Таҳқиқ барои интихоби ҳамсар

231

Таҳқиқ

Яке аз роҳҳои муҳимм ва сарнавиштсоз ё сарнавиштсӯз метавонад бошад. Албатта дар ин қадам набояд бидуни далел ва шинохти кофӣ, касеро рад кард ва ё бидуни далел ва шинохти кофӣ касеро қабул кард.

Роҳҳои таҳқиқ:

Мизони таҳқиқ, барои ҳама яксон нест. Фарди мавриди таҳқиқ, ҳарчи ошнотар, таҳқиқи камтаре металабад ва ҳарчи ғарибатар бошад, бештар.

Албатта дар бораи ошноён низ бояд таваҷҷуҳ кард онҳо низ аз таҳқиқ ва машварати ҳамаҷониба бениёз нестанд; Зеро дар ҳар ҳолат, бояд шинохти кофӣ ва ҳамаҷониба ҳосил шавад.

Дар кори таҳқиқ, бояд роҳҳои гуногунеро паймуд ва ҷузъиёти масъаларо баррасӣ кард ва маълумоти мухталиферо ба даст овард ва онҳоро канори ҳам чид ва дар атрофи онҳо тафаккур ва машварат кард ва ҳамаи ҷавониби корро санҷид, то кам-кам натиҷаи матлубро ба даст овард. Ҳар роҳе аз роҳҳои таҳқиқ, ки тай шавад ва ҳар иттилое, ки касб гардад, кумак ва роҳнамои шоистае барои расидан ба мақсад аст.

 Роҳҳо ва шеваҳои таҳқиқ

1- Баррасии аҳвол ва сифоти хешони наздики тарафи муқобил

Дар мабҳаси шарофати хонаводагӣ дар меъёрҳо баён шуд, кӣ:

(… баъзе аз хусусиёт ва сифот, дар як хонавода ва хешовандон, густарда аст ва афроди як хонавода, дорои сифоти муштараканд.) ин меъёр, роҳнамо ва роҳгушои хубе дар амри таҳқиқ аст. Метавон бо баррасии сифот ва аҳволи хешони наздик, эҳтимоли қавӣ дод, ки фулон сифат ва хусусият, дар ин фарди мавриди назар низ вуҷуд дорад.

Ривояте аз Паёмбари акрам(с) дар таъйиди ин назария:

Бо фулон гурӯҳ издивоҷ кунед; Чун мардонашон иффат доранд, пас занонашон ҳам боиффат шудаанд ва бо фулон гурӯҳ издивоҷ накунед; ки мардонашон беиффатӣ намуда, пас занонашон ҳам беиффат шудаанд…

Дар ин ривояти зебо, калом мунҳасир дар сифати иффат ва беиффатӣ аст, аммо меъёр ва милоки хубе барои таҳқиқ дар бораи ҳамаи сифот метавонад бошад.

2- Таҳқиқ аз тариқи хешони ӯ

Хешон ва бастагони (фарди мавриди назар) қатъан аз хусусиёт, рӯҳиёт, ахлоқ ва кирдори ӯ бохабаранд; Бинобар ин метавон аз онон дар бораи вай таҳқиқ кард.

Албатта ногуфта намонад ки онҳо мумкин аст маслиҳатандешӣ карда ва ба ҷиҳати масоиле аз ҷумла риояти хешовандӣ ва ё доштани муҳаббат нисбат ба ӯ, воқеиётро баён накунанд ва агар айбе дар ӯ сӯроғ доранд, айбпушӣ кунанд ва бинобар ин назари хешон дар сурате, ки инсони одил ва беғараз буданд барои мо муфид хоҳад буд ва дар ғайри ин фақат метавонад ҷанбаи роҳнамоӣ барои мароҳили дигар бошад.

3- Аз тариқи дӯстони наздики ӯ

Ҳамдарсҳо, ҳамкорон ва дӯстони наздики фарди мавриди назар, ки муддатҳо бо ӯ дар тамосс ва муошират ва дӯстӣ будаанд, мавориди хубе барои таҳқиқ мебошанд; Албатта баҳси пардапӯшии марҳалаи, қабл инҷо низ матраҳ мебошад.

4- Аз тариқи мудирон ва муаллимони ӯ

Инҳо қатъан хусусиёт ва матолибе дар бораи ӯ медонанд, ки ҳатто хешон ва наздикони ӯ низ намедонанд. Аз тарафи дигар дар бораи инҳо он мушкили қаблӣ (маслиҳатандешӣ ва пардапӯшӣ) ҳам камтар вуҷуд дорад ё аслан вуҷуд надорад. Зеро инон, на ба он маъно хешон ва дӯстони ӯ ҳастанд ва на ниёзе ба онгуна маслиҳаткорӣ ва катмон мебинанд.

Аз тарафи дигар: ин афрод маъмулан, афроди фаҳмида ва доно ҳастанд; Бинобар ин ин роҳ, роҳи бисёр хуб ва муфиде аст.

5- Таҳқиқ аз тариқи душманони ӯ

Қатъан душманони шахс, айбҳояшро возеҳтар баён мекунанд.

Албатта назари инон, ба ҳеҷ ваҷҳ (ҳуҷҷат) нест ва набояд милоки амал қарор гирад ва фақат дар ҷиҳати ҷамъоварии иттилоот ва (пешогоҳӣ), муфид аст ва агар айб ва нақсе аз ӯ баён карданд, то аз роҳҳои дигар, ки яқин оваранд собит нашавад, набояд мавриди таваҷҷуҳ ва амал қарор бигиранд.

