуз онки аз ин туғёнгар ба Худо паноҳ бибарад ва ҳифзи худро аз Худо бихоҳад ва роҳи вуруди шайтонро бибандад, ки қалби инсон ҳамеша мавриди ҳамла ва мақсади аслии шайтон аст ва агар қалбро фатҳ кунад ниёзе ба дигар сангарҳо нест»[8].

Мурод аз роҳҳо и ҳамлаи шайтон ба инсон

Инсон барои инки битавонад бо шайтон муқобила кунад ва ҳамалоти ӯро дафъ кунад бояд ба роҳҳои нуфуз мусаллат бошад ва манзури Қуръонро, ки мефармояд шайтон аз ҷилав, пушти сар, самти рост ва чап ба инсонҳо ҳамла мекунад бидонад. Муфассирин гуфтаанд: Муроди Қуръон аз инки мефармояд шайтон аз ҷилав ва пеши рӯ ҳамла мекунад ин аст, ки амри охиратро барои инсон, сабук ҷилва медиҳад ва манзур аз пушти сар, ин аст, ки шайтон, инсонро ба ҷамъ кардани амвол ва бухл ва напардохтани ҳуқуқи воҷибии молӣ амр мекунад то барои ворисон боқӣ бимонд; Аммо мурод аз инки шайтон, аз самти рост ҳамла мекунад ин аст, ки ӯ бо зинат додани гумроҳӣ ва некӯ ҷилва додани шубҳаҳо, умури дини инсонро фосид мекунад ва манзур аз самти чар ин аст, ки шайтон, шаҳавот ва лаззатҳои дунявиро барои инсон, маҳбуб ва зебо ҷилва медиҳад; Ҳамчунин фаҳшо ва мункиротро барои инсон зинат медиҳад ва инсонро ба иртикоби гуноҳон ва табаият аз ҳаво ва ҳавас даъват мекунад.[12]

 Пайнавишт:

[1]- Бақара, ояти.168.

[2]- АлмавсуъатулҚуръония, ҷ.9, саҳ.133.

[3]- Маҷмаулбаён, ҷ.1, саҳ.460.

[4]- Қуръон дар Қуръон, саҳ.221.

[5]- Аъроф, ояти.20.

[6]- Тоҳо, ояти.120.

[7] Аъроф, ояти.17.

[8]-Шуҳуд ва шинохт, ҷ.1,  саҳ.401.

[9]- Аъроф, ояти.16.

[10]- Алмизон, ҷ.8, саҳ.32.

[11]- Иасим, ҷ.28, саҳ.237.

[12]- Ҳамон.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.