Агар ғайбат ме‎кунед пас мусулмон нестед

152

 

Ғайбат кардан пушти сари дигарон ҳаром аст аммо ба қадре лаззат дорад, ки баъзеҳо ба он одат мекунанд ва қабл аз ғайбат кардан мегуянд ғайбаташ набошад! , ғайбат нест ҳақиқат аст! Агар худаш ҳам бошад мегуям. Ӯ бо ин кор барои худ иҷозаномаи шаръӣ ва ахлоқӣ дуруст мекунанд…

Дар ҳамаи адёни илоҳӣ ғайбат кардан (яъне пушти сари дигарон ҳарф задан ва манфиҳои зиндагии онҳоро пахш кардан) кори нописанд ва вайронкуннада муаррифӣ шудааст.

Оё шумо мусулмон ҳастед? Агар ҳастед; Медонед, ки ғайбат кардан ҳаром аст ва мисли “хурдани гӯшти мурдаи бародар” аст. Аммо инсоф дошта бошед ва баррасӣ кунед дар ин ҳафта чанд бор пушти сари дигарон ҳарф задаед ва аз пахши ахбори дигарон лаззат бурдаед?

Гуноҳи ғайбат чаро гӯшти мурда хӯрдан аст?

Чун вақте гӯшти мурда кӯнда шавад гӯшти дигаре ҷойи онро пур намекунад; Обурӯи муъмин низ дар замони ғайбат монанди гӯшти мурдааст. Бинобарин обурӯи рафта дигар боз намегардад ва ҷойи тааммул аст, ки ғайбат кардан ҳамчун хӯрдани гӯшти бародари мурдааст чаро, ки мусулмонон бо якдигар бародар ҳастанд.

Гӯш додан ба ғайбат низ ҳаром аст

Ҳамонтавр, ки ғайбат кардан ҳаром аст, гӯш додан ба ғайбат ҳам гуноҳ ба ҳисоб омада ва ҳаром мебошад.

Аз баъзе ривоёт истифода мешавад, ки гӯш кунандаи ғайбат ҳамонанди ғайбаткунанда аст; Чунонки Алӣ(алайҳиссалом) фармуд: ” Гӯш кунанда ба ғайбат, низ ғайбаткунанда аст.”

Аз бархе ривоёт истифод мешавад, ки рад кардани ғайбат воҷиб аст ва дар ривояте аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) рад кардани ғайбатро боиси дафъи шарр ва бадӣ аз ғайбат кунанда унвон намудаанд. Имом содиқ (а) ба нақл аз расули Худо фармуд: ” Огоҳ бош касе, ки бар бародари худ миннат бигузорад ва ғайбатеро, ки дар маҷлисе дар бораи ӯ шунидааст рад кунад, Худованди мутаол ҳазор боб аз бадӣ дар дунё ва охират аз ӯ рад мекунад ва агар бо вуҷуди тавонмандӣ, аз ин кор худдори варзад, барои ӯ мисли гуноҳи касе аст, ки ҳафтод бор ӯро ғайбат карда бошад, хоҳад буд.”

Равишҳои тарки ғайбат

Роҳкори дармони ахлоқи зишти ғайбат кардан, ба хусус барои касоне, ки ин кор барояшон ба сурати як одат даромадааст ин аст, ки қабл аз ҳар чиз бар забон ва сӯҳбатҳояшон назорати дақиқ дошта бошанд ва аз дӯстоне, ки онҳоро ба ғайбат ташвиқ мекунанд ва ҳамчунин аз ҳозир шудан дар маҷлиси ғайбат парҳез кунанд. Роҳи дигари эшон, таваҷҷуҳ ба ин нукта  аст, ки ғайбат кардан яке аз нишонаҳои нотавонӣ, бешахсиятӣ ва уқдаи худкамбинӣ аст. Фард бо ғайбат кардан, парда аз ин сифоти худ бармедорад ва қабл аз инки шахсияти иҷтимоии дигареро бишиканад, шахсияти худашро дар ҳам мешиканад. Ва заминаи боварии дигаронро дар бораи худаш аз байн мебарад.

Ҳамчунин ғайбаткунанда бояд ба ин нукта диққат кунад, ки неруҳои инсон маҳдуд аст; Бинобарин агар нерӯеро, ки барои рехтани обрӯи ашхос ва шикастани ҷойгоҳи иҷтимоии онҳо сарф мекунад, дар рақобатҳои саҳеҳ ва созанда ба кор бигирад, дар замони кӯтоҳе аз рақибони худ пешӣ мегирад бе инки зарбае ба касе бизанад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.