6) Равиши шашум гуфтугӯи мустақим

Ин охирин қадам аст. Акнун, ки бо таҳқиқ ва пурсуҷӯ ҳамсари худро то андозаи зиёде шинохтаед ва ӯро наздик ба меъёрҳои мавриди назаратон ёфтаед, метавонед барои такмили таҳқиқи худ охирин гомро бардоред. Дар ин гом шумо худатон аз наздик ҳамсари ояндаатонро мебинед. Чӣ басо ӯро бибинед ва написандед.

Чаро, ки Паёмбари акрам(с) мефармоянд:

Рӯъят ва дидани ҳамсар умеди созиш ва тавофуқ ва давоми зиндагӣ миёни он дуро бештар мекунад.

Аммо ҳавостон бошад дар бардоштани ин қадам риояти бархе маворид зарурӣ мебошад. Ин ҷаласаи гуфтугӯ бояд дар фазои ором ва бидуни тарс ва воҳима ва фишори равонӣ аз тарафи дигарон бошад то шумо ду нафар ба роҳатӣ битавонед масоил ва назароти худро баррасӣ кунед. Бинобар ин риояти нукоте дар ин бора зарурӣ аст:

– Баргузории ин ҷаласа ҳатман бо иҷоза ва ризояти падари духтар бошад.

– Ин ҷаласаи гуфтугӯ бояд дар ниҳояти хунсардӣ ва бо омодагии қаблӣ бошад.

– Байни тасмими баргузории ин ҷаласа ва анҷоми он фосилаи замонии кофӣ дар назар гирифта шавад то ончиро мехоҳанд матраҳ кунанд, ёддошт намоянд.

– Агар ин ҷаласаи гуфтугӯ дар тайи чанд ҷаласа ва бо фосилаҳои замонии муносиб бошад беҳтар аст.

– Худои накарда ташкили ин ҷаласот ба қасди лаззат бурдан набошад.

– Осебе ба обрӯ ва ҳайсияти духтар ва хонаводааш назанад.

– Ҳарчи қадр вақт ниёз доранд, бояд дар ихтиёрашон гузошта шавад. Зеро дар миёни ин гуфтугӯҳо метавон аз суханони шахс ва сӯҳбат бо ӯ, ба миқдори зиёде ба асрори даруниаш пай бурд ва аз аҳвол ва сифоти ӯ огоҳ шуд.

Амири муъминон(а) дар ин бора мефармоянд:

[ما اَضمَرَ اَحَدٌ شَیئاً اِلّا ظَهَرَ فی فَلَتاتِ لِسانِهِ و صَفَحَاتِ وَجهِهِ]

Инсон ҳар чиро дар дил ва дарунаш пинҳон кунад, аз лағзишҳои забон ва ҳолатҳои чеҳрааш ошкор мешавад

Бо риояти ин усули асосӣ метавонед: ба ӯ нигоҳ кунед ба сурат, мӯҳо ва аъзои зинатӣ мисли (нохун, ангуштон, мучи даст, абруҳо, лаб ва чашмон).

Паёмбари акрам(с) мефармоянд:

[اُنظُر الیوَجهِ­ها وَ کَفَّیها به چهره و دستانش نگاه کن]

[Ба чеҳра ва дастонаш нигоҳ кун]

Имом Содиқ(а):

Агар қасди баде набошад мард фақат ба қасди издивоҷ, метавонад ба гесувон ва зебоиҳои духтар нигоҳ кунад.

Қисмат

Баҳси дигаре, ки мутаассифона ба сурати ифротӣ ва хурофӣ дар байни мардум ривоҷ дорад мавзӯи қисмат аст. Ин ақида ва сухане, ки дар мавзӯи издивоҷ ва интихоби ҳамсар, назди баъзе аз мардум ривоҷ дорад, ки масалан мегуянд: (фулон духтар «қисмати» фулон писар аст ва он духтар «қисмати» ин писар нест) ва ё: Агар (қисмат бошад худаш дуруст мешавад ва дигар лозим нест мо коре бикунем ва агар қисмат набошад, мо ҳар коре бикунем фоидае надорад) ва матолибе монанди инҳо, хурофот ва ботил аст ва ҳеҷ решаи динӣ ва ақлӣ надорад. Албатта масъалаи қазо ва қадари илоҳӣ ғайр аз инҳост.

Бояд таваҷҷуҳ дошт инки мегуянд: бояд дар кори хайр аҷала кард, мумкин аст дар асли издивоҷ саҳеҳ бошад; Яъне набояд издивоҷро ба таъхир андохт; Аммо дар бораи мароҳили қабл аз издивоҷ ва интихоби ҳамсар, ба ҳеҷ ваҷҳ саҳеҳ нест.

Ҳамаи мароҳили «интихоб» ва рафту омадҳо, диду боздидҳо, гуфтугӯҳо в ғ., бояд бо ҳавсала ва хунсардӣ ва фавосили замонии лозим байни ҳар марҳала, анҷом гирад; Чаро, ки ҳар навъ аҷала ва шитобзадагӣ дар инҷо, хатарнок аст.

Ва бинобар ин дар интихоби ҳамсар, пеш аз ҳар коре ниёз ба (оқибатандешӣ) ва баррасии ҳамаҷониба дорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.