Тавсияҳои тарбиятӣ ба занон

210

Бо пайравӣ аз чанд тавсияи кӯтоҳ метавонед зиндагии шоду дилпазир дошта бошед

1 – Дар тамоми мароҳили зиндагӣ аз калимаи «мо» истифода кунед, на «ман» ва на «ту».

2 – Дар муқобили ҳамсари худ, ҳар чанд ҳаққ бо шумо бошад, лаҷбозӣ накунед ва аз мухолифат бо ӯ парҳез кунед, зеро муҳаббатро аз байн мебарад.

3 – Ҳамсари худро ба вежа дар муқобили ақрабо, таҳқир накунед ва аз таърифу тамҷиди бастагони худ дар муқобили ӯ парҳез намоед.

4 – Кумакҳои бастагонро ба чашми ҳамсаратон накашед.

5 – Дар иртибот бо дӯстону ошноёни ҳамсаратон беш аз ҳадди маъмул гарм нашавед.

6 – Ҳамсари худро дар муошират бо ақвомаш маҳдуд накунед.

7 – Дар рафту омад ва муошират бо бастагони ҳамсари худ пешқадам бошед.

8 – Ба бастагони наздики ҳамсари худ (модари шавҳар ва…) беш аз хешовандони дигар эҳтиром бигузоред.

9 – Заҳамотҳоеро, ки барои пазироии хешовандони ҳамсари худ кашидаед, барои ҳамсар миннат накунед.

10 – Агар даромад доред ва барои зиндагӣ ҳазина мекунед, онро бозгӯ накунед.

11 – Назди ҳамсаратон аз мардони дигар таъриф накунед, ҳеҷ мардеро бар ҳамсаратон тарҷеҳ надиҳед. Ин мавзӯъро дар гуфтор низ риоят кунед.

12 – Барои анҷоми дархостҳои худ, бо ҳамсаратон бо хушунат бархурд накунед ва имконоту тавоноиҳои ӯро дар назар бигиред.

13 – Худро барои ҳамсаратон ороста кунед ва беҳтарину тамизтарин либосро дар муқобили вай бипӯшед.

14 – Дар муқобили ҳамсар худ бо ҳолати афсурда ва ахмкарда ҳозир нашавед; ҳангоми ворид шудан ба хона бо лабханд ба истиқболаш биравед.

15 – Пас аз бозгашти ҳамсаратон ба хона, корҳои худро то ҷое, ки имконаш бошад канор бигузоред ва дар ҳузури ӯ нишаста ва бо суханони хушоянду гарм аз ӯ пазироӣ кунед.

16 – Дар вақтҳое, ки ҳамсаратон аз назари рӯҳӣ омода нест, дархостҳои худро матраҳ накунед.

17 – Ҳангоми хориҷ шудан аз хона, ӯро гусел карда ва аз ӯ худоҳофизӣ кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.