Чанд дарс аз Паёмбари Акрам (с)(1)

78

 

1- Бетаваҷҷуҳӣ ба дунё

Саҳл ибни Саъди Соидӣ гуфт: Марде ба хидмати расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ расид ва гуфт: Эй Расули Худо! маро ба амале роҳнимоӣ фармо, ки вақте он амалро анҷом диҳам, маҳбуби Худо ва халқ гардам. Расули Худо (с) фармуданд: Ба дунё бе рағбат бош то Худованд туро дӯст бидорад ва ба ончи аз дунё дар ихтиёри мардум аст, чашм пӯш ва бетаваҷҷуҳ бош, то мардум туро дӯст дошта бошанд. (1)

2- Эҳтироми падар ва модар

Марде ба ҳузури Паёмбар (с) ва пурсид, эй Расули худо! ман савганд хӯрдаам, ки остона дар биҳишт ва пешонии ҳурулъайнро бибӯсм. Акнун чӣ кунам?

Паёмбар (с) фармуд: Пойи модар ва пешонии падарро бибӯс. (яъне агар чунин кунӣ, ба оризуи худ дар мавриди бӯсидани пешонии ҳурулъайн ва остонаи дари биҳишт мерасӣ.)

Ӯ пурсид: Агар падар ва модарам мурда бошанд, чӣ кунам? Паёмбар (с) фармуд: Қабри онҳоро бибӯс. (2)

3- Бӯсидани дасти коргар

Вақте Расули Худо(с) аз ғазваи Табук баргаштанд. Саъди ансорӣ ба истиқболи Он ҳазрат рафт ва Набии Акрам (с) бо ӯ мусофаҳа кард ва чун даст дар дасти саъд гузошт, фармуд, ин зибрӣ ва дуруштии чист, ки дар дастҳои туст? Саъди ансорӣ гуфт: Ё Расулаллоҳ! бо бел ва куланг кор мекунам ва барои хонаводаам рӯзӣ фароҳам менамоям. Расули Худо(с) дасти Саъдро бӯсид ва фармуд: Ин, дасте аст, ки ҳарорати оташи дӯзах ба он нарасад. (3)

 Рафтори яксон бо фарзандон

Рӯзе Паёмбар (с) мардеро диданд, ки рӯйи яке аз фарзандонаш ‍ро бӯса зад ба дигарӣ таваҷҷуҳе накард.

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ бо нороҳатӣ фармуд: Чаро миёни ду фарзандат фарқ гузоштӣ ва баробар рафтор накардӣ?(4)

Пайнавишт:

  1. Сунан ибни Моҷа, ҷ 2, саҳ.1374
  2. Биступанҷ асл аз усули ахлоқии имомон, саҳ.79
  3. Усдулғоба, ҷ 2, саҳ.269
  4. Баҳоруланвор, ҷ 104, саҳ. 97
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.